Categories Ахбори рӯз

Ҳамоиши байналмилалии исломӣ дар Маскав

Даҳумин ҳамоиши байналмилалии исломӣ бо ҳузури ҳайатҳои олирутбае аз кишварҳои исломӣ дар Маскав баргузор шуд.

Ба гузориши “Ирна”, равобити умумии шӯрои муфтиҳои Русия ҳамоиши байналмилалии Маскавро баргузор кард.

Дар ин ҳамоиш шахсиятҳои исломӣ ва рӯҳониёни мусалмону мақомоти беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Эрон, Русия, Туркия, Кувейт, Қазоқистон, Қирғизистон, Арабистони Саудӣ ва Ироқ ширкат доштанд.

Шайх Раул Айниддин раиси Шӯрои муфтиҳои Русия дар ин ҳамоиш бо таъкид бар ваҳдати Ҷаҳони Илом хотирнишон кард, ки вазифаи мо танзими идеологияест, ки сабаби ваҳдати исломии ҷаҳон ва милалу ақвоми гуногуни мусалмон шавад.

Барномаи мазкур бештар мавзуъҳои якпорчагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар бар мегирифт, ки имрӯз яке аз масоили муҳим ба шумор меравад. Мақсад ва мароми асосии ин ҳамоиш як ҷо шудани тамоми мусалмонҳо ва ба ҳам омадани онҳо, ҳамчунин дурӣ ҷустан аз фитна ва гурӯҳҳои ифротгаро ба шумор мерафт.

More From Author

You May Also Like