Ҳания: “миллати Фаластин ҳаргиз таслим намешавад”

Ҳания, нахуствазири ин кишвар зимни таъкид бар суботу пойдории фаластиниён дар баробари муҳосираи Исроил иброз дошт, ки миллати Фаластин ҳаргиз таслим нахоҳад шуд ва роҳи худ ба самти истиқлолу озодӣ ва бозгашти тамомии оворагон ба шаҳру диёрашонро идома хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузориҳо, Исмоил Ҳания, нахуствазири Фаластин дар ҷараёни ифтитоҳи чандин пружаи муҳим дар шаҳри Байти Лоҳия бори дигар муҳосираи Ғазза тавассути Исроилро маҳкум ва аз кишварҳои арабӣ хост, то аз миллати Фаластин дар баробари зулму ҷиноятҳои ин режим ҳимоят кунанд.

Вай иброз дошт, ки мутаассифона бархе дӯстони наздик ба мо низ дар муҳосираи Ғазза даст доранд. Ӯ гуфт, ин ки Исроил моро муҳосира кунад, амри аҷибе нест, аммо муҳосираи миллати Фаластин аз тарафи касоне ки аз уммати араб ва ҳамзабони мо ҳастанд ҷойи басе тааҷҷуб ва таассуф аст.

Бо ин ҳама таъкидҳо дар охирсухани худ Ҳания иброз дошта, ки новобаста аз он ки имрӯз Исроил дар ҳамбастагӣ бо бархе аз кишварҳои арабӣ ва бо мо бародар шаҳрҳои моро муҳосира ва мардумро зери шиканҷа қарор медиҳанд, миллати Фаластин бо инояти Худованд ҳаргиз назди онҳо сар хам нахоҳад кард.

More From Author

You May Also Like