Қаҳрамони «Бозиҳои олимпӣ» Шукрона: «Ҳиҷоб зиннати ман аст»

Бо таваҷҷӯҳ бар ин ки иддае аз инсонҳо афкор ва андешаи ғалат ва муғризонаро дар зеҳни худ ҷой дода, мехоҳанд ба мардум нишон диҳанд, ки сатр ва ё ҳиҷоб омили пастравӣ ва нишонаи афродест, ки дур аз маданият ва фарҳанги ҷаҳони имрӯз мебошад. Дар ин росто бо як тан хоҳари тоҷик, ки дар риштаи варзиш оид ба усули «Таэквандо» дар дохил ва хориҷи кишвар борҳо сазовори мақомҳои беҳтарин гардида ва ҳоло шогирдони зиёдеро тарбият менамояд, мусоҳибаеро анҷом додем, ки фишурдаи онро тақдими хонандаи азиз мегардонем.

Шукрона Шарифова дар шахри бостонии Кӯлоб ба дунё омадааст. Номбурда мактаби миёнаи № 94 ш. Душанбе ро хатм намуда, ҳоло муҳассили коллеҷи тарбияи чисмонии шахри Душанбе мебошад. Миёни шогирдон ва мухлисон аз маҳбубияти хоссе бархурдор аст.

Мусоҳибаи мухбири мо Муҳиддин Асозода бо Ш. Шарифова тақдими шумо мегардад.

-Аз кай ин ҷониб ба соҳаи варзиш рӯ овардед?

– Аз солхои 2006- ум то кунун бо усули «таэквандо» дар соҳаи варзиш машғулият дорам.

****

Устоди нахустини Шумо дар ин ҷода кист?

– Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳи дан ё дараҷаи 4. Ҷамшед Абдуҷабборов устоди нахустини ман мебошад.

****

Дар чанд мусобиқаҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар ширкат варзида, бо чӣ гуна дастовардҳо ноил гардидаед?

– Дар чандин мусобиқаҳои дохил ва хориҷи кишвар ширкат намуда, чор карат қаҳрамони мамлакат, панҷ карат қаҳрамони шаҳри Душанбе, як карат қаҳрамони Осиёи миёна ва ҷоизадори мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Маскав мебошам. Ва натиҷаи болотарин ҷои сеюм дар Бозиҳои олимпӣ барои ҷавонон, ки дар соли 2010 дар шаҳри Сингапур баргузор шуда буд, насибам гардидааст.

****

– Таври маълум, Шумо дар мусобиқаҳо бо ҳиҷоб ширкат мекунед, чӣ ангеза шуморо водор кард, то ки рӯ ба ҳиҷоб оред?

– Ман як духтари мусалмонам ва ҳичоб зиннати бебаҳои ман аст. Ангезаи худотарсӣ маро водор намуд, то сатр намуда фармони Худоро ба ҷо оварам.

****

– Оё дар ҷараёни баргузории мусобиқаҳо дар дохил ва ё хориҷи кишвар барои ҳиҷоб пушиданатон бо кадом мушкилоте рӯ ба рӯ гардидаед?

– На, ҳаргиз касе то кунун барои хиҷоб ба ман мушкиле эҷод накардааст. Ва ман Худоро шукр мекунам, ки дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорам, ки Ислом озод аст ва ҳар фарди ҷомеа ихтиёри пайравӣ аз ин ва ё он дину оинро дорад.

****

Хонаводаи Шумо чӣ гуна муносибат ва вокуниш нисбат ба Шумо доранд?

– Худавандро шукр мегуям, ки оилаи ман як оилаи мусалмон ва падару модари бениҳоят меҳрубон дорам, ки дар ҳар ҳолат манро дастгирӣ менамоянд.

****

– Дар ҳоли ҳозир ба чӣ фаъолиятҳо шуғл меварзед?

– Ба ҳайси мураббӣ, кӯдакону наврасонро тарбия намуда, барои боло бардоштани парчами кишвари азизам хидмат менамоям. Айни замон шогирдони зиёде дорам, ки рӯз то рӯз сафи эшон зиёд шуда, қавитар мегарданд. Ҳар фарди шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст, то барои шукуфоии кишвари худ саҳмгузор бошад ва ман бо касбу ҳунари худ мехоҳам ба кишвари азизам хидмат намоям.

****

– Дар тарбияти шогирдон бештар ба чӣ аҳамият медиҳед?

– Аввал ахлоқи ҳамида, пок сохтани забон аз дурӯғу ҳақорат, ки ин падидаи номатлуб доғи чомеа шудааст. Баъдан пайдо намудани ҳиссиёти ватандӯстиву меҳанпарастӣ миёни шогирдон.

****

-Аз шабакаҳои интернетӣ истифода мекунед?

– Бале, аммо бештар маълумот ва бозпурсиро аз устоди азизи худ ҷӯё мешавам.

****

– Китоби дӯстдоштаи Шумо кадом аст?

– Қуръони карим аст, ки бо тиловати оёташ итмиънони қалбӣ ҳосил мекунам.

****

Нашид ё таронаҳои Сами Юусуфро гӯш мекунед?

– Баъзан, аммо бештар тиловати Қуръонро гӯш менамоям.

****

– Идеали Шумо аз занҳо кист?

– Ҳазрати Ойша, ҳамсари Паёмбари Худо (разияллоҳу ъанҳо)

****

– Чӣ нақшаҳо дар оянда доред?

Ба мисли ҳар шаҳрванди бономуси кишвари азизам ҳадафи аслиам хидмат ба ватан ва дини Худо мебошад.

****

Орзуҳои Шумо?

– Хушбахтии дунёву охират.

Ташаккур барои сӯҳбат ва Худо нигаҳбон.

More From Author

You May Also Like