Categories Ахбори рӯз

Қатли як муҳоҷир дар Маскав

Гурӯҳи мусаллаҳе ба ҷойи зисти муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав ҳамла карда, як нафарро қатл ва ду муҳоҷири дигарро захмӣ кардааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ин воқеа шоми шоми 7-уми май дар шаҳраки Ново-Николски ноҳияи Красногорски вилояти Москва рухдодааст.
Ҳамчунин дар изҳороти сафорат омадааст, шоми 7-уми май гурӯҳе аз шахсони номаълум ба ҳавлие ҳамла кардаанд, ки дар он ҷо 8 муҳоҷири кории тоҷик иқомат доштанд. Дар нитиҷа, Саттор Мақсудови 36-сола, сокини вилояти Хатлон дар бемористон аз дунё гузаштааст ва ду муҳоҷири захмии тоҷик ҳоло дар бемористони ноҳиявии Красногорсканд. Муҳоҷирони дигар аз ҷойи воқеа гурехта, ҷон ба саломат бурдаанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, сафорати Тоҷикистон дар Русия аз мақомоти зидахл талаб кардааст, то қазия таҳқиқ шавад.

More From Author

You May Also Like