Манбаъҳои хабарӣ аз нопадид шудани як ҳавопаймои нави ширкати “Су” – и Русия дар осмони Индонезия хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” ба нақл аз шабакаи “Алҷазира”, мақомоти Индонезӣ эълом карданд, ки як ҳавопаймои мусофирии ширкати русии “Су” бо 44 сарнишин дар ҷануби Ҷакарта, пойтахти Индонезия нопадид шудааст.
Бинобар ин гузориш, ҳавопаймои мазкур дар ҳоли анҷоми парвози озмоишӣ буда ва сарнишинони онро тиҷори индонезӣ ва мақомоти сафорати Русия ташкил медоданд.
Ин гузориш афзуд, ин парвоз бо ҳадафи намоиши модели нави ширкати “Су” ба харидорони осиёӣ буда, ки 30 дақиқа бештар идома ёфт ва робитаи ҳавопаймо дар соати 2 : 40 дақиқаи пас аз зуҳр бо бурҷи муроқибат қатъ шуд. Талошҳо барои ёфтани ин ҳавопаймо ҳамчунон идома дорад ва гурӯҳҳои наҷотдиҳию имдодӣ ба маҳалли ҳодиса эъзом шудаанд.
Артиши Индонезия эълом кард, ки эҳтимол меравад ин ҳавопаймо суқут карда бошад.