Categories Uncategorized

Ислом ва фитрату ақли солим

Восибаи Асадӣ ривоят кардааст, ки ман рӯзе назди Расули акрам (с) омадам ва мақсадам ин буд, ки дар бораи маънои “некӣ” ва “гуноҳ” заррае намонда аз он Ҳазрат (с) бипурсам, дар ҳолате, ки ҷамъе аз саҳобагон атрофи Муборак (с) нишаста, фатво мепурсиданд. Ман аз пеши ҳамаи онҳо гузаштам ва атрофиёни Расули акрам (с) ба ман гуфтанд, эй Восиба, аз назди Паёмбар дур биист! Гуфтам, бигузоред, то ман ба Паёмбар (с) наздик шавам, зеро маҳбубтарин шахсе, ки мехоҳам ба вай наздик бошам, ин Расули Худо (с) ҳастанд. Паёмбар (с) гуфтанд, бигузоред, то Восиба ба ман наздик шавад ва ба ман гуфтанд, эй Восиба, наздик шав (ин ҷумларо ду ё се бор такрор карданд).

Пас ба он Ҳазрат (с) наздик гаштам ва дар пеши рӯйи муборак нишастам. Гуфтанд, эй Восиба, саволатро медиҳӣ ва ё ман худам бигӯям, ки барои чӣ омадаӣ?! Гуфтам, Шумо бигӯед, ки ман барои чӣ омадаам. Паёмбар (с) гуфтанд, ту барои он назди ман омадӣ, ки дар бораи “некӣ” ва “гуноҳ” аз ман савол бикунӣ! Гуфтам, оре! Он Ҳазрат (с) ангуштони муборакро ҷамъ карда, ба синаи ман заданд ва гуфтанд, эй Восиба, аз қалбат ва аз худат фатво бипурс! Ин ҷумларо се бор такрор карданд. Некӣ ҳар он гуфтор ё амале аст, ки нафс барои анҷомаш ором бошад ва ё ором бигирад ва гуноҳу бадӣ он амале мебошад, ки дар қалб шубҳаро ба вуҷуд меорад ва шахс ду дила мешавад (яъне қалб барои анҷомаш ором нест), агарчи мардум ба ту фатво бидиҳанд ва фатво диҳанд. (Ривояти имом Аҳмад дар Муснад)

Шарҳи мухтасар

Ҳадиси боло маънои онро дорад, ки таълимоти шариат ҳаргиз бо фитрати солим мухолифат намекунад ва ҳар ончи шаръ мегӯяд, бо фитрат ва табиати солим созгор аст. Масалан ҳаром будани нӯшидани шароб. Қуръон, Суннат, Иҷмоъ ва Қиёс ҳама ба ҳаром ва мамнӯъ будани истеъмоли он ва умуман ҳар нӯшоба ва ё маводи мадҳушкунанда иттифоқ дорад, зеро ба чанд неъматҳои муқаддаси инсон-дин, номус, мол, ҷон, ақл-зиён мерасонад.

Табиати солим ҳам ин ҳукмро қабул мекунад, ки набояд инсон чизеро истеъмол бикунад, ки ба вай зиёновар аст. Агар шахсе баъд аз шунидани ҳукми шароб ба худ фикр карда, бигӯяд, табиати ман мекашад, бино ба ин менӯшам, яқин бидонад, ки табиаташ солим нест, балки аз роҳи асосии худ берун шудааст ва ба муолиҷа ниёз дорад.

Шумо метавонед, томоми манъкардаҳои Қуръон ва Суннатро бо қоидаи боло дар тарозу бисанҷед.

Тарве донишмандон мегӯянд, яке аз хусусиятҳои асосии Ислом аз он иборат аст, ки бо табиати солим ва ақли солим мувофиқ мебошад. Агар ақли касе ё табиати вай бо фармудаҳо ва ё манъкардаҳои шаръ мухолифат кард, пас он ақлу табиат солим нест ва бояд муолиҷа карда шавад.

More From Author

You May Also Like