Categories ҲНИТ

Қонунмеҳварӣ асоси фаъолияти ҲНИТ

Қонунмеҳварӣ асоси фаъолияти ҲНИТ

Дар толори шуъбаи ҲНИТ-и минтақаи Кӯлоб бахшида ба 20-умин солгарди сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз 21.10.2014 мизи гирд баргузор гардид.

Дар ин нишаст намояндагони мақомоти шаҳрӣ, аҳзоби сиёсӣ, ва созмонҳои байналмилаливу ғайридавлатие, ки дар шаҳри Кулоб мустақар ҳастанд, ширкат доштанд. Ҳамчунин барои ширкат дар конфронс масъули шӯъбаи интихоботи ҲНИТ В. Қосиддинов, Шоҳнаими Карим ва Убайдуллои Файзулло низ аз Душанбе ба Кӯлоб сафар карданд.

Дар ибтидо масъули шӯъбаи фарҳанг ва иршоди ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб Исмоил Раҳматов оиди «Пайдоиши қонунҳо ва сарқонун» суханронӣ намуд. Сипас котиби прокуратураи шаҳри Кӯлоб Комилзода Х.Н. дар мавзӯъи “роҳҳои амалишавии сарқонун” изҳори андеша намуд.

Ширкаткунандаи дигари ин нишаст Мавҷуда Ғафурова намояндаи дафтари саҳроии САҲА дар Кӯлоб низ ташкили чунин нишастҳоро муҳим хонд. Хонум Ғафурова таъкид кард, ки дафтари САҲА барои баланд бардоштани огоҳиҳои ҳуқуқии шаҳрвандон баргузории ҷаласаҳоеро ба ин муносибат дар назар дорад ва иштирокчиён метавонанд дар ин нишастҳо низ ширкат варзида, барои рушди қонунмеҳварӣ дар ҷомеа талош намоянд.

Раиси шуъбаи интихоботи ҲНИТ, В.Қосиддинов низ зимни сханронии худ дар бораи қонунҳои аслӣ ва вазъӣ суҳбат намуда таъкид кард, ки қонунҳои мавҷудаи кишвари мо бо вуҷуди камбудиҳои каме, ки доранд қонунҳои хубе ҳастанд, вале мушкили аслӣ дар ҷомеаи мо амалӣ шудани қонунҳо аст. Агар ҷомеаи мо аз “фармонмеҳварӣ” хориҷ шуда ба самти қонунмеҳварӣ пеш равад вазъият дигаргун хоҳад шуд.

Инчунин дар ин мизи мудаввар муовини раиси ҲНИТ дар минтақаи Кулоб Сафарали Зоиров сарқонуни кишварро яке аз беҳтарин сарқонунҳо дониста, тазодди бархе зерқонунҳо ва фармонҳоро бо сарқонун мушкили аслӣ арзёбӣ намуд. Ба ақидаи Зоиров бархе масъулин ба хотири ноогоҳӣ ё аз руи қасд фармону дастуротеро содир мекунанд, ки бо сарқонуни кишвар мухолифати ошкор доранд. Ҳатто бархе зерқонунҳои аз тарафи парлумони кишвар ба тасвибрасида низ бо сарқонуни кишвар дар тазоди ошкор қарор доранд.

Ба ҳамин тартиб наҳзатиҳои Кӯлоб таъкид намуданд, ки барои амалӣ шудани сарқонун ва расидан ба як ҷомеаи қонунмеҳвар тамоми талоши худро хоҳанд кард. Зеро онҳо ин нуктаро хуб дарк мекунанд, ки “итоат аз як қонуни бад беҳтар аз беқонунӣ мебошад”, дар ҳоле, ки сарқонуни Тоҷикистон дар ҳоли амалӣ шуданаш яке аз беҳтарин сарқонунҳо аст.

М. Асозода

More From Author

You May Also Like