Қиссаи Мӯсо (а) ва Қорун дар «Таърихи Табарӣ»

Бояд тазаккур дод, ки қиссаи мазкур хеле шавқовару ибратомӯз буда, хонандаро ба фикр кардану андеша рондан савқ медиҳад. Махсусан онҳоеро, ки соҳиби боигариву сармояи зиёде мебошанд, вале закоти молашонро намепардозанд, ҳатман ба андеша намудан водор месозад. Чунки дар он оқибати фоҷиабори ашхосе, ки закоти молашонро адо намекунанд, ба таври возеҳу равшан баён ёфтааст.
Ҳамзамон мутолиаи қиссаи мазкур қазия ва саргузашти соҳибкори шинохтаи зиндонӣ Зайд Саидовро ба хотир меорад. Танҳо фарқи қиссаи мавриди назар аз моҷарои Зайд Саидов дар он аст, ки фоҳишае, ки Қорун барои беобрӯ кардани ҳазрати Мӯсо(а) тайёр карда буд, бо ҳидояти Худованд(ҷ.ҷ.) аз қавлаш мегардад, вале «ҷабрдида»-и қазияи Зайдуллоҳ ҳанӯз ҳам домани ӯро сар намедиҳад.
Ва инак, қиссаро пешкаши хонандагони гиромӣ менамоем:
«Инна Қоруна кона мин қавми Мӯсо, фа бағо алайҳӣ». Худои азза ва ҷалла гуфт: «Қорун аз қавми Мӯсо буд»(сураи «Қасас»,76). Ва ҳамаи уламо муттафиқанд, ки Қорун мутобеи Мӯсо(а) буд, пас бар ӯ берун омад ва ӯро мухолиф шуд, яъне динро даст боздошту муртад шуд. Ва ҳам ибни амми Мӯсо буд. Мӯсо ибни Ирон ибни Масир ибни Тоҳас ибни Яъқуб алайҳиму-с-салом ва Қорун ибни Тоҳас ибни Яъқуб алайҳиму-с-салота ва салом буд. Ва уламо гурӯҳе ихтилоф карданд, гуфтанд, ки Қорун аз паси Мӯсо буд ва аз паси Юшаъ муртад гашт. Чун Колиб ибни Юҳанноро банӣ Исроил аз Шом ба Миср бозоварданд аз паси Юшаъ, он гоҳ Қорунро хоста (боигарӣ) гирд омад ва муртад гашт. Ва ин ривоят ба Қуръони маҷид наздиктар, ки Худои азза ва ҷалла ҳамегӯяд, ки ӯро қавм панд дод, гуфт: «Из қола лаҳу қавмуҳу: Ло тафраҳ инна-л-Лоҳа ло юҳиббу-л-фариҳин». Яъне «Он гоҳ ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Сармаст мабош, зеро Худо сармастонро дӯст надорад» (сураи «Қасас», 76). Ва охири оят ҳама ҳадиси қавм кард, ки ӯро панд доданд. Ва агар Мӯсо будӣ ё Юшаъ, ё пайғамбаре дигар, эшон ӯро панд додандӣ, на қавм. Лекин далел чунин аст, ки чун Юшаъ мурда буд ва пайғамбарони банӣ Исроил мурда буданд, ки халқро панд додандӣ, чун панди эшон напазируфт, Худои азза ва ҷалла ӯро ба замин фурӯ бурд. Ва ба дигар ривоят гӯянд, ки Қорун ба вақти Мӯсо буд, он гоҳ ки Мӯсо аз муноҷот бозомада буд ва қавмаш гӯсола парастида ва Мӯсо гӯсоларо андар миёни замин кард ва банӣ Исроилро ба Миср бозовард. Ва Қорунро хоста гирд омад ва муртад гашт, аз баҳри он ки закот натавонист додан. Ва закот ба дини Мӯсо андар воҷиб буд, Мӯсо ӯро панд дод: «Ло тафраҳ, инна-л-Лоҳа ло юҳиббу-л-фариҳин». Гуфто: «Бад-ин дунё андар шодӣ макун, ки Худои таоло дӯст надорад он касеро, ки ба дунё шодӣ кунад». «Ва-бтағи фи мо отока-л-Лоҳу-д-дора-л-охирата»-« Бад-ин дунё, ки Худои азза ва ҷалла туро дод, он ҷаҳонро биҷӯй», яъне закот бидеҳ. «Ва ло танса насибака мина-д-дунё ва аҳсин камо аҳсана-л-Лоҳу илайка». Гуфт: «Баҳраи хеш аз дунё фаромӯш макун ва бо халқи Худой некӯӣ кун, чунон ки Худои таоло ба ту некӯӣ кард», яъне «Садақа деҳ мар дарвешро, чунон ки аз беруни закот бошад». «Ва ло табғи-л-фасода фӣ-л-арзи». «Ва бад-ин хоста андар замин фасод макун». «Инна-л-Лоҳи ло юҳиббу-л-муфсидин»- «Ҳароина Худо фасодкунандагонро дӯст намедорад» (сураи «Қасас»,77).
Қорун ҷавоб дод: «Иннамо утийтуҳу ало илмин инди». Гуфто: Маро хоста аз он рӯй гирд омадааст, ки шумо ҳамедонед, аз он рӯй гирд кардам, ки ман донам ва шумо надонед, на касб кардам ва на бозургонӣ ва на чунон гирд омада, ки они шумо ва бар ман закот воҷиб нест» Худои таоло ин ҳуҷҷат бар вай рад кард, гуфт «А ва лам яълам инна-л-Лоҳа қад аҳлака мин қаблиҳи мина-л-қурун ман ҳува тиадду минҳу қувватан ва аксару ҷамъан» – «Надонист, ки Қорун, ки пеш аз вай андар ҷаҳон халқи бисёр буд аз вай банерӯтар ва бохостатар. Чун эшон фармони Худой набурданд ва ҳаққи Худой аз хоста берун накарданд, Худой эшонро ҳалок кард». «Ва ло юсъалу ан зунубиҳиму-л-муҷримун». Гуфто: «Ба ҳар замоне андар гунаҳгорони замонаро ба гуноҳи худ азоб кунанд ва ба гуноҳи пешиниён азоб накунанд ва аз гуноҳ напурсанд» (сураи «Қасас»,78). Ва андар ин китоб нагуфтаст, ки хостаи ӯ аз чӣ гирд омад ва ин қиссаро худ тамом нагуфтааст андар ин китоб, валекин андар кутуби тафсир пайдост, ки моли Қорун аз чӣ рӯй гирд омад. Пас тафсири ин оят, ки гуфт: «Иннамо утийтиҳу ало илмин инди», чунин аст, ки Қорун ба асл андар заргар буд ва Мӯсо ӯро бузург доштӣ, ки писари аммаш (бародари падар) буд. Ва андар ҳама банӣ Исроил некӯрӯйтар аз ӯ набуд. Бад-он вақт, ки Мӯсо аз муноҷот бозомад ва қавмаш гӯсола парастида буданд, Қорун бо Ҳорун ба як ҷо буд ва Сомирӣ гӯсола аз он зар карда буд, ки аз Фиръавн ва қавмаш ҷудо карда буданд ба дарё андар. Чун Мӯсо бозомад ва хост, ки он гӯсоларо бисӯзад ва хокаш ба бод бардиҳад, то эшон бидонанд, ки агар ин Худо будӣ, оташ аз хештан боздоштӣ. Пас Мӯсо Қорунро гуфт: «Инро бисӯз. Ва зар ҳаргиз насӯзад, валекин андар оташ бигудозад, ҳарчанд оташ бояд софитар шавад ва ғаш аз ӯ бишавад ва аз аслаш ҳеҷ кам нашавад. Қорун Мӯсоро гуфт: «Инро чӣ гуна сӯзам, ки оташ зар бинасӯзад. Мӯсо дуо кард, Худои азза ва ҷалла Мӯсоро он кимиё, ки зар аз ӯ кунанд, бинамуд ва он кимиё гиёст ва ҳоли ӯ чунон аст, ки чун ӯро хушк кунанд ва бо доруҳои дигар биёмезанд ва бар сим афкананд, зар шавад ва аз он гиёҳ бар лаби он дарё бисёр буд, валекин кас онро нашинохт ва пеш аз он кас кимиё надида ва нашинохта буд. Пас Мӯсо дуо кард, то ӯро ҳилат омӯзад, то он зар бисӯзад. Худой ба Мӯсо ваҳй кард ва он гиёҳ ӯро бинамуд ва биёмӯхт, ки чун бо доруҳои дигар биёмезӣ ва андар оташ кунӣ бо нуқра зар гардад ва чун танҳо ба зар барафканӣ зарро бисӯзад. Ва баъзе мардумон чунин гӯянд, ки кимиё аз осмон ба ваҳй бар Мӯсо омад ва аз ин хабар ҳамегӯянд, валекин ин илм имрӯз бар рӯи замин нест ва халқ дар талаби ӯ бисёр рӯзгор баранд ва ҳеҷ чиз натавонанд кардан. Валекин бидон, ки кимиёро асле аст ва кас надонад, магар Худои азза ва ҷалла. Ва аз Абӯюсуф ал-Қозӣ ривоят кунанд, шогирди Абӯҳанифа, ки ҳар кӣ хоста нафақа кунад ба талаби кимиё кардан муфлис гардад ва ҳар кӣ дин ба доварӣ ва иллат дуруст хоҳад кард, зиндиқ шавад ва ҳар кӣ ҳадисҳои ғариб талаб кунад, дурӯғзан гардад. Пас Мӯсо Қорунро он кимиё биёмӯхт. Қорун Мӯсоро гуфт: «Ин доруҳо низ маро биёмӯз, то бинигарам, ки зар гардад, пас донам, ки он зар ба оташ бисӯзад». Мӯсо он доруҳо ӯро биёмӯхт. Пас он гоҳ он гӯсолаи заррин бар оташ ниҳод ва он гиёҳ хушк карда ва суда бар ӯ бароганд. Оташ гӯсоларо бисӯхт. Пас Мӯсо чун банӣ Исроилро ба Миср бозовард, Қорун аз он гиёҳ бисёр бо хештан биёвард ва хештанро аз он зар кард ва асари хоста бар ӯ падид омад. Ва Мӯсо ҳамедонист, ки он аз куҷост ва банӣ Исроил надонистанд. Ва худро чаҳор ғулом рост кард ва кор бад-он ҷо расид, ки дарҳои боғу хона аз зар кард ва чун барнишастӣ, чаҳор ҳазор ғулом бо ӯ барнишастандӣ. Ва ҳар чиз аз матои дунё, аз ҳама гунаҳо, авонӣ, ҳарчи боист, ӯро тамом шуд аз зар, чунон ки ба Миср андар кас аз ӯ тавонгартар набуд. Ва ҳар чизе аз дунё, ки орзу омадаш, бикард ва хонаҳо фармуд аз гаҷ ва оҷури (хишт) пухта ва онро дарҳо кард оҳанин ва калидҳо аз оҳан ва он хонаҳо пури зар кард. Ва чун барнишастӣ, он калидҳои оҳанин марде ба гардан ниҳодӣ ва пеши ӯ ҳамебурдӣ, то халқ бидонистӣ, ки он ҳама калидҳои ганҷ аст. Пас як мард барнатавонист гирифтан, бифармуд, то он калидҳо ҳама аз пӯсти гов карданд – хом, то сабуктар бувад ва ҳар калиде, чандон ки ангушт. Ва ҳар рӯзе ганҷи хонаҳош афзун мешуд, то чунон шуд, ки Худои азза ва ҷалла гуфт: «Ва отайноҳу мина-л-кунузи мо инна мафотиҳаҳу ла тануу би-л-усбати увлӣ-л-қуввати» – «Худои азза ва ҷалла хонаҳош дод, чандон ки калидҳои ганҷаш усбате аз мардумон бар натавонистӣ гирифтан (сураи «Қасас»,76), то чунон шуд, ки шаст уштур бигузидӣ, ҳамаро рӯй сапед. Чун барнишастӣ, он калидҳо бар он уштурон бор кардандӣ. Пас рӯй аз Мӯсо бигардонид ва бағӣ кард, чунон ки Худои азза ва ҷалла гуфт Мӯсоро, ки аз Қорун закот хоста биситон. Мӯсо сӯи Қорун шуд ва закот хост. Қорун иҷобат накард ва Мӯсоро гуфт: «Иннамо утийтуҳу ало илмин индӣ». Андар ин китоб таъвил эдун кардаст, ки хостаи эшон пеш аз они ту буд, то бидонӣ, ки ин хоста на аз баҳри он гирд омад, ки ту фозилтар будӣ ва Худои таъоло ҳеҷ худованди хостаро ҳалок накардӣ, агар хоста ба фазл додӣ. Пас Мӯсо сулҳ кард, ки аз ҳазор динор диноре ба дарвешон диҳад ва ӯ бипазируфт. Чун шумори хоста ҳама баргирифт, бисёр гирд омад, натавонист додан. Ва ҳар рӯз хостаи ӯ офзунтар мешуд. Ва барнишастӣ, чунон ки Худои таъоло гуфт: «Фа хараҷа ало қавмиҳи фӣ зинатиҳӣ» (сураи «Қасас», 79). «Пас бар қавми худ дар оромиши хеш берун омад». Ва «зинат он буд, ки чун барнишастӣ бар асбе ашқар нишастӣ ва ба ӯ зину сохти заррин ва ҷомаҳои муасфарӣ. Чун ӯ ҳамеомадӣ, халқ пиндоштандӣ, ки офтоб бар замин омадааст. «Қола-л-лазина юридуна-л-ҳаёта-д-дунё. – Ва ҳар куҷо халқ будӣ, ки дилҳошон ин ҷаҳон хостӣ, орзу кардандӣ ва гуфтандӣ: «Кошки моро ҳамчунин будӣ, ки Қорунро ҳастӣ, ки ӯро аз ин ҷаҳон баҳрае бузург аст». «Қола-л-лазина уту-л-илма вайлакум, савобу-л-Лоҳи харун» («Қасас»,77) – «Онон, ки илм дода шудаанд, гуфтанд: «Вой бар шумо, савоби Худо беҳтар аст». Ин уламо мар омро панд доданд, гуфтанд: «Савоби Худой бад-он ҷаҳон беҳтар аз он ки бад-ин ҷаҳон кофиронро диҳад аз зару сим». Пас даҳ сол бад-ин ҳол андар буд ва Мӯсо (а) бар дари ӯ шудӣ ва ӯро ба Худои азза ва ҷалла хондӣ ва аз вай закот хостӣ. Мӯсоро иҷобат накардӣ ва закот берун накардӣ, то Мӯсо аз ӯ ба сутӯҳ шуд. Ва банӣ Исроил бар Мӯсо табоҳ шуданд ва бештар бар Қорун гирд омаданд ва аз ин дин ҳаме даст боздоштанд. Ва чун кор ба охир омад ва фасод бисёр шуд, Қорун тадбири он кард, ки Мӯсоро ба чашми банӣ Исроил зишт кунад ва хор, то эшон аз дини ӯ даст боздоранд. Ва ба банӣ Исроил зане буд балоя ва хештан аз кас бознагирифтӣ ва андар банӣ Исроил маъруф буд ба балокорӣ. Пас Қорун ӯро биёвард ва хоста дод бисёр ва гуфт: «Ман банӣ Исроилро гирд кунам ва Мӯсоро биёварам. Ту бар сари эшон чунин гӯй, ки Мӯсо маро зишткорӣ кард, яъне зино». Ин зан Қорунро иҷобат кард. Ва Қорун ӯро бо канизакони худ медошт . Пас меҳмонии бузург бикард. Ва ҳама ашрофу мулуки банӣ Исроилро бихонд. Чун таом мехӯрданд, эшонро гуфт: «Шумо донед, ки ман ҳамчун шумо мутобеи Мӯсо будам то ӯ ба роҳи рост буд. Акнун аз рост даст боздошт. Ва шумо фалон зани балояро шиносед». Гуфт: «Ӯ сӯи ман омадааст ва ҳамегӯяд, ки Мӯсо маро ба хона андар кашид ва бо ман зино кард. Ва акнун ба рӯи вай андар бигӯяд». Пас ба Мӯсо кас фиристод ва гуфт: «Меҳтарони банӣ Исроил гирд омаданд ва туро ҳамехонанд». Мӯсо андешид, ки магар ният кард, ки боз ба роҳ ояд. Мӯсо бархосту биёмад. Чун бинишаст. Қорун гуфт: «Ё Мӯсо, ҳукми Худои таъоло чист бар касе, ки зино кунад ва фармудаст ба Таврот андар?» Мӯсо гуфт: «Агар зан надорад ва на муҳсин аст ҳаддаш бизананд ва агар зан дорад, раҷмаш кунанд» Гуфт: «Эй Мӯсо ва ҳар кӣ бошад, агар ҳама ту бошӣ?» Гуфт: «Оре, агар ҳама ман бошам». Гуфт: «Эй Мӯсо, пас куштан бар ту воҷиб шуд, ки фалон зан, ки маъруф аст андар банӣ Исроил ба балоягӣ наздики ман омад ва гуфт: «Ту ӯро баргирифтӣ ба ситам ва бо ӯ зино кардӣ. Ва агар хоҳӣ, биёрамаш, то пеши ту бигӯяд». Пас Мӯсо гуфт: «Биёр». Он занро аз хона берун оварданд. Пеши он хона халқ бар пой хост. Қорун гуфт: «Эй зан, ҳарчи миёни ту ва они Мӯсо будааст, ҳама пеши ин халқ рост бигӯй ва аз кас матарс». Зан хост, ки гӯяд: бо ман зино кард. Худои азза ва ҷалла бо қудрату ҷалоли хеш забонаш бигардонид, то гуфт: «Эй банӣ Исроил, огоҳ бошед, ки Қорун маро хоста бисёр доду гуфт: пеши ману пеши мардумон бигӯй, ки Мӯсо бо ман зино кард. Ва маоза-л-Лоҳ, ки пайғамбару калими Худои азза ва ҷалла зино кунад. Мӯсоро аз дард об аз чашм бидавид ва бархосту аз миёни эшон бишуд. Қорун хиҷил гашт аз банӣ Исроил. Ва андар тафсир маънии ин оят, ки Худо гуфт: «Ё аюҳа-л-лазина оману ло такуну ка-л-лазина азав Мӯсо фа баррааҳу-л-лоҳу миммо қолу» – «Эй мӯъминон, монанди онон мебошед, ки Мӯсоро ранҷониданд, пас Худо ӯро аз он чи гуфта буданд, пок сохт» (сураи «Аҳзоб»,69), ин аст, ки гуфтам ва Худой ӯро аз ин барӣ кард. Ва гурӯҳе гуфтанд: «Чун Ҳорун бимурд, Мӯсоро гуфтанд: «Ҳорунро ту куштӣ». Ин оят он гоҳ омад. Пас Мӯсо аз бари эшон бирафт, сабр натавонист кард, Худои азза ва ҷалларо саҷда кард ва бисёр бигирист ва зорӣ кард. Худои таоло гуфт: «Заминро фармонбардори ту кардам, эй Мӯсо, ҳарчи хоҳӣ, бифармояш». Мӯсо шод шуд ва боз бари эшон омад ба шитоб ва гуфт: «Эй банӣ Исроил, дур шавед аз ин муртад, ки Худои азза ва ҷалла заминро фармуд, ки ӯро фурӯ барад». Банӣ Исроил донистанд, ки Мӯсо рост ҳамегӯяд, бигурехтанд ва аз Қорун дур шуданд. Ва Қорун аз кибр сӯи Мӯсо нанигарист ва бархост. Мӯсо гуфт: «Ё арзу, хузиҳӣ» – «Эй замин, бигираш». Замин зери Қорун андар як ҷунбидан биҷунбид. Қорун битарсиду бархост. Замин пои ӯ бигрифт то шитоланг. Қорун бихандид ва Мӯсоро гуфт: «Ин чӣ ҷодуист, ки овардӣ?» Мӯсо гуфт: «Ё арзу, хузиҳӣ». Замин то зонуш бигирифт. Қорун гуфт: «Ё Мӯсо, заминро бигӯй то маро даст дорад ва ман андар кори ту бинигарам». Мӯсо гуфт: «Ё арзу, хузиҳӣ». Замин то гарданаш бигирифт. Қорун гуфт: «Ё Мӯсо, зинҳор, ба ҳаққи қаробату раҳам, ки миёни мост». Мӯсо гуфт: «Ё арзу, хузиҳӣ». Замин Қорунро фурӯ бурду нопадид кард. Мӯсо бозгашт ва ба Худои таъоло муноҷот кард ва шукр кард. Худои азза ва ҷалла гуфт: «Он бандаи Ман Қорун туро чандоне бихонд ва аз ту фарёд хост. Ва ту ӯро фарёд нарасидӣ». Гуфто: «Ё Раб, чунин доштам, ки Туро хонад». Гуфт: «Ё Мӯсо, агар ӯ Маро хондӣ, Ман туро бар ӯ мусаллат накардаме, валекин бад-ин ки кардӣ, ҳаргиз заминро фармонбардори кас накунам пас аз ту». Ва Худои азза ва ҷалла доно бад-он ки Мӯсо кард ва илми Ӯ муҳит аст бад-он чизҳо ки буду бошад, абаду-л-обидин ва олимтар аз ҳама олимону оламиён аст. Ва ҳикмат андар ин ки Худои азза ва ҷалла заминро фармонбардори ӯ кард, аз хештан имтиноъ намуд аз фармонбардор кардан. Замин мар ҳеҷ касро нест, то Мӯсо (а) бо каромати нубувват ва ҷалолати манзалат шарбати латома бихӯрд. Ва Эзиди таъоло огоҳ буд аз сафваи нияти Мӯсо. Ва донист, ки он чи кард, аз баҳри мавло кард. Ва ҳар кӣ чунин донад, ки Худои таоло олим набуд бо он чи Мӯсо кард ва мавҷуд наёмад ба собиқи илми Ӯ, кофир аст ба назди ҳама уламо. Ва олим аст – лам язал қадиман (ҳанӯз қадим аст). Ва чунин бояд донистан Худойро азза ва ҷалла. Ва андар ин сухан бисёр аст ва агар бигӯем, дароз шавад. Ва ба хабаре андар чунин аст, ки замин Қорунро фурӯ бурд бо ҳафтод тан аз мутобеони ӯ, ки бо ӯ муртад шуда буданд ва аз дин даст боздошта ва то растохез ҳаме фурӯ барад ҳар якеро. Пас рӯзи растохез ба дӯзах супорад. Ва гурӯҳе аз банӣ Исроил гуфтанд, ки Мӯсо Қорунро аз баҳри он ба замин фурӯ бурд, то хостаҳо ва ганҷҳои ӯ ҳама бардорад. Пас Мӯсо чун ин хабар бишунид, рӯзе седигар дуо кард. Ва Худои азза ва ҷалла заминро бифармуд, то он ҳама хостаҳо ва ганҷҳо фурӯ барад, чунон ки Худой гуфт: «Фа хасафно биҳи ва би дориҳи-л-арза». Гуфт: «Бо он хостаҳо ӯро ба замин фурӯ бурдем ва «би дориҳи-л-арза», яъне «би молиҳи». «Фа мо кона лаҳу мин фиатин янсурунаҳу» – «Ва кас набуд аз он ҳама сипоҳу ҳашру мутобеони ӯ, ки ӯро аз Худой фарёд расидӣ. Ва на хештан фарёд тавонист расидан». «Ва асбаҳа-л-лазина таманнав маконаҳу би-л-амси». – Мардумоне, ки дӣ таманно карданд, кошки мо ба ҷои Қорун будеме ба бузургворӣ ва тавонгарӣ, имрӯз ҳамегӯянд: «Вайкаанна-л-Лоҳа ябсуту-р-ризқа ли ман яшоу мин ибодиҳи ва яқдиру лав ло ан манна-л-Лоҳу алайно ла хасифа бино» – Худои азза ва ҷалла ҳар киро хоҳад, рӯзӣ бар ӯ фарох кунад ва ҳар киро хоҳад тақдир кунад. Агар Худои азза ва ҷалла бар мо миннат накардӣ ва моро аз Қорун нигоҳ надоштӣ ва мо ӯро мутобеъ шудӣ, имрӯз моро низ ба замин фурӯ бурдӣ». «Вайкааннаҳу ло юфлиҳу-л-кофирун». – «Валокин кори кофирон ҳаргиз порсо набошад». Маънии «вайкааннаҳу» – валокиннаҳу, яъне «вайкааннаҳу-л-Лоҳа» – валокиннаҳу-л-Лоҳа. Пас Худой гуфт: «Тилка-д-дору-л-охирату наҷъалуҳо ли-л-лазина ло юридуна улуван фӣ-л-арзи ва ло фасодан». Гуфто: «Сарои он ҷаҳон он касро диҳам, ки ӯ андар ин ҷаҳон бузургӣ накунад. Ва агар Худой ӯро бузургӣ диҳад, фасод накунад». «Ва-л-оқибату ли-л-муттақин», – «Ва биҳишт мар парҳезкоронрост».
Аз китоби «Таърихи Табарӣ»-и Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ, Теҳрон, соли 2001, ҷилди 1.

Таҳияи С.Шарифов

More From Author

You May Also Like