Categories СИЁСАТ

Қасди худкушии мӯйсафед

Ҳодисаи ба худкушӣ даст задани инсон дар Тоҷикистон чизи нав нест, вале қасди дар рӯ ба рӯи Қасри президент анҷом додани ин ҳолатро бори аввал шоҳид мегардем, он ҳам аз ҷониби марди солхӯрда. Агарчи қаблан аз ҷониби дигаре аз шаҳрвандони ҷинси латифи кишвар дар пояи мавҷудияти мушкилоти пайваста борҳо ҳарфҳои худсӯзӣ садо додаанд, вале хушбахтона, ин гуна амал аз ҷониби онҳо анҷом нагирифтааст.
Мақомоти ВКД амали худсӯзии Шавкат Раҳмонови 73-соларо «даъвои хонаводагӣ бар сари манзил» гуфта, меафзояд, як ҷониби дигари даъво, ки духтараш мебошад, ин ҳодисаро ба “гирифтори бемории равонӣ»-и падараш вобаста медонад ва гӯё «қаблан низ кӯшиши худкушӣ кардааст». Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро чунин амали нохуш дар рӯзи рӯшан ва маҳз дар рӯ ба рӯи қасри президент сурат гирифтааст? Оё амали худсӯзии феълӣ ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилот ва маънии эътирозро надорад?
Ҳар таҳлилгари воқеъбин наметавонад мушкилоти рӯзафзуни иддае аз мардумро зимни ибрози назари хеш дар ин ва ё мавридҳои дигари мушкилоти пешомада сарфи назар намояд. Бале, амали худкӯшӣ заминаҳои равонӣ доранд, вале агар ба умқи масъала дурустар ворид бишавем, омилҳои зиёде ҳастанд, ки инсонро ба бемории равонӣ мебаранд.
Бубинед, агар омили аслии даст задан ба худкушии Шавкати 73-сола бемории равонӣ мебуд, ин корро дар хонаи худ анҷом медод, дар рӯ ба рӯи духтараш, ки барои хонаи падарро гирифтан даъво кардааст.
Ҳоло маълум нест, ки ин даъво барои чист ва чаро падар духтарашро дар хонаи худ дидан намехоҳад? Фикр мекунам, ин ҷо омили асли беадолатӣ ва поймолкунии ҳуқуқи инсон аст, ки пайваста дар ин ё он маврид рух медиҳанд ва инсон роҳи наҷот аз мушкилотро дар куштани худ мебинад. Пас, бояд доираҳои зидахл ба ин гуна ҳаводис бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянду аз адолат кор бигиранд, агар дар хидмати миллат қарор доранд.

More From Author

You May Also Like