Categories Uncategorized

М. Кабирӣ: «Шӯъбаи интихобот калидӣ буд ва калидӣ мемонад»

nahzat.tj

11.02.2012, 17:06

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, зимни вохурӣ бо Шуъбаи интихоботии ҲНИТ, ки рузи 10- уми январи 2012 дар қароргоҳи марказии ин ҳизб доир гардида буд, ин шӯъбаро муҳим ва калидӣ арзёбӣ карда гуфт:

«Шӯъбаи интихобот дар ҳама вақт сарфи назар аз будан ё набудани маъракаҳои интихоботӣ шӯъбаи калидӣ буд ва калидӣ мемонад. Бинобар ин, кор дар ин шӯъба нисбат ба дигар шӯъбаҳо бояд самимитар ва ҷиддитар бошад. Ҳатто шоҳидем, ки баъзе ҳолатҳо ҳизб дар умум табдил ба шуъбаи интихобот мешавад. Ба хусус дар маъракаҳои интихоботӣ тамоми масъулини ҳизб корманди шуъбаи интихобот мешавад. Ба ибораи дигар, самараи фаъолияти ҳизб дар натиҷагирии шуъбаи интихобот ҷамъбаст мешавад».

Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо хабарнигорон дар таърихи 2-юми марти 2010, яъне чанд руз баъд аз интихоботи парлумонии кишвар гуфта буд: «Интихоботи порлумонии соли 2015 барои ҳизби мо аз якуми марти соли 2010, яъне аз рӯзи эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи рӯзи якшанбе, шурӯъ шуд».

Нисбати ширкати ҲНИТ дар интихоботҳои миёндаврии оянда, ӯ изҳор дошт, ки набояд чунин фикреро кард, ки ҳоло интихобот ҷараён надорад, пас кор нест, чун ҳамеша эҳтимоли интихоботҳои миёндаврӣ дар кишвар вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, ки дар ду даври интихиботҳои миёндаврӣ, ки мо ширкат накардем, албатта сабабҳои худро дошт, вале ин на ба он маъност, ки мо минбаъд дар интихоботҳои миёндаврӣ ширкат намекунем.

Раиси шӯъбаи интихоботи ҳизб Раҳматуллоҳи Раҷаб дар ин вохурӣ аз тайёрагиҳои ин шуъба ёдовар шуда гуфт: «Масъулини марказӣ дар як сафари санҷишие, ки ба минтақаҳои ҷумҳурӣ доштанд, раисони шӯъбаҳоро вазифадор намуданд, то барои баргузории интихоботҳои миёндаврӣ, номзадҳои эҳтимолӣ ва ситодҳои омодабошро фаъол намоянд. Созмондиҳии чунин ситод тибқи таҳлилҳову гузоришҳо дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ фаъол мебошад».

М. Кабирӣ инчунин таъкид кард: «Минбаъд бо ҳамоҳангии дастгоҳи ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳар моҳ бо масъулини шӯъбаҳо вохурӣ доир намоем. Дар сурати ҳузур надоштан, ин тамосҳо бояд маҷозӣ яъне аз тариқи интернет сурат гиранд. Чун фаъолияти аксар корхонаҳои ҷаҳон аз тариқи интернет сурат мегирад, пас истифода аз ин роҳ низ ба манфиъати кор аст».

More From Author

You May Also Like