Ҳайате иборат аз 4 нафар аз раёсати ҲНИТ, дар сафари хидматӣ дар вилояти Суғд қарор доранд.
Ин ҳайатро Воҳидхон Қосиддинов, сардори дастгоҳ, Саидиброҳими Муҳаммадназар ва Зурафо Раҳмонӣ, мушовирони раиси ҲНИТ ва Парвина Иброҳимзод, сардори бахши бонувони ҳизб бар уҳда доранд.
Мақсад аз сафар боздид ин шинос шудан ба фаъолияти шуъбаву бахшҳои ҳизб дар вилояти Суғд, ва расонидани дастуру супоришҳои раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба ҳизбиён аст.
Ҳайат аллакай аз чанд шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла Истравшан, Мастчоҳ ва Хучанд дидан намуд ва бо фаъолияти эшон шинос гардид.
Интизор меравад ин сафар бо дидор аз чанд ноҳияҳои дигар идома ёбад.