Имрӯз (якшанбе, 29.01.2012), мисриҳо барои интихоби палатаи болоии парлумон (Маҷлиси Шӯро) ба марказҳои овоздиҳӣ рафтанд. Марҳилаи аввали интихоботи палатаи болоӣ ду рӯз (имрӯз ва фардо) дар 13 минтақа давом дошта ва марҳилаи дуввум ва саввум то 11-уми марти 2012 давом хоҳад кард.
Дар соли 1980, адади курсиҳои палатаи болоии Миср 264 буда, аз ин адад 88 курсиро Президенти ҳамонвақта таъйин мекард ва ин ҳол то замони қиёми мардумӣ дар моҳи декабри соли гузашта давом кард. Баъди барканории Ҳуснӣ Муборак дар 11-уми феврали 2011, интихоботи Маҷлиси Шӯро (палатаи болоӣ) дар се марҳила барои 270 курсӣ дар муддати 14 рӯз (аз 29- уми январ то 11-уми марти 2012) аз тарафи Маҷлиси олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср эълон шуда буд, ки имрӯз шурӯъ шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар интихоботи ахири парлумонӣ (палатаи поин), ки 11-уми январи 2012 ба итмом расид, ихвониҳо 235 курсӣ (47.2 %) ва Ҳизби «Нур»- и салафӣ 123 курсӣ (24.7 %) аз маҷмуъи 498 курсӣ гирифтанд. Яъне исломиҳои Миср зиёда аз 70 фисади овозҳоро дар интихоботи озод ва шаффоф ба даст оварданд. Ба гуфтаи коршиносон, ҳамон сенарияе, ки ҳизбҳои исломӣ дар интихоботи парлумонӣ аксари овозҳоро насиб гаштанд, дар интихоботи палатаи поин бо фарқияти кам такрор хоҳад шуд.