Ба Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода
Ба Вазири мудофиаи Тоҷикистон Хайруллоев Шералӣ
Ба созмонҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон
Мӯҳтарам намояндаҳои созмонҳои байналмиллалӣ!
Мӯҳтарам Прокурори генералӣ!
Мӯҳтарам Вазири мудофиа!
Он чӣ ҳамон шаб оилаи мо аз сар гузаронид, мисли як хоби даҳшатнок буд ва шояд шумо бовар накунед, ки ин ҳукуматдорони Исфара чунин ҳам мекардаанд. То ин дам чун ман мешунидам, ки фалониро соати шаши субҳ аз сари ҷойнамоз ва ё аз бистари гарми хоб бо амалҳои дағалона барои хизмати ҳарбӣ бурдаанд, бовар намекардам, вале чун худ аз сар гузаронидам, акнун бовар кардам, ки дар натиҷаи амалиёти “бачақапак”- и комиссариати ҳарбӣ одам дар деги руғани тафсон ҳам бирён шуданаш мумкин будааст.
Рӯзи 6 майи соли ҷорӣ соати 02: 30 – и субҳ, вақте мо аҳли оила хоб будем, 12 нафар ҳавлии маро муҳосира намуда, чанде аз онщо бе огоҳии мо, ба ҳавлӣ зада даромада, манзили хоби моро бо чароғча рушан кард. Талхакафон шуда, баромадам ва пурсидам: “Шумо кӣ?”
Аз пушти тиреза овоз омад: “Ман – Давлатов!”
“Шумо кӣ набошед, ҳақ надоред, соати дуи шаб ба хонаводаи шаҳрванд ворид шавед.” – гуфтам.
“Шумо писар доред. Вай бояд хизмат кунад!”
“Чӣ хел хизмат? Бачаи ман – талабаи мактаб аст. Дар мактаби миёна мехонад!”
Дарро кушодам. Хобу хоболуд чӣ гуфтам, ёдам нест. Вале онҳо маро буғӣ карда, “Боз ту қонундониатро нишон медиҳӣ” гуфта, ҳамоно таҳдид карданд, баъд кӯфтанд.”
Ниҳоят ман ва писарам Муҳамммадалӣ Ҳусейнзодаро, ки воқеан 16 декабри соли 2012 ба 18 расида буду ҳоло дар мактаби касбомӯзӣ, ки ҳам маълумоти миёна медиҳаду ҳам касб меомӯзонад, дар синфи 11- ум дар маҳаллаи Кунҷоки деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара таҳсил дошт, ба мошин бор карда, бурданд.
Агар фоҷиа ва қонунвайронкунӣ бо ҳамин меанҷомид, кори хайре мебуд ва ман намедонистам, ки намояндаҳои ҳукумат то ин дараҷа аз худ рафта, қонунро поймол мекунанд ва рафтори ғайриахлоқӣ ҳам содир мекардаанд.
Мӯҳтарам намояндаҳои созмонҳои байналмиллалӣ, мӯҳтарам Прокурори генералӣ ва мӯҳтарам вазири мудофиа!
Баъди ману фарзандамро бурдан чор нафар, такрор мекунам, чор нафар боз ба ҳавлии ман, ки он ҷой ҳамсарам танҳо буд, ворид мешаванд!
Ман ин тарзи давлатдориро намефаҳмам, ки хуб, артиш то ба ҳамин дараҷа расидааст, ки ба талабаи мактаб муҳтоҷ шудааст, яъне, артишро аз бачаи коргару деҳқон сохтед ва он ҳам боз пурра нест ва имрӯз ба талабаи мактаб мӯҳтоҷ шудааст.
Бигузор, чунин бошад, вале дар муҳити қишлоқ чор мард ба хонаи соати сеи субҳ ба сари зани танҳои бемард бо кадом мақсад медароянд?
Ҳол он ки онҳо медонистанд, ки ман, яъне, шавҳари он зан дар ҳавлӣ набудам!!!
Агар онҳо нияти ифлос намедоштанд, чаро ба ҳавлии бемард ба сари зани танҳо рафтанд???
Баробари дидани чор мард ҳамсари ман дод мезанад ва ҳамсояҳоро ба мадад ҷеғ мезанад. Ва аз ҳуш меравад!
Ана, ин аст давлати демокративу ҳуқуқбунёдаш!
Боз мепурсам: он чор мард дар хонаи ман бе санксияи прокурор соати сеи шаб чӣ мекофтанд? Кӣ ба онҳо фармонм зиддиқонуниро додааст, ки баъди шавҳару бачаашро бурдан боз ба сари занаш равед!?
Ё онҳо боз пулу сарват мекофтанд?
Мӯҳтарам вазири мудофиа, ба ман гуфтанд, ки писари шумо дар сафи артиши Тоҷикистон хизмат накардааст, зеро шояд шаҳрванди кишвари дигар ҳам бошад. Ман ба ин коре надорам, аммо тасаввур кунед, ба манзили шумо соати сеи саҳар дувоздаҳ мард мераванд. Тасаввур кардед?
Акнун ба суолҳои ман посух диҳед:
Якум. Оё талабаи дар мактаби миёна таҳсилкунандаро ба сафи артиш гирифтан аз рӯи қонун аст?
Агар не, ба ин ҷиноят кӣ ҷавобгар аст?
Дуюм. Гуфтем, воқеан, ҳукумат чунон ноуҳдабаро шудааст, ки навбат ба талабаҳо расидааст. Вале ба хонаи ин талаба соати 2:30- и субҳ кам не, бисёр не, 12 нафар рафтан аз рӯи кадом қонун аст?
Сеюм. Оё баъди падару писарро бурдан ба хонаи бемард соати сеи субҳ чор мард ба сари зани танҳо даромадан чӣ маъно дорад? Ё хумори таҷрибаи солҳои навадум, ки ҳам занҳоро таҷовуз карда, молу мулкашонро мебурданду хонаашонро месӯхтанд, мегирад? Ё ин тарзи нави тарсондани мардум аст?
Писарамро ба сафи артиш бурданд ва маро ҷавоб доданд ва ҳамон рӯз ман зуд назди директори мактаби касбӣ Анваров Ҳ. рафтам ва гуфтам, ки як гувоҳнома диҳед, ки фарзанди ман дар ҳамин мактаб таҳсил дорад.
Анваров гуфт: “Ман чунин справка дода наметавонам, вале агар писаратон ихтиёрӣ ба аскарӣ равад, ман ҳам аттестаташ ва ҳам ҳуқуқномаи ронандагиашро медиҳам.”
Ана, акнун ёбеду гиред ба ин суханони директори хушомадгӯй, ки барои вазифа шуда, тарсид, ки справка дар бораи хонандаи мактаб будани писарам диҳад.
Чунин аст амали ғайрқонунии хушомадгӯён ва мансабдӯстон, ки ҳукумат чӣ коре фармоянд, иҷро мекунанд, вале намеандешанд, ки ин амалашон қонунӣ аст ё ғайриқонунӣ.
Пеш аз ҳама, аз Прокурори генералӣ умеди калон дорам, ки барои тафтиши пурраи ин қазия фармон медиҳад ва зери назорат мегирад.
Баъд аз вазири мудофиа дархост дорам, ки писарамро зуд аз сафи артиш озод кунад, то ки ӯ хонишро дар мактаб идома диҳад.
Бо умед,
Ғайбуллоев Ҳусейн,
падари Муҳаммадалӣ Ҳусейнзода,
сарбоз – талабаи мактаби миёнаи касбӣ
аз деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара, вилояти Суғд
Аз идора: Умедворем, ҳам Прокуратураи генералӣ ва ҳам Вазорати мудофиа, дар шахси роҳбарон ба ин навишта таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва ба доди чунин мардуми оддии корафтода мерасанд.