Абдусамади Раҳмон
nahzat.tj
Имрӯз 24 сентябри соли равон як ҳайати кишвар таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 67-умин Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид озими Ню-Йорк шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти ВКХ иттилоъ доданд.
Ба иттилохи манбаъ, дар назар аст, ки Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи МУ СММ аз номи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, дар якчанд чорабиниҳои дар чаҳорчӯби иҷлоси барпошаванда иштирок мекунад.
Инчунин дар ҳошияи иҷлосияи 67-уми МУ СММ вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколомаи ҳамкориҳои Осиёӣ баргузор мегардад, ки зимни он Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми раисиро дар Муколама аз давлати Кувайт қабул мекунад.
Дар чаҳорчӯби сафари кории Вазир ба Ню-Йорк, инчунин мулоқотҳои ӯ бо роҳбарияти СММ ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои алоҳида баргузор хоҳанд шуд.