Зайнаби Муҳаммаддухт
nahzat.tj
Давлатҳо аз ҷомеаҳо ва ҷомеаҳо аз оилаҳо ва оиалҳо аз фардҳо иборатанд.Оилаҳо оинаи ҷомеанд.Оё ҷомеаи, ки дар он талоқ ба авҷи аъло аст ва хонаводаҳое, ки зан қотили мард ва мард қотили зан аст, оинаи ҷомеа ва миллатанд?!
Се ҷавон бар асари моҷарои оилавӣ ба ҳалокат расидаанд. Бино ба иттилоъи Вазорати корҳои дохилӣ, Умедҷон Исматуллоеви 23- солаи сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Ҷомӣ, ҳамсари 20-солаи худ Фирӯза Исматуллоеваро куштааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ҳодисаи куштори ҳамсар ба дасти шавҳар дар пайи моҷарои оилавӣ бо роҳи бӯғӣ кардан дар бистари хоб сурат гирифтааст. Шавҳар аввал бо рӯймол ҳамсарашро буғӣ карда мекушад, баъдан бо ҳамон рӯймол дар ошхона худашро ба дор овехта, нобуд мекунад.
Аммо ин як фоҷиаи имрӯзи хонаводаҳои ҷавони тоҷик нест.
Парвина Сафоеваи 29-сола ҳангоми муноқишаи хонаводагӣ шавҳараш Холалӣ Ботурови 40-соларо бо корд ба пойи росташ зарба задааст. Дуввумӣ дар пайи ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ва хунравии зиёд дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Аз рӯйи ин ҳодиса бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Вақтҳои охир ҳодисаҳои куштор дар хонаводаҳои ҷавон аз тарафи мақомот зиёд шунида мешавад.
Вақте муҳоҷират тӯлонисту дари масҷид баста аст……
“Зуҳуроти номатлубе, ки аз лиҳози равонӣ хонаводаҳои моро ба амалҳои ҷиноӣ мекашонад, ин тӯлонӣ шудани мушкилоти иҷтимоӣ ва муҳоҷират аст.”- мегӯяд Бобоҷон Қаюмов, масъули бахши барномарезии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва равоншинос.
Ба гуфти равоншинос, “муҳоҷират ба иқтисоди мо сарвати калоне ворид мекунад, вале ба фарҳанги мо ва ба хонаводаҳои мо зарбаи сахт расонидааст. Ба ин маъно, ки имрӯз аксарияти мардон ба Русия мераванд ва дар онҷо кор мекунанд. Ҳама медонанд, ки бархе аз онҳо дар Русия бо занони рус робитаҳои номашрӯъ доранд ва бо ин роҳ ғаризаи ҷинсӣ ё шаҳвонии худро ирзо мекунанд. Аммо дар фикри занони худ нестанд. Аз тарафи дигар аксарияти занҳои онҳо ҳам инро медонанд, ки шавҳаронашон дар он ҷо бо занони рус робита доранд.”
Занҳо аз маркази омӯзиши ахлоқ яъне масҷид маҳруманд
Агарчи зеҳнияти мардсолорӣ дар ҷомеаи мо ҳоким бошад ҳам, дар ин ҳолат занҳо таҳти фишорҳои мухталиф мемонанд. Дар айни ҳол занон аз аслитарин маркази омӯзиши ахлоқ, яъне масҷид, ҳам маҳруманд. То чанд вақти қабл, ҳадди ақал аз тариқи CD-ҳо насиҳатҳои донишмандони диниро занон дастрас мекарданд, аммо ҳоло инро ҳам аз онҳо гирифтаанд.
Ҳоло моҳвораву интернет ҳам дар хонаҳо ворид шудааст. Филмҳои мухталиф дар моҳвора ва интернет аст, ки аксарияташон таҳриккунандаи ғаризаи ҷинсӣ ҳастанд. Дар айни ҳол насиҳат ва ё сухане дар бораи фазоили ахлоқ дигар вуҷуд надорад. Вақте дар мактаб ва ҷомеа ахлоқ нест, масҷид рафтани зан ҳам манъ аст ва телевизор ягон барномаи ахлоқӣ ва насиҳати барои занон ва куллан барои рушди маънавии ҷомеа надорад, табиист, ки чунин мушкилот афзоиш пайдо кунад.
Бекорӣ, нотавонӣ дар тарбияи фарзандон…. маҳдуд будани ҷаҳонбинӣ..
Аммо ҷавонон чӣ назар доранд? Мавзуна Абдуллоева, хабарнигори ҷавон, бар ин назар аст, ки ба истилоҳ мушкилиҳои фаровони иҷтимоӣ дар кишвар боиси содир шудани амалҳои номатлуб мешаванд.
“Вақте бекорӣ аст, мушкилот дар хонавода зиёд аст, табиист ки хонаводаҳои ҷавон дигар хушунатро нисбати ҳамдигар пеш мегиранд. Хонаводаҳои ҷавон, дар паи ҷанҷолҳои хонаводагӣ, хушунат, набуди шароити мусоид барои таъмини рӯзгор, бекориву ниёзмандӣ ва нотавонии таъмини фарзандон даст ба худкӯшӣ мезананд. Иддае аз онҳо роҳи ҳалро танҳо дар худкӯшӣ мебинанд.”- меафзояд хонум Абдуллоева.
Ба гуфти ҳамсӯҳбатам аз сабаби он, ки хонаводаҳои ҷавон таҷрибаи кам доранд ва ҷаҳонбиниашон маҳдуд аст, ҳатто фикр намекунанд, ки ин ҳама мушкилот гузарандааст ва онҳо ниёз ба маслиҳати равоншинос ва вақт доранд.
Аллоуддин Қосимов, таҳлилгари тоҷик, бар ин назар аст, ки мутаассифона дар зарфи ду соли ахир дар навоҳӣ ва рустоҳои кишвар ҷиноятҳои сангин аз қабили куштору таҷовуз афзоиш ёфтааст, ки сабаби он дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ ва мушкилоти иқтисодии онҳо аст.
“Имрӯзҳо хабарҳои монанди кушта шудани зан тавассути шавҳар ва ё шавҳар тавассути зан ва ё хушдоман тавассути арӯс садо медиҳад. Ҳарчанд, мақомоти марбутаи кишвар дар ин замина корҳое анҷом медиҳанд, аммо мутаассифона реша ва омилҳои аслии ингуна ҷиноятҳо дар ҷомиъаи суннатӣ ва мазҳабии мо омӯхта намешавад, ки ин худ ҷоӣ нигаронӣ аст.”- изҳор дошт А. Қосимов.
Набуди марказҳои равоншиносӣ ва машварати равонӣ
Дар ҳоле мақомот аз ҳодисаҳои куштор дар хонаводаҳои ҷавон хабар медиҳанд, ки қаблан мақомот аз шиддат гирифтани теъдоди талоқ дар хонаводаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ мекард. Мақомот ҳам омили зиёд шудани талоқро дар бармаҳал хонадор кардани ҷавонон ва коҳиш ёфтани тарбияи хонаводагӣ то ба синни ба шавҳар баромадани ҷавонҳо унвон кардаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба таъсиси марказҳои равоншиносӣ ниёз дорад.
Хонум Абдуллоева ҳам ин нуқтаро дастгирӣ карда, мегӯяд: “Яке аз сабабҳои дигари ҳодисаҳои куштор дар камбуди табибони равоншинос дар кишвар ва барои машварат ба равоншинос муроҷиат накардани ҷавонон аст.”
Вале равоншиносон мегӯянд, ки барои аз байн бурдани амалҳои нангин барномаҳои хосро роҳандозӣ бояд кард. Ба гуфти равоншинос, ҷаноби Қаюмов, ин мушкил бояд баррасӣ шавад ва як тими равоншиносону ҷомеашиносон рӯйи он кор оянд ва роҳҳалро ба ҳукумат пешниҳод кунанд ва ҳукумат ҳам агар шароитро бо назардошти арзишҳои динӣ ва эътиқоди мардум баррасӣ накунад, натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дошт.