nahzat.tj
17.03.2012, 17:00
Аксҳо аз ҳамоиш:
http://nahzat.tj/akhbori-hizbi/item/4539
Сабтҳои аудиоӣ аз ҳамоиш:
http://nahzat.tj/akhbor/item/4541
Дирӯз 17- уми марти соли 2012 дар маҷлисгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти устодони шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва МуҳаммадшарифиҲимматзода анҷом ёфт. Дар ин ҷамъомад фаъолони ҳизб, меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла, аз чанд сафоратхонаҳо, ширкат доштанд. Маросимро роҳбари ҳамоиш муовини раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ифтитоҳ намуд.
Чи хеле, ки маҷлисоро Бобоҷони Қаюмзод таъкид намуд, ин маҳфили бузургдошт озод аст ва ҳар нафаре мехоҳад, метавонад сухан мегуяд.
Мавлавӣ Абдулҳай, яке аз собиқадорони ҳизб дар бораи нақш ва мақоми аҳли дин дар ҷамъият, муносибати эшон ба моли дунё ва дар бораи дунёву охират шарҳи ашъори қироаткардаашро тафсир намуд. Инсон бояд ҳам дунё ва ҳам охирати худро бо аъмоли нек оро бидиҳад. Ӯ бо ғазали худнавиштааш дар ҳаққи устоди шодравон устод Нуриро суханронии худро хатм кард.
Сиёсатшинос Рашид Абдулло фикр ва андешаи худро дар бораи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода арз намуда, мақому нақши шоистаи онҳоро, махсусан дар бунёди сулҳ дар марҳалаи аввали истиқлолият таъкид намуд ва нотакрор маънидод кард.
Сайидиброҳими Назар, мушовири аршади ҳизб дар бораи мактаби устодон марҳум сухан ронд ва ёддошт кард, ки диндорӣ ва тақвои устод Нурӣ ҳамеша барои ӯ дар мадди аввал ва қобили пайравии дигарон буд.
Оқои Ардуш, роҳбари Ройзании фарҳангии Ирон дар зимни суҳбат гуфт, ки ӯро насиб будааст, ки дар сафари охирин устод Нурӣ дар Теҳрон вохурӣ кунад. Ӯ ба аҳли нишаст ва ҳизб комёбиҳо орзу намуд.
Намояндаи Маҷлиси намояндагон Суҳроб Шарифов қайд намуд, ки устод Нурӣ дар сулҳи тоҷикон саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҳуринисо Ғаффорзода, сарвари созмони ҷамъиятии «Оштии миллӣ, аз хотираҳои худ дар бораи устод Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода нақл карда, гуфт ки ин ду абармард дар қатори Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон арзанда ҳастанд.
Яке аз шогирдони устодон Асадуллоҳи Вализода низ дар бораи хизмати бузургон ба Ислом ва хотираи худ дар бораи ташрифи устод дар Теҳрон нақл кард.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода гуфт, ки мутаассуфона шахсиятҳои бузург дар зиндагиашон қадр намешаванд. Имом Бухорӣ, Имоми Аъзам дар охири умр гирифтори ранҷу фишорҳо буданд. Воқеан, имруз наҳзатӣ будан ҳам ифтихор асту ҳам масъулият. Мо бояд сабр кунем ва сабр ба мазмуни таҳаммул кардан аст. Фишор оранд, мо бояд таҳаммул кунем. Худо ҳеҷ миллатеро тағйир намедиҳад, магар худи онҳо худро тағйир надиҳанд.
Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин, яке аз муассисони ҳизб, Домулло Аббос аз вилояти Суғд ва
Ҷалолиддини Маҳмуд, раиси шуъбаи ҲНИТ дар ноҳияҳои тобеи марказ низ суханронӣ карданд.
Ҳамоиш бо суханронии Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва бо тиловати пораи Қуръони маҷид аз тарафи фарзанди устоди марҳум М. Ҳимматзода анҷом пазируфт. Фишурдаи алоҳидаи суханрониҳои Раиси ҳизб устод М. Кабирӣ, устод Ҳ. А. Тураҷонзода ва Мавлавӣ Абдулҳай ва дигарон дар ҳолати омода шудан пешкаши хонандагон мегарданд.