Categories Uncategorized

«Ҳадаф нобуд кардани ман набуд!»

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, узви Раёсати ҲНИТ ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» баъди аз ҷониби афроди номаълум субҳи 7-уми феврал мавриди лату кӯб қарор гирифтанаш, ду ҳафта дар шифохона бистарӣ буд. Ахири ҳафтаи гузашта Ҳикматулло Сайфуллозода аз беморхона ҷавоб шуд. Ин ҳодиса дар расонаҳо бесару садо набуд, ҳатто корпусҳои дипломатӣ вокуниш нишон доданд. Бо чанд суол ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар бораи ҳодисаи мазкур муроҷиат кардем. Нахуст суоли мо чунин буд:
– Айни замон, баъди муолиҷа саломатии худро чи тавр ҳис мекунед?
– Шукронаи Худо, нисбат ба он рӯзҳое, ки дар шифохона будем, хеле беҳтар аст. Зоҳир ҳам таѓйир хӯрд ва то ҷое дарди сар ҳам кам шуд. Вале ҳоло ҳам ҳис мекунам, ки тавони бардошти фикр, суҳбат ва мутолиа карданро чандон надорам. Агар 10-15 дақиқа машѓули коре бишавам, эҳсоси монда шудан мекунам.
– Воқеи ба сари Шумо омадаро расонаҳо аз забони пайвандонатон ва ҳамсояҳои Шумо нашр карданд. Худатон мегуфтед, ки он саҳар чи гуна рӯз буд ва ҳодиса чи гуна сурат гирифт?
– Он саҳар мисли ҳамешагӣ маъмулӣ буд. Дар як вақти муайян ҳар саҳар ба кор меравам. Дар чанд рӯзи ахир, бештар аз як моҳ шуд, ҳамроҳи яке аз бародаронамон якҷоя ба кор мерафтем. Он бародар бегоҳӣ ба ман хабар дод, ки пагоҳ ба коре банд мебошам, худат бо мошине ба кор рав.
Тақрибан соатҳои 70:30 аз хона баромадам. Маъмулан, вақте аз даромадгоҳи бино берун мешавам, ба ҷониби рост меравам. Каме нарафта, оилаам ҳамеша ёдрас мешавад, ки телефонҳоятро гирифтӣ, ё не. Ин саҳар низ оилаам, чунин ёдрас кард, дар посух гуфтам, ки гирифтам. Ҳамин чиз дар хотирам нақш бастааст. Дигар чӣ воқеъа рух додааст ва баъди лату кӯб маро овардаанд ба хона, аз ин ҷо интиқол ба шифохона ҳеч чизе дар хотирам нест.
Баъдан, фаҳмидам, ки оилаи маро ҳамсоя аз ин ҳодиса огоҳ мекунад. Ҳамсоя вақте аз назди он даре, ки ҳамеша маҳкам буд, мегузарад. Сумкаи маро мебинад. Дарро мекушояд ва маро дар ҳолати нимбеҳушӣ мебинад, ки садо мекардам. Оилаамро хабардор мекунад, вақте маро аз он ҷо бо кӯмаки ҳамсоя берун меоранд, ҳама ҷо хун ва либосҳо дарида будааст.
– Мегуфтанд, Шуморо нафарҳое ба як макони хилват ва аз чашм дур бурдаанд. Шумо одами оддие нестед, ки ҳар нафари ношинос тавонад мутақоид созад, ки ба ҷои хилват равед. Пас оѓози ҳамла ба Шумо дар сари роҳ сурат гирифт, ки аз ҳуш рафта чизеро дар хотир надоред?
– Ин масъала ба ман хеле дард гузоштааст, ки чаро ѓайр аз хайру хуши ҳамсар дигар чизе дар ёдам нест. Вақте ба ин суол борҳо посух додам, на ҳама бовар мекунанд.
Аммо яке аз дӯстон, ки собиқ корманди ниҳодҳои қудратӣ мебошад, як шаб хабаргирӣ ба шифохона рафт. Дар ин бора суҳбат шуд, ӯ гуфт, ягон ҷои аҷоибӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, як амалӣ касбӣ аст, ки бо таҷҳизоти муайян медонанд, ки ба куҷо зананд. Вақте заданд, на танҳо он ҳолат, ҳатто 1-у ним дақиқаи қабл аз он низ фаромӯш мешавад.
Ин андеша то ҳол дар ман ҳаст, ки чигуна дар миёни мошинҳо гузаштам, ҳеч чӣ дар ёдам нест. Ба ҷои ҳодиса чигуна рафтам, он ҷо даре дорад, дарро кӣ боз кардааст? Тамоман дар ёд надорам. Маро дар ҳайрат гузоштааст, ки на шакл, на шумораи одамҳо ва на амали анҷомшуда дар ёд нест. Вақте ҳушам омад, ҳатто суол надодам, ки чаро дар шифохона мебошам? Мисле, ки омода шуда бошам.
– Ин ҳодиса аз ҷониби созмонҳои рӯзноманигории дохиливу хориҷӣ, ташкилоти байналмилаливу ҳизбҳои сиёсӣ маҳкум гардид.  Буданд, онҳое, ки ин ҳодисаро ба ягон фаъолияти сиёсиву рӯзноманигории Шумо рабт намедоданд, як ҳодисаи марбут ба худатон медонистанд. Ба ақидаи худи Шумо ин ҳодиса аз фаъолияти касбиву ҳизбиатон буд, ё марбут ба корҳои инфиродӣ?
– Ҳақ надорам, инро баҳодиҳӣ кунам, ки ба чӣ сабаб инчунин шуд. Метавонам, аз забони худи муфаттишон бигӯям, ки онҳо шурӯъ карданд, аз ҳамин ҷанбаҳо. Ҷанбаҳои ба истилоҳ маишӣ, хонаводагӣ, ҳамсоягӣ, хешутаборӣ, ҳатто қарздорӣ. Ҳамаи инро тафтиш карданд. Рӯзи охироне, ки суҳбат карданд, дигар ин мавзӯъҳо умуман вуҷуд надошт. Дар бораи нашрияи «Наҷот» ва суҳбатҳое, ки дар расонаҳо кардам, сухан карданд. Худи муфаттиш низ ошкор гуфт, ки суҳбати шуморо дар бораи Алии Бедакӣ хондам ва дар мавриди 10 сарвари худкома хондам. Баъд суол кард, ки баъди чунин суҳбатҳову навиштаҳо ҳадди ақал касе занге назад, ки чаро ин гапро мегӯӣ? Гуфтам, пештар ҳам ҷавоб додам, ҳоло ҳам мегӯям, ки касе чизе нагуфтааст. Ҷуз он, ки як-ду занги телефонӣ чанд вақт пеш буд. Танҳо яктаош дар ёдам мондааст, ки такроран ман занг зада пурсидам, ки кӣ ҳастӣ? Дар ҷавоб гуфт, ман як санҷидам. Чиро санҷидӣ, гӯям. Посух дод, ки ин рақам аз кӣ аст? Ҳамин тавр тахмин мегӯям, чӣ гуфт, дар ёдам нест. Танҳо санҷидам гуфтанашро дар хотир дорам. Ягон гапи дигаре вуҷуд надошт.
Вақте муфаттишон хулосабандиро дар мавриди ВАО карданд, худам низ ба ин натиҷа расидам, ки ҷуз ҳамин масъала, масъалаи дигаре дар миён нест. Шояд доираҳое дигар бардошти суханҳоеро надоштанд, чунин ҳодисаро ба сари мо оварданд, ки ин одам ба тарзе ҷазояшро бинад. Агар ҳадаф нобуд кардан мебуд, соатҳои дигаре низ метавонистанд, маро дунбола кунанд. Ин ҷо ду масъала аст, маѓзи одам аз кор баромадан ва ба истилоҳ «забонашро гирифтан». Ба муфаттишон гуфтам, дар ин масъала ҳеч ҳарос надорам, ҷуз тарси Худованд дар ман ҳаросе нест.  
– Яъне ин ҳодиса ба фаъолияти ҳизбиатон, рӯзноманигорӣ ва назарҳои коршиносонаатон таъсир расонда натавонист?
– Алҳамду…, ягон зарра таъсир намерасонад. Вале амали суратгирифта ба доираҳои муайян таъсир расонд. Як далелашро мегӯям. Вақте як журналист истеъфо аз касби худ додааст, дар назди ман бо сароҳат гуфт, ки иштибоҳ накардам, ки истеъфо додам, хулосаи маро ҳамин ҳодисаи ба сари шумо омада исбот кард. Ин кори суратгирифта на барои як сиёсатмадор, ҳатто барои журналисти соҳибандеша ҳам таҳдид аст. Дар ҳамин марҳала истеъфо медиҳам, чун муште, ки ҳукумати феъли дорад, дигар намедонад куҷо равон кунад,- гуфт.
– Шумо бовар доред, ки мақомоте, ки дар пайи тафтиши ин ҳодиса ҳастанд, натиҷаи мусбате ба даст меоранд?
– Агар ниҳодҳои ҳуқуқӣ мунсифона ва ҳадафмандона, ҳар корро навобаста аз Сайфуллозода, ё каси дигар кор кунанд, ҳеч мушкиле нест. Барои таҷрибаи Тоҷикистон хулосаам ин аст, ки ҳеч гоҳ муҷримони ин ҳодисаро пайдо намекунанд.
Тааҷҷубам аз он бештар мешавад, ки дари биное, ки ҳодиса дар он ҷо сурат гирифт, зиёда аз ду сол доимо маҳкам буд. Чи гуна вай ҳамон рӯз кушода мешавад? Қулфи дохилӣ кор намекардааст, танҳо аз тиреза даромада, аз дохил боз мекардаанд. Нафарҳое, ки ин амалро иҷро карданд, бе одами ин ҷо ин корро карда наметавонистанд. Чун он биноро намедонистанд, ки чи гуна кушода мешавад? Гумон намекунам, ки аз нигоҳи касбӣ ин масъала дар тафтиши муфаттишҳо набошад. Дар бораи бино бошад, аз ман суоле нашуд.
– Агар муҷримон муайян нашуданд, тасмими баъдии Шумо чӣ мешавад?
– Аз дасти мо чӣ меояд? Танҳо мисли ҳозира як суҳбат мекунем, дилро холӣ мекуниву халос. Он ки аз касб ва фаъолияти сиёсии хеш даст намекашам, ин дақиқ аст.

Абдуазими Абдуваҳҳоб ” ИмрӯзNews”

More From Author

You May Also Like