Categories Uncategorized

Қурби миёнаи доллар боз каме паст шуд

Умед Сиддиқ

nahzat.tj

Тайи чанд рӯзи охири ҳафтаи равон қурби миёнаи доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба 4,8700 – 4,8870 сомонӣ баробар шуд.

Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, дар ин давра 0,1450 – 0,1460 сомонӣ ва 5,9590 – 6,0143 сомониро ташкил доданд.

7-уми июн ҳам қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе боз андаке паст шуда, дар ҳудуди 4,8790-4,8850 сомонӣ қарор дорад, дар ин бора Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ иттилоъ доданд.

More From Author

You May Also Like