Соҳибкор Абдусамад Боеви 49 сола, бо ду фарзандаш, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон ба самти маркази ноҳияи А.Ҷомӣ, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дафтари матбуотии ВКД мегӯяд, ҳангоми бархурд, худи ронанда, Абдусамад Боев ва духтари ӯ Назира Боеваи 21 сола бинобар бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Фарзанди дигари соҳибкор, Анушервон Боеви 10 сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.