Дуъо ҷавҳари ибодат ва яке аз болотарин анвоъи зикри Худованд ва қурбат ҷустан ба пешгоҳи Ӯст. Зикри Худо дармони ҷонҳо, илоҷи дардҳои равонии инсонҳо ва офияти ҷисми эшон аст ва гузашта аз он дилҳо ба ёди Худо оромиш меёбанд, ғамҳо барчида мешаванд ва гуноҳону маъсиятҳо бо иксири он шуста мегарданд. Худованд зикргӯёнро сутуда аст, он ҷо ки мефармояд: «Худо барои мардону занони пайваста зикркунандаи хеш мағфират ва аҷри бузурге омода намудааст».
Дуъо бар муҳаббати Худованд ва бар дилбастагӣ ба ҳимояи Ӯ далолат мекунад ва ин муҳаббати илоҳӣ то ҷое имтидод меёбад, ки густараи он тамоми паҳлӯҳои хайрро барои худи дуъогӯй, хонаводаи ӯ, ҷомеаи ӯ ва дар ниҳоят барои уммати исломӣ фаро мегирад.
Дуъо ифодагари тазарруъ ва хушуъ (шикастагӣ)-и инсон дар ба¬робари Худованд ва поси неъматҳои бекаронаи Ӯ мебошад.
Аз назари таълимоти шаръ барои дуъо одоб ва шароите вуҷуд дорад, ки барои пазируфта шудани он аҳамияти фоиқе доранд ва инак муҳимтарини онҳоро бо ихтисор зикр менамоем:
а) Аввалин одоби дуъо ин аст, ки шахси дуъогӯй рӯй ба қибла оварад ва ҳангоми дуъо дастони худро бардорад ва пас аз поёни дуъо онҳоро ба рӯяш бимолад. Аз Абдуллоҳ ибни Зайд (р) ривоят шуда, ки «Расули Худо (с) барои талаби борон ба намозгоҳ баромад. Он гоҳ рӯй ба қибла оварда дуъо намуд ва борон хост».
Абумӯсои Ашъарӣ (р) гӯяд, ки «Расули Худо (с) дуъо кард ва дас¬тони худро бардошт то ҷое, ки ман сапедии зери дастон (таги каш)-и ӯро дидам».
б) Яке дигар аз одоби дуъо ин аст, ки шахс дуъои худро бо санои Худованд – бо зикри номҳои некӯяш ва бо нисори дуруд бар Паёмбари акрам (с) оғоз намояд ва инро дар миёна ва охири дуъояш низ такрор кунад.
Ҳазорон дуруду ҳазорон салом,
Зи мо бар Муҳаммад алайҳи-с-салом!
(Шайх Саъдӣ)
Аз Фузола ибни Убайд омадааст: «Расули Худо (с) мардеро шунид, ки дар намозаш дуъо мекард, вале дар ҳеҷ гӯшае аз дуъояш бар вай (с) дуруд нафиристод. Паёмбар (с) гуфт: Ин мард ба шитоб роҳ дод». Он гоҳ он мардро фаро хонд ва ҳамроҳ бо ҳозирон иршод намуд: Чун яке аз шумо ба намоз пардохт, онро бо ба ҷой овардани маротиби ситоиш барои Худованд ва арзи сано бар Ӯ оғоз намояд ва сониян бар Паёмбар (с) дуруд бифиристад. Он гоҳ барои худ ҳар чӣ мехоҳад дуъо намояд».
в) Тазарруъ ва хушуъ дар дуъо муносибтарин ҳолати банда ба мақо¬ми арзи ниёзҳои худ ба пешгоҳи Худованд мебошад ва Худо аз дуъогӯй риояи онро хостааст, онҷо ки мефармояд: «Парвардигоратонро бо тазар¬руъу хуфя бихонед. Ӯ қатъан, аз ҳад гузарандагонро дӯст надорад.
г) Бо исрор дуъо намудан низ яке дигар аз одоби дуъо аст, ба ин маъно, ки инсон бояд борҳо ва борҳо ва ба сурати пайгирона ниёзи худро ба пешгоҳи Худо арз намояд. Зеро ин худ навъе аз фурӯтанӣ, шикастанафсӣ ва гумони хуб доштан дар ҳаққи Худованд аст. Аз Абузуҳайри Намирӣ ривоят шуда, ки «Шабе ҳамроҳи Паёмбар (с) хориҷ шудем. Гузари мо бар марде афтод, ки дар пурсиши (талаби) худ аз Худованд, исрор (пофишорӣ) менамуд. Расули Худо (с) аз роҳ боз исто¬да ва ба вай гӯш дод. Сипас гуфт: «Барои худ (биҳиштро) воҷиб гардонид, агар хатм намояд». Пурсида шуд, ки эй Расули Худо (с) бо чӣ чиз хатм намояд? Фармуд: Ба омин ва худ баргашт. Ба он мард гуфтанд: Эй фалонӣ! Дуъоятро бо омин хатм намо ва башорат ёб».
д) Се бор такрор намудани ниёз ва дархости худ дар дуъо низ аз равиши Паёмбар (с) будааст. Аз Ибни Масъуд (р) ривоят шуда, ки «Се бор дуъо намудан ва се бор истиғфор кардан барои Расули Худо (с) бисёр мақбул ва писандида буд».
ж) Яке дигар аз равиши Паёмбар (с) дар дуъо он буд, ки онро аввал барои худ шурӯъ мекард. Аз Убай ибни Каъб ривоят шуда, ки «Расули Худо (с) вақте касеро ба ёд меовард ва барояш дуъо мекард, он¬ро аз худ шурӯъ мекард». Худованд низ вақте аз бандагони некӯкори худ сухан гуфта, фармудааст: «Ва касоне, ки пас аз эшон омаданд, ме¬гӯянд: «Парвардигорамон! Моро мағфират намо ва ҳамчунин бародаронамонро, ки дар имон бар мо сабқат доштанд ва дар дилҳои мо барои касоне, ки имон овардаанд ғилле (кинаву кудурате) ҷой надеҳ. Парвардигорамон! Ту яқинан бошафқату меҳрубонӣ».
з) Умеди қатъӣ ва содиқ ба пазируфта шудани дуъо далели қуввати (устувории) имон ва гумони хуб доштан дар ҳаққи Худованд аст. Бояд дуъогӯй ниёзи худро бо ҷиддият ва бе ҳеҷ гуна тараддуд ва дуди¬лагие аз офаридгораш бихоҳад, зеро Ӯ, субҳонаҳу, анҷомдиҳандаи мутлақулихтиёр ва тавоно бар ҳар корест.
Аз Абуҳурайра (р) низ ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: «Худоро дар ҳоле бихонед, ки ба пазируфта шудани дуъоятон яқин дошта бошед. Бидонед, ки Худо ҳаргиз дуъои бархоста аз қалби ғофил ва бехудро иҷобат нанамояд». Яъне дар ҳоле бошед, ки шоистагии пазируфта шудани дуъоятонро дошта бошед. Ҳамчунин аз ӯ ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: «Дуъои ҳар яке аз шумо то замоне мустаҷоб мегардад, ки аз рӯи шитоб нагӯяд: Парвардигорамро дар ҳақиқат дуъо кардам, вале бароям чизеро мустаҷоб нагардонид».
Аз ин ҳадиси шариф бармеояд, ки ба шитоб роҳ додан дар пази¬риши дуъо аз ҳавзаи одоби дуъо берун буда, ба гунае эътироз намудан ба қазову қадари илоҳӣ ба шумор меравад.
л) Ба вақти дуъо забону дил ва зоҳиру ботини худро бо ҳам мувофиқ намояд ва ҳавоси худро аз ғафлат берун орад!
Забону дил мувофиқ соз ҳангоми дуъо кардан,
Ба як ангушт натвон уқда аз сар ришта во кардан!
(Муҳаммадалии Тоиф)
м) Одоби дигари ин боб бо садои маҳин ва миёна – на баланд ва на паст, дуъо кардан аст. Қуръони карим ба беҳтарин сурати дуъо, ки бо садои маҳин ва миёна аст, иршод намудааст: «Парвардигоратонро бо тазарруъу хуфя бихонед». Дар ҷои дигар мефармояд: «Садоятро ба намоз – дуъо на ҷаҳр ва баланд кун ва на паст ва дар байни он роҳе биҷӯ!».
Паёмбари акрам (с) иршод намуда, ки садои пасту маҳин ҳам дар зикр ва ҳам дар дуъо зебо ва дӯстдоштанист. Дар хабар аст, ки Абумӯсои Ашъарӣ (р) гуфт: «Дар сафаре будем. Мардум садои такбири худро баланд намуданд. Паёмбар (с) ба эшон гуфт: Бар худ нармӣ намоед. Шумо ба таъкид, на кар ва на ғоиберо мехонед. Ҳатман шунаво ва биноеро мехонед, ки ҳамроҳи шумост. Он Худоеро, ки мехонед, барои ҳар яки шумо аз гардани уштураш ҳам наздиктар аст».
Аммо агар имом барои таълими зикрҳо ва дуъоҳо ва ҷиҳати тазаккури намозгузорон садояшро бо зикру дуъо баланд намояд, он боке надорад.
н) Гӯшаи дигаре аз одоби дуъо он аст, ки дуъогӯй ҳар чӣ бештар дуъоҳои ҷавомеи мавҷуд дар Қуръон ва суннатро мавриди истифода қарор диҳад ва аз саҷъпардозиҳои пуртакаллуф, лафзҳои мубҳам (норавшан) ва маонии дарҳам дурӣ намояд. Зеро дуъо мақоми ниёз ва таваҷҷуҳ ба Худост, пас бо каломи худаш ҳам бошад, бояд ба иборае ифода гардад, ки ақл ба фаҳми он бирасад, қалб ҳаловат барад ва виҷдони банда оромиши худро дарёбад.
Ин дуъоро инсиён таҳсин кунанд,
Хатм кун то қудсиён омин кунанд!
(Хоқонӣ)
«Сураи Аҳзоб», 33: 35.
Саҳеҳи Бухорӣ, 4323. Ишора ба ҳадиси дарозе аст, ки дар бораи ҷанги Автос пас аз ҷанги Ҳунайн ва тир хӯрдани Абӯомир ривоят шудааст ва хулосаи он чунин аст: «Абуомир амаки Абӯмӯсои Ашъарӣ дар ҷанги Автос солори гурӯҳе аз мусалмонон буд ва дар аснои задухӯрд ба зонуяш тире хӯрд. Абӯмӯсои Ашъарӣ мегӯяд: Тирро аз пояш кашидам ва аз ҷои он об берун омад. Абӯомир гуфт: Эй бародарзода, Паёмбар (с)-ро салом бигӯ ва бигӯ бароям талаби истиғфор намояд ва пас аз каме фавт кард. Вақте хабари Абӯомирро ба Паёмбар (с) гуфтам, обе хост ва вузӯ гирифт, он гоҳ дастонашро бардошт ва фармуд: Худоё, Убайд, Абӯомирро мағфират кун! Ва сафедии зери бағалҳояшро дидам, сипас фармуд: Худоё, ӯро рӯзи қиёмат фавқи бисёре аз мардум бигардон! Гуфтам: Ва барои ман ҳам дуъо истиғфор кун! Фармуд: Худоё, ба¬рои Абдуллоҳ ибни Қайс гуноҳонашро биёмурз ва рӯзи қиёмат ба даромадгоҳи хубе дохилаш кун!».
«Сураи Аъроф», 7: 55.
«Саҳеҳи Бухорӣ», 6340; Саҳеҳи Муслим, 6869-70 ()-.
«Сураи Аъроф», 7: 55.
«Сураи Исро», 17: 110.