Баъди 51 рӯз ҷанги нобаробар ва қатли беш аз 200 кӯдаки бегуноҳ дирӯз паймони сулҳ байни Исроил ва фаластиниҳо ба имзо расид. Сулҳе, ки мардуми Фаластин худро пирӯзи он медонанд ва ҳамдигарро табрик мегуянду пойкубӣ мекунанд. Аммо дар Исроил назарҳо дигар аст. Онҳо худро шикастхурда меҳисобанд ва ба ин бовар ҳастанд, ки Исроил дар ин ҳамла ба ҳадафаш нарасидааст. Бинобарин як буҳрони дохилӣ дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст.
Аммо ҲАМОС дар як баёнияаш эълон кардааст, ки мардуми Исроил метавонанд ба хонаҳояшон баргарданд, зеро мо ба сулҳу паймонҳоямон ҳамеша пойбанд будем ва хоҳем монд. Аммо мардуми Исроил бидонанд, ки ин ҲАМОС аст, ки ба онҳо иҷозат баргаштан ба хонаҳояшонро додааст ва оромишро барояшон замонат медиҳад на Натаняҳу.
Дар бахше аз баёнияи ҲАМОС омадааст: “ мо зимни эъломи пирӯзии миллати қаҳрамони Фаластин салом ва дуруд мефиристем ба руҳи поки кудакон, занон ва мардону хонаводаҳои бегуноҳе, ки ин дунёро падруд гуфтанд ва хуни покашонро барои дифоъ аз озодии сарзаминашон ва сарбаландии миллаташон тақдим намуданд. Набарди “Асфул маъкул” собит кард, ки миллати мо дар Ғазза, Каронаи Бохтарӣ, Қудс, сарзаминҳои ишғолӣ ва хориҷ аз кишвар низ як пайкари воҳид ҳастанд ва аз ормони миллати Фаластин барои озодии сарзамин ва бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳояшон ҳимоят мекунанд”.
Қобили зикр аст, ки яке аз шартҳои аслии музокироти сулҳи байни Исроил ва Фаластин ин хотима додан ба муҳосираи Ғазза мебошад. Яке аз раҳбарони ҲАМОС ҳам дар як гузориши худ таъкид кардааст, ки мо фурудгоҳи Ғаззаро бозсозӣ ва роҳандозӣ мекунем ва бандари обӣ ҳам месозем. Ҳаркасе ба фурудгоҳи мо ҳамла кунад мо ҳам фурудгоҳашро мезанем. Ин ҳаққи миллати мо аст, ки бо дунё дар иртиботи озод бошад. ҳеҷ кас ҳақ надорад моро аз ин ҳуқуқҳои инсониямон маҳрум намояд. Баёнияи ҳаракати ҲАМОС дар ҳоле садо медиҳад, ки Исроил то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст. Ба назар мерасад ихтилофоти дохилии ин кишвар ру ба афзоиш аст ва сабаби таъхири изҳори назари мақомоти ин кишвар низ ба эҳтимоли зиёд дар ҳамин аст.
Пирӯзии ҲАМОС як бори дигар собит кард, ки хун метавонад бар шамшер ғолиб ояд ва ҳукуматҳо набояд беш аз ҳад ба қудрату неруи худ такя кунанд ва пеш аз оне, ки маҷбур ба муколама ва гуфтугӯ шаванд, беҳтараст бидуни талафот ва дар фазои созанда онро роҳандозӣ намоянд.
Categories
ҶАҲОНИ ИСЛОМ