Ба гузориши “Араби ниюз”, Ғозӣ Ҳамд гуфт, ки ба тозагии дидорҳое миёни аъзои Ҳамос ва масъулони аврупоӣ ва амрикоӣ дар бархе кишварҳои арабӣ анҷом шудааст.
Вай дар идома гуфт, ки охирин дидорҳо дар ин замина наздик ба ду ҳафтаи пеш анҷом шуд, ки дар он тарафи муқобил изҳор дошта, ки дигар ҳеҷ тавҷеҳи қонунӣ ва сиёсӣ барои боқӣ мондани номи Ҳамос дар феҳрасти терроризм вуҷуд надорад.
Ҷонишини умури хориҷаи Ҳамос дар Ғазза бо ин ҳол хотирнишон кард, ки ин тамосҳо ҳанӯз ба сатҳи тасмимгирандагон нарасидааст.