Categories Uncategorized

Илҳом Ёқубов: “Мактубу протоколҳое буданд, ки пеш аз Протоколи 32-20 мавриди амал қарор гирифтаанд”

Алим Шерзамонов, раиси Созмони ҲСДТ дар Бадахшон дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфт, ки “Протоколи 32-20 аввалин протокол нест, ки фош шудааст, ман боварӣ дорам, ки қаблан протоколҳое буданд, ки фош нашудаанд. Оид ба ин мавзӯъ назари чанде аз рӯшанфикронро гирифтем.

Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшинос: “Оиди протоколҳое, ки гуфта шудааст, ҳастанду фош нашудаанд, ман иттилоъ надорам, зеро бо чашми худам надидаам. Аммо будани чунин як протоколҳо, ки як қишри ҷомеа, миллат ё мардум аз тарафи мақомотҳои қудратӣ таъқиб мешаванд, ин хоси давлати демократӣ нест. Агар чунин анъана бошад, протоколҳо ба ваҳдати миллӣ, ба таъмини амният, сулҳу суботи ин ва ё он кишвар мусоидат намекунанд. Агар чунин протоколҳо бошанд, пешниҳод аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёзи сахт ба ваҳдати миллат дорад, бояд ваҳдатро ба қишрҳо гуногуни ҷомеи худаш таъмин кунад. Асосан миёни диндорон ва ғайридиндорон чунин чизҳо бошад ва ё миёни давлати исломӣ ва ё дунёвӣ мо бояд шарики стратегиро таъмин кунем.”

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос: “Дар хусуси қабл аз Протокли 32-20 мавҷуд будани чунин санад ман иттилоъ надорам ва хисоб мекунам, ки Алим Шерзамонов низ бо боварии комил нагуфтааст ва ӯ дар назар дорад, ки шояд аз ин пеш ҳам чунин протоколҳо мавҷуд бошанду як чорабинии густарда нисбати ҲНИТ пешаки таҳррезӣ шуда бошад. Агар ба Протоколи 32-20 назар кунед, маҳаки он ин дар бораи он, ки ҳукумати кишвар аллакай як сол пеш ва шояд аз ин ҳам пештар ба интихоботи президентии соли 2013 тайёрӣ дидаанд. Яъне, ҳукумат ягона рақиби солим ва қавиро дар симои ҲНИТ ва аъзоёнаш медид, барои ҳамин зарур пеш омад, ки пешакӣ бар зидди ҲНИТ омодагӣ бинанд. Аммо имрӯз мо шоҳиди он шудем, ки воқеан ҳукумат як маъракаи антинаҳзатро тайёр карда, онро ба намоиш гузошт, аммо бо он амалҳое ки содир карда истодаанд, ман фикр мекунам, ки обрӯю нуфӯзи ҳукуматро паст ва ҲНИТ-ро баланд бардоштанд. Ва мардум худаш қазоват мекунад, ки чаро маҳз дар мавсими пеш аз интихоботӣ ҳукуматиҳо ба сиёҳу бадном кардани наҳзат даст заданд. Он чи аён аст, ҳоҷат ба баён нест.”

Илҳом Ёқубов, раиси бахши ҷавонони ҲНИТ дар вилояти Суғд: “Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон! Воқеан гуфтаҳои Алим Шерзамонов дуруст мебошад, агар Протоколи 32-20 танҳо дар охири соли 2011 ба тасвиб расида бошад, дигар қарорҳо, амру супоришҳо барвақт аз ин протокол ба рӯйи саҳфаи қоғаз омадааст. Масалан, ёдам ҳаст, ки соли 2009 аз тарафи Вазорати маориф як мактуби махфӣ ба тамоми шӯъбаҳо ва бахшҳои шаҳру навоҳи ирсол гардида буд ва дар муҳтавои ин мактуби махфӣ гуфта шуда буд, ки он талабагон ва омӯзгороне ки бо рӯйсарӣ ба мактаб меоянд ва ба дастурамали либоси ягонаи мактабӣ ҷавобгӯй нест, ба мактаб роҳ дода нашавад. Дигар ин аст, ки як мактуби махфии Кумитаи дин ба раисиҷумҳур оиди масъалаҳои дин ва бахусус ҲНИТ аст, ки пеш аз ин протокол таҳия шуда буд ва ин мактуби махфӣ соли гузашта расонаӣ ва ифшо шуда буд. Аз ин лиҳоз эҳтимол мактубу протоколҳое буданд, ки пеш аз Протоколи 32-20 мавриди амал қарор гирифтаанд. Аммо инро низ бигӯям ки агар дигар номаҳо ва протоколҳои сиррӣ ва махфӣ , ки пеш аз Протоколи 32-20 таҳия шудааст, инҳо соҳавӣ буданд. Яъне, танҳо аз як вазорат ё кумита таҳия шуда ба зерсохтори тобеи худ супориш медоданд, вале Протоколи 32-20 ин як протоколи фарогир ва комплексие будааст, ки тамоми ниҳодҳои давлатиро вазифадор мекунад , ки бо ” чунин” шеваҳо ба ҳизб ва шахсиятҳо мубориза баранд.”

More From Author

You May Also Like