Идома аз мақолаи “Маърифати таърих”
Устод Ғаззолӣ дар ин бахш аз таҳқиқоташ мефармояд: ” қисаҳои Қуръон густурдатарин бахши ин китоби арҷумандро ташкил медиҳад. Зеро ин қисаҳо дар ҳақиқат гузаштаи башар аст. Агар бафарзи мисол ман ҳофизаамро аз даст бидиҳам, нимдевона хоҳам буд ва дар ниҳоят корам ба девонагии комил хоҳад расид. Ислом фарзро бар ин гузорида аст, ки таърихи гузашта ақли башар аст. Қуръони карим аз тамаддунҳои гузашта сухан гуфта ва ҷомеаҳои нахустинро ёдовар шуда, авомили шукуфоӣ ва фурӯпошии онҳоро баён доштааст. Чунончи мефармояд: ” Эй соҳибони басират панд бигиред” ( сураи Ҳашр, ояти 2 ). Ногузир бояд ба гузашта нигоҳ кунем, новобаста аз ин ки ин гузашта танҳо бо ман пайванд дошта бошад, ҳамчун таърихи хос ба тамоми башар марбут бошад, ё таърихи ом. Афзун бар ин, Қуръони карим ба саёҳат дар замин фармон додааст, барои он ки дар пай ақлониятест амалӣ ва пуё аз замоне ки дар он басар мебарад, дар ҳади гунҷоиши уфуқҳояш баҳра бардорӣ кунад. Аз ин рӯ ба сайру саёҳат бештар мардумро фаро хондааст. “Оё дар замин сайр накарданд то қалбҳое дошта бошанд, ки бо он бифаҳманд ё гушҳое, ки бо онҳо бишнаванд?”. ( сураи Ғофир, ояти 21 ). Ин ақлоният аз сайру саёҳат дар замин шакл мегирад. “Оё дар замин сайр накрданд то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чигуна буд? Қудрат ва осори онҳо дар замин бештар аз инон буддааст.” ( сураи Ҳаҷ, ояти 46). Дар баробари ҷаҳон ногузир бояд мавзеъи кушода ва мусбат гирифт. Дар гузашта ба кӯмаки Қуръон ва таърихе, ки аз канали методҳои пажуиҳишии таърихӣ ба исбот расидааст, ки мавзеъи гушуда ва боздоштаем.
Дар замони ҳол низ тибқи дастур ва таклифи Қуръон бояд мавзеъи боз ва мусбат дошта бошем. Кӯтоҳии мо дар эҷоди ин фазои боз лаккаи нанг аст.” Он чи бо ин назар мешавад афзуд ин аст, ки шояд таърихи башарият бо он чи ба истилоҳ то имрӯз аз озодии баён ва ё қалам ва озодиҳои дигари маданӣ захира кардааст, дар баробари вусъати озодие, ки муслимин дар таърих ба башар тақдим намудаанд ба ҳеҷ ваҷҳ қиёсшаванда намебошад. Мо ҳар чи ба асри хилофати рошида наздиктар шавем, ба андозаи бузургии ҳамон замон озодии баён ва интиқоду изҳори назарро мушоҳида мекунем. Мусалмонон тамоми ҳаракоти масъулин ва амирони худро таҳти назар доштаанд. Ба таъбири Юсуф Қарзовӣ шаҳодати халифаи савуми Расули Худо (с) ҳазрати Усмон ибни Афон (р) дар гарави ҳамин озодиҳои маданӣ сурат гирифт. Ҳазрати Усмон (р) мухолифин сиёсаташро бо қудрати низомӣ ва қувваи ҳукумати саркӯб накард дар ҳоле, ки ҳамчун ҳокими муслимин ин қудратро дошт. Илова бар ин, мусалмонон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи улум ва андеша кушоданд ва китобҳои зиёдеро аз марказҳои тамаддунии он замон тарҷума карданд ва шуҳрати Байтулҳикмати Бағдод барои ҳеҷ муаррихе пушида нест.
Пайдо шудани макотиби каломӣ, фалсафӣ, ирфонӣ ва садҳо намуди улум хабар аз ҳамин гушудагӣ ва вусат медод. Бисёр ҷои таассуф аст, ки низомҳои носолим натавонистанд баракоти ин фазои бозро ба манфиъати муслимин ҳифз кунанд ва онро нагузоранд аз масири дуруст хориҷ шавад. Ислом ин баракатро ба мардум иноят кард, аммо чигунае ки мегӯянд, фоъилияти фоъил тамоми кор нест, қобилияти қобил низ зарур аст. Қобилияти муслимин аз уҳдаи ҳифзи ин дастоварди рисолат набаромад. Истифода аз мазоёи ихтилофро, ки барои рушд бояд истифода мешуд бо сабаби камзарфиятӣ ба нифоқ ва шиқоқ кашонда шуд. Муслимини қарни аввал на танҳо ихтилофи фикриро ҳамчун неъмати Исломӣ барои такмили афкор истифода карданд, балки дар масоили шаръӣ ва иҷтиҳоди фикрӣ низ ин имтиёзро нигоҳ доштанд ва сабаби кушодагӣ ва осонии вусаъти доираи фиқҳӣ амалӣ шуданд. Чунончи Иқбол мегӯяд:
Зодани Ӯ марги дунёи куҳан,
Марги оташхонаву дайру шаман.
Ҳуррият зод аз замири поки Ӯ,
Ин майи нушин чакид аз токи Ӯ.
Асри нав к-ин сад чароғ овардааст,
Чашм дар оғуши Ӯ во кардааст.
Устод Абул Ҳасани Надавӣ дар рисолаи “Тафсири сиёсии Ислом” менависад: ” Ҳеҷ гоҳ ҳолате барои ин уммат даст надода, ки монанди ҳиндуҳо ё порсиҳо ташрифоти мазҳабӣ ва суннатҳои иҷтимоиро бо дандон маҳкам бигиранд ва аз муқоиса ва татбиқи мазҳаб ва ақида бо илму ақл мутараддид ва ҳатто маъюс ва гурезон бошанд. Хайр ва бақои дини худро дар ин бидонанд, ки ҳаргиз партави илму дониш ба он натобат ва паёваста дар торикиҳои ҷаҳлу ваҳмпарастӣ боқӣ бимонад. Бинобар ин, уммати исломӣ бояд сипосгузор ва дуъогӯи даъватгарон ва муҷаддидони шариати исломӣ бошанд, ки умматро аз рақобат ва кашмакаши хунине, ки миёни дин ва улуми ҷадид дар қуруни вусто дар дунёи масеҳияти ғарб бо шиддати тамом пешомада буд, раҳониданд. Кашмакаше, ки донишманди маъруфи амрикоӣ Дроперо во дошт, то китоби машҳури худ ( Набарди мазҳаб ва текник) – ро бинигорад. Ҳамон рисола саҳифаи 21. Устод Ғаззолӣ аз муносибати мусалмонони асри имрӯз ба хусус аъроб чунин шикоят мекунад: “Аз он ҷо ки ин қазия тааммул барангез ва низ шармовар аст, ман мутаассифам аз ин ки мегӯям арабҳо пиндоштаанд, ки Қуръон фақат моли онон аст. Вале он гуна ки бояд ба буъди ҷаҳонии он хидмат накардаанд.
Бархе аз бозаргонон ва баъзе аз ҷаҳонгардон ва шуморе аз худопарастон ба буъди ҷаҳонии Қуръон хидмат кардаанд. Хидмат ба Қуръон дар ҷанбаи ҷаҳонии он аз канали мардумӣ сурат пазируфта на ба сурати расмӣ ва давлатӣ ва ин иштибоҳест, ки дар сиёсати давлатӣ рухдодааст”. Бе тардид ин назари муаллифро таърихи гузаштаи муслимин тасдиқ мекунад. Бинои Ислом он гуна, ки таърихи мусалмонон нишон медиҳад, бо мушорикати тамоми нажод ва милал оғоз ва идома ёфтааст. Касе дар гузаштаи таърих таъбири нажодгароёнае аз Ислом надошт, гар чи дар марҳилаҳои баъдӣ урубат аҳдофи сиёсиро рӯи дастовардҳои футуҳоти муслимин садри аввал гузоштанд ва Ислом барои таҳкими қудратмандон ва ҷойгоҳи онҳо ҷиҳат дода шуд, на пояҳои эътиқодӣ ва аҳдофи худи дин. Нақши давлатҳои исломӣ дар қарни аввал нишон медиҳад, ки тамоми фаолияти давлатмардон пушти густариш ва расондани паёми Ислом ва Қуръон ба ҷаҳониён қарор доштааст. Ба таъбири дигар, Ислом минбари гуфтугӯ бо фарҳангҳо ва курсии сиёсат дар муносибати давлатҳо ва байналмилалӣ будааст. Уҳдадор шудани давлатҳо барои густариши паёми Қуръон чигунае, ки таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, бо таърифи шомили дин ва равиши масъулона ва мутахассисона сурат мегирад, бар хилофи равиши фардӣ ва ё гурӯҳӣ, ки холӣ аз нуқсон ва таъбироти хатарнок нахоҳад буд.
Бетардид мушкилоти фирқагароӣ замоне буруз кард, ки нақши давлатҳои мусалмон дар густариши Ислом камранг ва ё беранг шуд. Аз тарафи дигар ин ҷараён замоне шиддат гирифт, ки мусалмонон эътимоди худашонро аз ҳокимони кишварҳои исломӣ ҳамчун ворисон ва амонатдорони дин аз даст доданд ва онҳоро ҳамчун хатар барои Ислом ва ояндаи он шинохтанд. Тақрибан чанд қарни ахир Ислом аз байни сиёсатмадорон ва ҳокимони кишварҳои Исломӣ дар дохили сарзаминҳои худашон ҳомӣ ва пуштибоне пайдо накардааст, балки ҳокимони кишварҳои исломӣ ва низомҳои сиёсии онҳо омили хатарнок ва саркӯбгар барои рушди Ислом ва таълимоти он гаштаанд. Дар вазъияте, ки имрӯз кишварҳои мусалмони қарор доранд, ҷои гуфтугӯ аз паёми Қуръон ба ҷаҳон ва пуштибонӣ аз он ба маънои худро ба ҳалокат андохтан маҳсуб мешавад.
Бинобар ҳамин мушкил, густариши паёми Қуръон дар ҷаҳон аз каналҳои фардӣ ва гурӯҳӣ ҷараён пайдо карда, ки бо вуҷуди ҷанбаҳои мусбат ҷанбаҳои хатарнок ва мавриди суистифода низ қарор гирифтааст. Мушкили асосӣ дар ин раванд он аст, ки Ислом дар ҷаҳон аз манзари афкори фирқаӣ ва дидгоҳои ашхос арза мешавад, ки дар натиҷа шинохти саҳеҳи он мушкил мегардад. Шумо замоне таълифоти китобҳои исломшиносони дохилӣ ва хориҷиро мутолиа кунед, ин ҳақиқат ошкор мешавад, ки таърифи Ислом дар онҳо аз манзари диди ашхос ва фирқаҳои гуногуне, ки дар уммати Исломӣ арзи вуҷуд кардаанд гирифташуда на аз манбаъи усулӣ ба он шакле, ки хатти кулии уммат дар он ҷараён дорад.