НАТО кушта шудани ҷамъе аз кӯдакони афғонро дар амалиёти ҳавоии НАТО дар вилояти Кунари Афғонистон таъйид кард.
Ба гузориши хабаргузориҳо, дар ҳамлаи ҳавоии НАТО, ки 2 рӯз қабл дар минтақаи Шегли вилояти Кунар дар шарқи Афғонистон сурат гирифт, 11 кӯдаки афғон мазлумона ҷони худро аз даст доданд.
НАТО зимни таъйид шудани кӯдакони афғон ба дасти неруҳои хориҷӣ, эълом кард, ки таҳқиқот дар ин замина оғоз шудааст.
Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Афғонистон зимни маҳкум кардани куштори кӯдакони афғон тавассути ҳамлаи ҳавоии НАТО ин амалро ғайри қобили қабул донист.