Categories Ахбори рӯз

Гуфтугӯи телефонии Обама ва Карзай дар Афғонистон

Имрӯз, 26-уми май Барак Обама, президенти ИМА, ки ба пойгоҳи ҳарбии ин кишвар дар Багроми Афғонистон рафтааст, ба ҳамтои худ, ҷаноби Карзай тамоси телефонӣ доштааст.
Сарвари ИМА президенти амалкунандаи Афғонистонро бо анҷоми неки даври аввали интихобот табрик гуфта, аз анҷоми неки даври дувуми он изҳори умед кардааст.
Дар навбати худ ҷаноби Карзай иттилоъ дода, ки маъракаи қасамёдкунии президенти тозаинтихоб рӯзи 2-уми август ба нақша гирифта шуда ва Обамаро барои ширкат дар ин маърака даъват кардааст, ки барои ҳаёти кишвар муҳим мебошад.
Тавре дафтари матбуотии Карзай иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни суҳбати телефонӣ ҳамчунин масоили мусолиҳаи миллӣ муҳокима шудаанд.
Ҷои тазаккур аст, ки ҷаноби Обама мехост шахсан бо Карзай дар Багром дидору мулоқот дошта бошад, вале Карзай инро рад кард. Вале боз ҳам президентт ИМА дар идома пайдо кардани ҳамкориҳои ҷонибайн изҳори умедворӣ намудааст. Имзо накардани шартномаи дуҷонибаи амниятӣ миёни Вашингтону Кобул оид ба амният аз сӯйи Карзай рахнаеро дар муносибатҳои онҳо бар ҷой гузошт, аммо ба ҳар ҳол, номзадҳои ба даври дувум интиқолёфта изҳор доштаанд, ки дар сурати ғалаба дар интихоботи президентӣ ба ин шатнома имзо мегузоранд.

More From Author

You May Also Like