ҚУРЪОН ВА ИЛМ

ҚУРЪОН ВА ИЛМҚУРЪОН ВА ҲАЁТШИНОСӢ

(БИОЛОГИЯ)

Аз об пайдо кардани ҳар чизи зинда

Мебояд дар маънои ин ояти қуръонӣ тааммулу андеша кунем:

“Оё надидаанд кофирон, ки осмонҳову Замин баста буданд, пас онҳоро во кардем ва аз об ҳар чизи зиндаро пайдо кардем, оё имон намеоранд”(сураи “Анбиё”, ояти 30).

Танҳо пас аз пешрафтҳои илмӣ дониста шуд, ки ситоплазма (Cytoplasm) моддаи асосӣ дар ҳаста (ядро) буда, 80%-и онро об ташкил медиҳад. Аз рўйи тадқиқоти илмӣ кашф гардидааст, ки таркиби мавҷудоти зиндаро аз 50 то 90% об ташкил медиҳад ва ҳамаи мавҷудоти зинда ба об ниёз доранд. Оё маъқул аст, ки инсон 14 аср пеш тахмин бизанад, ки ҳар яке аз мавҷудоти зинда дар таркиби худ об дорад? Гузашта аз ин оё имкон дорад, чунин тахмин аз инсоне сар бизанад, ки дар биёбони араб – як ҷойи ниҳоят камоб, зиндагӣ мекард? Пас шубҳае боқӣ намемонад, ки Қуръон сухани инсонӣ нест.

Ояти зер ба он ишорат мекунад, ки ҳайвонот аз об ба вуҷуд омадаанд:

«Ва худо ҳар ҷунбандаеро аз обофарид…»(сураи «Нур», ояти 45).

Ояти дигар бошад ба офарида шудани инсон аз об ишорат мекунад:

«Ва ўст, ки одамиро аз об офарид, пас онро хешованди насаб ва хешованди қаробати домодӣ сохт ва парвардигори ту тавоно ҳаст» (сураи «Фурқон», ояти 54).

Мебояд ёдрас шуд, ки ишора ба офаридани инсон дар ин ҷо офаридани Одам (а) нест, балки мурод башар аст.

ҚУРЪОН ВА ИЛМИ НАБОТОТ

ОТАНИКА)

Растаниҳо ҷуфт – ҷуфт офарида шудаанд: нарина ва модина

Пештар барои башарият маълум набуд, ки растаниҳо низ ҷинси наринаву модина доранд. Бинобар исботи илми ботаника ҳар як растанӣ наринаву модина дорад. Ҳатто растаниҳои якҷинса аъзои наринаву модинаи фарқкунанда доранд.

«Ва аз осмон обе фуруд овард, пас бо он об ҷуфт-ҷуфт аз анвои гуногуни растаниҳоро берун овардем(сураи «Тоҳо», ояти 53).

Мева ҷуфт-ҷуфт офарида шудааст: наринаву модина

«Ва аз ҳар навъи мева дар замин ду қисм офарид…»(сураи «Раъд», ояти 3).

Мева – маҳсули охирон барои зиёдшавии растаниҳои гуногун аст. Марҳилаи пеш аз мева ё ҳосил гул ҳаст, ки аъзои наринаву модина (гардбарга ва тухмуҳуҷайра) дорад. Ҳангоми бордоршавии тухмҳуҷайра аз гардбарг гул ба вуҷуд омада, сипас дар марҳилаи баъдӣ пухта мерасад ва тухмҳои он аз нав гирифта мешавад.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки растанӣ наринаву модина дорад ва ин ҳақиқати илмӣ дар Қуръон гуфта шудааст. Навъҳои муайяни меваҷот аз гули шукўфаи норасида ҳосил медиҳанд. Монанди банана, бархе аз анвои ананас, анҷир, афлесун, карам ва ѓайра. Аммо инҳо низ сифатҳои ҷинсии хоси худро доранд.

Ҳамаи чизҳо аз ҷуфтҳо иборатанд

«Ва аз ҳар чизе ду қисм (ҷуфт) офаридем…»(сураи «Зориёт», ояти 49).

Ин оят бар ҳамаи ашё далолат дорад. Барои мисол падидае чун нерўи барқ, ки иборат аз электрону протон ҳаст:

«Пок астон ки офарид тамоми ҷуфтҳоеро, ки замин мерўёнад ва ҷинси одамиёну он чиро, ки эшон намедонанд» (сураи «Ёсин», ояти 36).

Қуръон дар ин ҷо мегўяд, ки ҳама чиз ҷуфт офарида шудаанд. Аз ҷумла ончӣ, ки то ҳол инсон онро намедонад ва эҳтимол аст, дар оянда кашф шавад.

More From Author

You May Also Like