Талабшоҳи Салом, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
Бархӯрди дидгоҳҳо
Аз суҳбати Давлатхоҷа Назиров бо Давлат Усмон бармеояд, ки ҳанӯз солҳои 1971 домулло Ҳикматтулоҳ, ки дар ноҳияи собиқ Куйбишев мезист, мубориза алайҳи хурофот ва дигар анъанотеро, ки аз дин гуфта мешуданд, оғоз намудааст. Аммо нуқтаи дигари қобили таъкид ин буда, ки домулло Ҷӯра, дигаре аз домуллоҳои вилояти Хатлон, фақеҳ ва мударрис дар ин минтақа зидди ин гуна иқдоми мулло Ҳикматуллоҳ баромад намудааст.
Ба навиштаи Давлатхоҷа Назиров, домулло Ҳикматуллоҳ «ният дошт, дар бораи манъ намудани баъзе одатҳо, ки бо мурури замон таҳти таъсири фақеҳони Осиёи Миёна ба Ислом ворид шуда, байни мусулмонон анъана гашта буданд, баромад кунад. Аз ҷумла, қурбонӣ дар рӯзи дафн, тақсими иртиш ё парчаи матоъ, зиёрати ҷойҳои муқаддас, ҷамъоварии назр аз ҷониби эшонҳо». Вале домулло Ҷӯра зидди иқдомоти ӯ баромада гуфтааст, «ин одатҳо бо мурури замон ба маросиму анъанаҳои мусалмонӣ табдил ёфтаанд ва диндорон моро нодуруст хоҳанд фаҳмид.» (Давлатхоҷа Назиров, «Исломи сиёсӣ», саҳ. 299)
Қабл аз он ки ба ташреҳи масъалаи боло – шуруъи мубориза алайҳи хурофоту бидъатҳо пардозем, тазаккури нуқтаеро ҷоиз медонем ва нуқтаи мавриди назари мо дар бораи шахсият, макони таваллуди устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва домулло Ҳикматуллоҳ аст. Саидумрон Неъмонов, яке аз дигар ҳамсафони устод Нурӣ мегӯяд: вақте устод Нурӣ ҳамчун домулло то ҷое шуҳрат касб кард, домулло Ҳикматуллоҳ ӯро аз назди устодаш махсуми Сиёмуддин ба назди худ бурдан хост.
Саидумрон Неъмонов ин ҷиҳати масъаларо ба муносиботи қабилавӣ миёни тоҷикободиҳову вахёчиҳо муртабит медонад. Зимнан бояд гуфт, мутаассифона, ин масъала – қабилагароӣ ва маҳалгароӣ, ки феълан ҳам дар марҳалаи авҷи хеш қарор дорад, он замон низ дар мафкураҳо нақш баста будааст. Агарчи маҳалгароӣ дар зеҳни мо решаи қавӣ дорад, вале аз гуфтаҳои ҳамсуҳбати мо бармеояд, ки он замон қабилагароӣ низ дар ҳаёти мардум ҷойи намоён дошта.
Мусаллам аст, ки рустои Иштиён, деҳе, ки устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба дунё омадааст, марбут ба водии Вахёст. Аз ин лиҳоз, ҳарчанд оилаи устод ҳанӯз дар хурдсолии ӯ аз ин водӣ ба ноҳияи Вахш кӯчонида шуда буд, аммо вахёчиҳо бештар ба шахсияти устод Нурӣ ифтихор менамуданд ва тоҷикободиҳо бошанд, домулло Ҳикматуллоҳро аз нигоҳи макони таваллуд эҳтиром намекарданд. Шахсияти дуввумӣ, яъне домулло Ҳикматуллоҳ низ дар Тоҷикобод намезист, балки сокини деҳаи Яккатути ноҳияи Куйбишев, (Абдураҳмони Ҷомии) ҳозира буд.
Албатта, ин ду нафар зодагони манотиқи мухталифи як кишвар ва фарзанди як миллатанд, вале бинобар қабила ва маҳалгароӣ дар аввал ҳар яке боиси ифтихори ақвоми худ шуда. Ҳамин тариқ, тавре ишора шуд, ба нақли Саидумрон Неъмонов, домулло Абдуллоҳ (устод Нурӣ) аз қабоили вахёчӣ буду миёни қавмаш аз эҳтироми хоса бархурдор. Дар чунин ҳол, домулло Ҳикматуллоҳ медонист, ки бо ҷалби домулло Абдуллоҳ зодагони водии Вахёро низ ба маҳдудаи хеш ҷалб месозад. Барои ҳамин домулло Абдуллоҳро ҷонибдорони домулло Ҳикматуллоҳ тарғиб мекарданд, ки бо ӯ наздикӣ ҷӯяд, зеро аллакай илмаш баробар ба илми махсуми Сиёмиддин шудааст. Домулло Ҳикматуллоҳ бошад, чун баҳри беканори илму дониш асту вақти он расидааст, ки домулло Абдуллоҳ шогирдии ӯро бипазирад.
Ба нақли ҳамсуҳбатам, натиҷа ин шудааст, ки устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамроҳи падараш баҳри дуъо гирифтан назди махсуми Сиёмиддин равад. Вақте домулло Нуриддин, падари устод Нурӣ ҳамроҳи фарзанди хеш назди Сиёмиддин менишинанд ва матлаби хешро пеш мегузоранд, ӯ шогирдашро дуъо намедиҳад, ба ин маънӣ ки домулло Абдуллоҳ истеъдоди хуб дорад ва бояд таҳсилашро идома бидиҳад. Чунин ҳол домулло Нуриддинро ба андеша водор карда ва ӯ ба фарзанди хеш гуфта, «агар устодат розӣ нест ва туро дуъо намедиҳад, бигзор, дар назди ӯ таҳсилат идома ёбад».
Чун домулло Ҳикматуллоҳ ва марҳум махсуми Садриддин ва Сиёмиддину дигарон мубориза бо хурофотро шуруъ намудаанд, наҳзатиён хостанд дар робита ба ин мақсади пешгирифтаи домуллоҳо, алайҳи тоқивор ва иртиш тарғиботро густурда намоянд. вале вақте домуллоҳо аз раъйи хеш баргаштанд, наҳзатиҳо ба қавли худ дар робита ба мубориза бо иртиш содиқ монданд. Дар чунин ҳол, домулло Ҳикматуллоҳ онҳоро назди хеш хонда, хостааст, то эшон низ аз мубориза даст кашанд. Ин дар ҳоле буд, ки домулло Ҳикматуллоҳ ҳалқаи васеъи дарсӣ дошт ва дар ҳоли мунсаҷим шудани ду ҷониб шумори домуллоҳои зидди тоқивор ва иртиш афзоиш меёфт. Ин ҳам дар замоне воқеъ меуфтод, ки амалҳои хурофотӣ миёни ҷомеъа решаи амиқ давонида буданд. Дар ин маврид Саидумрон Неъмонов мегӯяд, вақте наҳзатиҳо назди домулло рафтанд ва гуфтанд, ки аз ин кор даст намешаканд, балки мақсади худро ҷиҳати васеъ кардани тарғибот алайҳи хурофот пешниҳод карданд, домулло Ҳикматуллоҳ гуфтааст, дар ин маврид борҳо даъват аз мардум анҷом гирифтааст, ба ин хотир фарзияти таъкиди масъала аз уҳдаи онҳо соқит шудааст. Гузашта аз ин эшони Абдураҳмонҷону эшони Аҳмадхӯҷа ҷиҳати пеш бурдани тарғибот ва ё даъват алайҳи тоқувору иртиш розӣ нестанд, бинобар ин набояд дафъатан сари ин масъала баргашт, чунки дар ҳамин поя эҳтимоли пеш омадани ихтилофи дигаре ҳаст.
Дар чунин ҳол, домулло Неъматуллоҳ Эшонзода, ки шомили ин ҳайат будааст, мавзеъгирии домулло Ҳикматуллоҳро бепоя дониста гуфтааст, ки «мо назди Шумо ҳамчун олим омадем. Аммо аз суҳбат чунин бармеояд, ки мо низ бо умеди махсуму эшон шуда, суханони қаблии Шуморо иҷро накунем? Шариъат муҳимтар аз мавзеъгирии дигарон аст». Бо ҳамин, ба нақли Саидумрон Неъмонов, миёни ҳайат ва домулло Ҳикматуллоҳ бархӯрди дидгоҳу назарҳо сурат гирифт ва ҳайат манзили ӯро тарк кард.
Дар зимн суоле сар мезанад, ки иртиш ё тоқувор чӣ буд? Дар ҷавоб ба ин савол бояд гуфт, солҳои 50-60-ум соҳибони майит баъд аз маросими ҷаноза бастаҳои матоъеро медарониданд ва миёни ҷанозагарон тақсим менамуданд, ки ин амал тибқи тавони соҳибони майит ва ҳар он чизе ки наздикон меоварданд, амалӣ мегашт. Масалан, агар хонаводае доро буд, чанд бастаи матоъро тибқи дар кадом поя қарор доштани ширкатдорони ҷаноза тақсим мекард. Вале агар оилае шароити чунин тақсимотро надошт, як бастаи матоъро ба таври кӯчак даронида тақсим менамуданд, ки он латтапора ба дарди касе намехӯрд ва онҳоро ҳамчун «табаррук» аз маите, ки дар ин дунёи фонӣ нисбатан бештар умр дидааст, ҳифз менамуданд. Баъдан, ба ҷойи ин гуна поракуниҳои матоъ тақсимоти пул пайдо шуд, ки ин амалро низ ба истилоҳ тақсими тоқувор ва ё иртиш мегуфтанд. Ин навъи иртиш ҳам мисли одати аввалӣ вобаста ба дороии соҳибони майит амалӣ мегашт. Хонаводаҳое буданд, ки дар аввал 10 сӯм ва баъдтар бештар аз инро ба ширкатдорони ҷаноза тақсим мекарданд, аммо афроди нодортар, ҳадди аксар то ба 5 сӯм медоданд.
Наҳзатиҳо зидди ин амал буданд, ба он хотир ки ин одат ягон заминаи қуръонӣ ва фармудаҳои суннатро надошта ин масъала ба дурнамои рӯзгори қишри бенаво мушкилот эҷод мекард. Ин масъала айни хостаҳои режими лодинии вақт буд, ки «Исломро дар назари мардум бад ҷилва медоданд ва сарфи ин махориҷро зарар мешумориданд, ки гӯё аз ҷониби Ислом ба мусалмонон таҳмил шуда бошад.» («Мелоди нур», саҳ.10)
Баъд аз ин вохӯрие, ки бенатиҷа анҷом шуд, наҳзатиён муборизаи худро бо хурофоту дигар расму оинҳое, ки аз номи дин гуфта мешуданд, идома доданд. Ин иқдоми онҳо дар робита пайдо гаштани ҷонибдорони зиёде низ мусоидат кард. Макони даъвати онҳо, ба гуфтаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, «…маросими ташйиъи ҷаноза, маросими тӯйи арӯсӣ, дар дохили утоқҳои кӯчак сурат мегирифт, оёт ва аҳодисе хонда мешуд. Ва он ҷо таблиғоти ахлоқӣ сурат мегирифт, ки ба сохтори режим ва ҳукумати ҳамон вақт ҳеҷ гуна зараре надошта бошад» («Мелоди нур», ҳамон саҳифа). Вале афзудани суфуфи наҳзатиҳо сабаби зиддият бо домулло Ҳикматуллоҳ ва баъзе аз эшонҳо гашт. Яъне он ҷониб хостанд аъмоли наҳзатиҳоро назди Мавлавии Ҳиндустонӣ ба дигар тарз матраҳ намоянд, ки ин устоди наҳзатиҳо ҷонибдори иртиш ҷилва ёбаду аъмоли шогирдон аз ҷониби устод ғалат ҳукм гирад.
Ба нақли Саидумрон Неъмонов, дар яке аз рӯзҳо мулло Абдураҳмон, мутаваллии масҷиди шаҳри Қӯрғонтеппа Мавлавии Ҳиндустонӣ ва эшони Абудраҳмонҷонро даъват карда, аъмоли наҳзатиҳоро ба баҳс кашиданд. Ва аз ҳазрати Мавлавӣ суол карданд, ки дар расми ҷаноза додани тоқувор дуруст аст ё на? Мавлавӣ Муҳаммадҷон дар ҷавоб гуфт: иҷрои ин амал дуруст аст, аммо матоъро исроф накарда, надаронида диҳед. Тоқуворро тарзе диҳед, ки фарде онро ба сифати иртиш гирифтааст, истифода бурда тавонад. Дар чунин ҳол, яке аз ширкатдорони баҳс ҳузури Мавлавӣ Муҳаммадҷон арз кард, ки мулло Амриддини шогирдаш дар яке аз маъракаҳо тағои худро аз гирифтани тоқивор манъ кардааст. Баъд аз ин Мавлавӣ Муҳаммадҷон гуфт: ӯ нодуруст рафтор намуда ва чаро ин корро кардааст? «Чун дидам, ба гирифтани тоқувор иҷозат надодани мулло Амриддинро нодуруст ташреҳ доданд, гуфтам: эҳтимол тағои Амриддин марди доро будааст, барои ҳамин мулло Амриддин ӯро иҷозат надода, ки тоқувор гирад. Чун ҳазрати Мавлавӣ ин суханро шунид, иброз дошт, ки «тоқувор ҳаққи афроди ғанӣ нест, балки онро бояд ба камбағалон дод», афзуд зимни суҳбат бо мо Саидумрон Неъмонов.
Идома дорад…
“Наҷот”