Зубайдуллоҳи Розиқ
«Наҷот»
27.03.2012, 15:00
Чаро фишорҳо ба ҲНИТ меафзояд?
Агар «протоколи 32-20» сохта аст, амалкардҳоро чӣ мегуед?
Кушишҳо баҳри берун кардани аъзо аз сафи ҲНИТ
Динситезӣ то ба кай?
Паёмадҳои хатарноки динситезӣ
Охирсухан
Чаро фишорҳо ба ҲНИТ меафзояд?
Се- чаҳор моҳи охир дар ВАО-и давлатӣ ва баъзе сомонаҳои интернетӣ ашхоси шиносу ношинос, бо ному насабҳои мустаъор Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳадаф қарор дода, бо кофтани чирк аз зери нохун, ба фаҳми худ айби зиёдеро ба пои ҳизб ва роҳбарияти он бастанианд. Аз услуби нигориш ва ному насаби онҳо пайдост, ки эшон танҳо дар пайи иҷрои супоришанд.
Албатта, ном он қадар муҳим нест, чун пушти он номҳо шахсоне ё доираҳое вуҷуд доранд, ки ба ким кадом хотире “заҳмат” мекашанду “чакида”-ҳои қаламро бидуни ҳисобот додан дар назди виҷдони худ, ки чи коре анҷом доданианд, дар саҳифаҳои нашрияву сомонаҳои интернетӣ дар ихтиёри хонандагон мегузоранд. Он тарафаш ҳавола ба қобилияти ташхисдиҳии хонанда аст, ки оё сиёҳро аз сафед фарқ мекарда бошад ё не.
Ин гуна ҳуҷумҳо баъди дар сомонаҳои интернетӣ паҳн шудани “Протоколи № 32- 20” аз ҷаласаи бо ном махфии назди Президенти ҶТ аз 24 ноябри соли 2011 ва доир шудани ҷаласаи изтирории Раёсати олии ҲНИТ ба ин хотир бо суръат афзуд. Бояд гуфт, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба хотири вазъи ногувори пешомада, ки аслан ба ҲНИТ рабт дорад, ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати олии хешро даъват намуда, вазъи сиёсии кишварро баррасӣ кард. Раёсати олӣ дар ин маврид баёния дода, дар он аз хатари ба вуҷудомада ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронии хешро изҳор кард. Ҳамин буд, ки таҳоҷуми матбуотӣ низ ба маротиб зиёд шуд.
Агар «протокол» сохта аст, амалкардҳоро чӣ мегуед?
Дар мавриди “протокол”-и мазкур дастгоҳи Президенти кишвар, ки ҳуҷҷат аз он ҷост, то ҳол чизе нагуфтааст. Вале баъзе муаллифон дар навиштаҳои хеш исрор ҳам доранд, ки ҳуҷҷати мазкур сохтаи дасти хасм аст. Мо бо онҳое, ки протоколи ёдшударо «сохта» унвон кардаанд, мехоҳем рӯи коғаз сӯҳбате дӯстона анҷом диҳем. Яке аз эшон аз ташвишҳои ҲНИТ ба хулоса омадааст, ки мо наҳзатиҳо ба доми душманони миллат афтодаем. Чунончи менависад: “Онҳое, ки дар сохтану паҳн кардани ин санади бардурӯғ даст доранд, нақшаи худро амалӣ карданд. Мушак ба ҳасиби даруни дом таваҷҷӯҳ карду гирифтори дом шуд”. Ин даъвои як нафар нест, дигарон ҳам чунин ишораҳое кардаанд.
Дӯстони азиз, биёед як бор даст болои дил ниҳода, одилона ҳукм кунем. Шумо аз рӯи инсоф бигӯед, ки чӣ касе ё кадом ҳизб гом ба сӯи дом гузоштан дорад?! Аз афташ шумо бар он гумонед, ки аъзои Раёсати Олии ҲНИТ рисолат ва вазифаи хешро дар назди ватан ва миллат намешиносад ва вазъро дуруст дарк карда наметавонад? Ба пиндори шумо, дар ҲНИТ шахсони масъулиятшинос, дӯстдори миллату ватан ва зираку фаҳмида вуҷуд надоранд, ки ҳадафи рӯзноманигори рӯзномаи “ Коммерсант”- ро дарк карда тавонад ва ин фақат шумоед, ки гӯё ба дарки масъала расидаед!
Дар ёд дошта бошед, ки нигаронии ҲНИТ аз вазъи пешомада, аз фитна ва дасисаҳои бегонагон, ҳамзамон амалкардҳои ҳамватанони дохилист, ки ба хотири ҳифзи манофеъ аз ҳаммиллатони хеш гурӯҳеро душман унвон мекунанд ва рақобатро душманӣ талаққӣ менамоянд. Даъвати ҷаласаи Раёсати Олии ҳизб танҳо ба хотири протоколи ба андешаи шумо сохта нест, балки таҳлили иқдомоти воқеъиест, ки махсус алайҳи аъзо ва масъулини ҲНИТ ва дар умум мусалмонони кишвар “тарҳрезӣ” шуда, аз тарафи ниҳодҳое, ки дар протоколи “сохта” вазифадор шудаанд, ба шакли силсилавӣ амалӣ мешаванд. Нишасти ғайринавбатии Раёсати олии ҳизб барои баррасии вазъи ба вуҷудомада баъди паҳншавии протоколи мазкур ва машварату ҷустуҷӯи роҳу усулҳои рафъи ҳолати ногувори пешомада аст, на ҷустани манфиати гурӯҳӣ ё ба таъбири шумо “ба умеди расидан ба ҳасиби даруни дом”.
Дӯстони азиз, шумо дар нигоштаҳои хеш хеле кӯшиш ба харҷ дода, исбот карданиед, ки протоколи мазкур воқеъият надораду сохтаи дасти хасм аст. Худо кунад, ки сохтаи дасти душманони кишвару мардуми ин ватани азиятдида бошад ва мо алайҳи ҳамдигар тавтиачинӣ накарда бошему минбаъд ҳам накунем. Илоҳо дурӯғ бошад. Қасам ба Худо, мо хоҳони сохтаву бофта будани онем, эй кош бофта бошад.
Кушишҳо баҳри берун кардани аъзо аз сафи ҲНИТ
Вале он чи моро мушавваш кардаву хостаи дили моро ба бод дода, воқеъияти ҳол аст. Ё он хасми берунае, ки ин корро анҷом дода, аз афташ хеле зираку устокор будааст. Чун протоколи мазкур бо воқеъияти кишвар як себи дукафонро мемонад ё ин санад сохтаи дасти душман нест. Биёед, протоколро бо воқеъияти рӯз муқоиса намоем. Дар ҳамаи ноҳияҳо маҳз дар ҳамин чанд моҳи ахир аз тарафи мақомоти ҳукуматҳои маҳалллӣ даҳҳо кӯшиши аз сафи ҳизб берун намудани аъзои он бавасилаҳои гуногун сурат гирифтааст. Ҳамчунин ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо баҳонаҳои мухталиф аз раисони бахшҳои ноҳиявӣ борҳо рӯйхати аъзои ҳизбро талаб кардаанд.
Дар ин маврид далелу аснод мавҷуд аст, ҳатто аз номи роҳбарияти ҳизб унвони он ниҳодҳое, ки талаби рӯйхати аъзои ҳизбро кардаанд, номаи расмӣ низ ирсол гардидааст. Дар баъзе аз навоҳӣ чанд тан аз аъзои ҳизбро бо роҳи фишороварии ниҳодҳои қудратӣ хориҷ карданд. Дар ин кор, ҳатто имом-хатибон низ сафарбар шудаанд. Аз ҷумла баёнияи сар то по тӯҳматбори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ, ки дар муддати ду рӯз ба тамоми масоҷиди кишвар расонда шуд ва дар он ҷаноби Абдулқодирзода аз салоҳияти худаш берун рафта, дар баробари хонадони Тӯраҷонзодаҳо ва раиси ҲНИТ тӯҳматро раво дид. Инчунин дар пойтахти кишвар санҷиши низоми шиносномаи шаҳрвандон гузаронда, хусусиёти мансубияти ҳизбиро низ пурсиданд.
Динситезӣ то ба кай?
Гузашта аз ин, аз аҳолӣ, дӯконҳову фурӯшгоҳҳо ва воситаҳои нақлиёт ба таври мунтазам мусодираи наворҳо ва дискҳои маънии динидошта идома дорад. Дар васоити иттилоотӣ роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пайгирона бо баҳонаҳои гуногун маводи муғризона ба табъ расид ва ҳамзамон дар нисбати муҳаррири ҳафтаномаи “Наҷот” низ. Тибқи иттилоъи ба даст омада дар ноҳияи А. Ҷомӣ ва Панҷ шумори зиёди масҷидҳоро ба дармонгоҳ ва толори варзишӣ табдил доданд. Ба гувоҳии масъулон дар вилояти Хатлон дар назар аст, ки боз 229 масҷиди сабтиномнашудаи дигар вуҷуд дорад, ки онҳоро низ ба марокизи тафреҳӣ ва дигар корҳо табдил диҳанд.
Дӯстони гиромӣ, нигорандагони мақолаҳо бар алайҳи Наҳзат, агар танҳо он чи гуфта шуд, чизи ҷадид мебуд, дар ин сурат ҳам метавонистем протоколи номбурдаро зери шубҳа барем, вале воқеъиятҳои талхи дигар низ вуҷуд доранд. Солҳост, ки Ҳукумати ҶТ ба нияти дур кардани мардуми мусалмони кишвар аз имону эътиқоди исломӣ силсилабарномаҳоеро рӯи даст дорад. Аз ҷумла, манъи пахши садои азон аз баландгӯякҳои масоҷиди кишвар, манъи занону духтарон аз пӯшидани либоси исломӣ ва аз рафтан ба масоҷид, ташкили маъракаҳои риштарошӣ, боздоштани ҷавонони то синни ҳаждаҳсола аз рафтан ба масоҷид, маҳдудсозии ҷойҳои намозхонӣ, иҷоза надодан ба таълимоти динӣ, ба ҷуз дар чанд мадраса ва масоҷиди ҷомеъ, дахолати бевосита ба барномаҳои дарсии мадрасаҳои расмӣ ҳақиқатест, ки ҳатто созмонҳои ҳуқуқии байналмилалро водор ба вокуниш кард.
Аз ҳама аҷибтар, аз минбарҳои масоҷид маҳрум кардани донишмандоне, мисли эшони Нуриддинҷону Маҳмудҷон, ҳоҷӣ Мирзо, домулло Муҳаммадуллоҳ, домулло Абдурраҳим ва дигар имом-хатибонест, ки мавриди таваҷҷӯҳи мардуми мусалмони кишвар қарор гирифтаанд ва дар тарбияи насли ҷавон саҳми арзанда доранд. Вақте ин ҳамаро инсони хушзеҳни мусалмон ба як ришта кашида, ба умқи масъала таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамояд, беихтиёр мегӯяд, дар мавриди ҳукумате, ки ин ҳама барномаҳои исломситезиро рӯи даст дорад ва онро амалӣ кардаистодааст, оростани ҷаласае ва қабул кардани санади корие, ки давоми маънавии барномаҳои амалишудаи мазкур аст, чӣ ҷои бовар накардан ва чӣ ҷои таъаҷҷуб дорад?
Паёмадҳои хатарноки динситезӣ
Таърих дар гузашта исбот кардааст, ки ҳама гуна мубориза алайҳи дин ё даъват ба озодӣ аз дин ё кӯшиши паст задании шаъни дин ҷинояти миллиест, ки натиҷаҳои номатлуб медиҳад ва паёмадҳои хатарнок дорад ва дар таҷриба ҳам исбот шудааст. Ва ҳама гуна инкори ин ҳақиқат гӯлзаниест, ки ба он танҳо касоне, ки қалбашон ба ҳақ бо ихлос наменигарад ва дари дилҳояшон барои хайру некӣ кушода нест ва табиаташон бузургӣ ва волоиятро намепазирад, паноҳ мебаранд.
Мо агар ба худ эътимоду боварӣ дорем ва ҳуввияти худро мешиносем, дар ин масъала набояд аз қафои дигарон равем, бахусус роҳу равишҳое, ки ба табъи ин миллат мувофиқат надоранд. Зеро мардуми мо зиёда аз сездаҳ садсола аз Ислом пайравӣ кардаву дар сояи таълимоти он ташаккул ёфта ва чеҳраҳои оламшумул ба ҷомеаи башарӣ тақдим намудааст, пайравӣ хоҳад кард. Аз ин ки чанд нафаре ё гурӯҳе аз рӯи нодонӣ ё ғаразпарварӣ ин ҳақиқати воқеиро фаҳмидан намехоҳад, парво надорад. Агар мо аз миллатҳои бегона пайравии кӯркӯрона намоем ва аз пайи ҳавову ҳавасҳо равем, бидуни шак дар чоҳи нотавонию пошхӯрӣ хоҳем афтод ва ба наслҳои ояндаи хеш хиёнат карда, онҳоро дар вазъи ногувор қарор хоҳем дод. Дар ин масъала роҳбари кишвар ва ҳар фарди солимфикре, ки дар ҷомеъа таъсир гузошта метавонад, бояд муносибати дурандешони дошта бошад.
Охирсухан
Умуми мусалмонон, ки аксари кулли раъияти кишварро ташкил мекунанд, бахусус донишмандони исломӣ ва бавижа ҲНИТ ба Ҳукумати Тоҷикистон чӣ бадӣ карданд? Ин ҳама барномарезиҳо алайҳи мусалмонон ва ҲНИТ ба кадом хотир аст? Оё вуҷуди як чунин ҳизб муҷиби болоравии эътибору обрӯи кишвар нест? Магар ин ҳизб по аз марзи қавонини кишвар берун ниҳод? Агар чунин карда бошад, чаро огоҳаш намекунед, вагарна ин ҳама дасисабозӣ чаро?
Дӯстони азиз, “насиҳатҳо” ва “хайрхоҳӣ”-ҳои шуморо хонда кас ба ёди байти Бедил меафтад:
Носеҳ сухани гуфтаат пур намакин аст,
Ҳайф аст ба захме, ки ту марҳам шуда бошӣ.