Categories Uncategorized

Тарҷумаи киитоби охирони Муҳаммадҷон Шакурӣ бо забонҳои англисӣ ва русӣ

Китоби шодравон Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» аз забони тоҷикӣ ба забонҳои англисӣ ва русӣ тарҷума шудаанд.

Гуфта мешавад, ки китоби мазкур бо кӯмаки молиявии Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба ин забонҳо тарҷума шудаанд.

Бояд гуфт, ки китоби мазкур соли 2010 зери таҳрири Пайванди Гулмуродзода дар нашриёти «Шуҷоиён» ба табъ расида буд.

Дар ин китоб муаллиф бо нигоҳи нав воқеаҳои инқилоби Бухороро баррасӣ карда, муайян кардааст, ки он раванди табиию таърихӣ ва иҷтимоӣ набуда, балки истилои болшевикони Русия ва табадулоти давлатӣ будааст.

Бино ба иттилои манбаъ китоби мазкур ба китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва китобхонаҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ройгон тақсим карда мешавад.

More From Author

You May Also Like