Categories Uncategorized

Ҳарамгул дурӯғи Кумитаи динро фош мекунад

nahzat.tj

Хӯшае аз боғи матбуот

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар мақолаи «СПИД-ро дар масҷидҳо пешгирӣ мекунанд?» (муаллиф А. Иброҳим) нигарон аст, ки шумораи гирифтори ин беморӣ дар минтақаи Кӯлоб дар афзоиш аст. Махсусан, шумораи онҳо дар шаҳри Кӯлоб зиёд буда, аз 503 нафар ба 316 нафар расидааст, ҳол он ки дар дигар ноҳияҳои минтақа камтаранд: дар Фархор 21, дар Восеъ ва Данғара 26 нафарӣ ҳастанд. Ҳафтанома менигорад: “Амирхон Исмоилов, сардори шӯъбаи эпидемологии Маркази мубориза бар зидди бемории СПИД дар минтақаи Кӯлоб: «Шахсанд ман худам ҳамроҳ бо комиссияи ҷумҳуриявӣ ба масҷиди мулло Мирзо, Алавердӣ ва чанди дигар рафта, бо намозгузорон сӯҳбатҳо оид ба пешгирии СПИД гузаронидам. Ин дар ҳоле, ки тӯли 10 соли мавҷудияти Марказ аз шумули намозгузорони масҷидҳои шаҳр ягон нафар сироятёфта ба қайд гирифта нашудааст.»

Илова ба ҳафтанома, маълумот медиҳем, ки ашхоси хатнашуда назар ба хатнанашуда даҳҳо бор камтар ба СПИД гирифтор мешаванд ва ҳатто Ҳукумати Амрико барои кишварҳои африқоӣ лоиҳаеро маблағгузорӣ мекунад, ки маъракаи хатнаи бачаҳои ғайриисломиро гузарониданд, то ки шумораи СПИД кам шавад.

Олга Тутубалина ва Темур Варқӣ аз «Азия Plus» дар мақолаи «Кӣ ҷавоб медиҳад?» менависанд, ки дар даргириҳои хунолуд, ки дар Хоруғ рух дод, айби вазоратҳои қудратӣ низ ҳаст. Масалан, истифодаи нерӯҳои Вазорати мудофиа дар низоъҳои дохилӣ мумкин нест ва танҳо пас аз эълон кардани вазъияти фавқӯллода ва фармони президент истифодаи артиш имконпазир мегардад.

Муаллифон бар он ақидаанд, ки қатли генерал Абдулло Назаров барои ворид кардани низомиён ба ин минтақа як баҳона буд ва сабаби асосии ин амал пурра дар итоати Марказ қарор надоштани ВМКБ буд. Ҳамчунин ин нашрия мақолаи Аваз Юлдошевро бо номи «Дар Тоҷикистон моҳонаи ҳадди ақал 2,5 баробар зиёд мешавад» чоп кардааст, ки воқеан хабари хуш ва қаноатбахш аст, зеро агар ҳозир як маоши муаллими категория олӣ 312 сомониро ташкил диҳад, пас аз афзудан он ба 500 сомонӣ баробар мешавад ва аз 1 январи соли 2013 нафақаи асосӣ ба 105 сомонӣ мерасад.

Раҷаби Мирзо бо «Почерк»-и шинос» дар «СССР» перомуни гуфтушунид дар бораи тақдири ояндаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон менависад, ки дигар Русия ба Тоҷикистон бовар надорад ва шояд аз ҳамин сабаб «…муовини вазири мудофиаи Русия маҳз дар бинои сафорати кишвараш нишасти матбуотӣ доир намуд, на мисли дигарон дар ягон бинои маъмурии Тоҷикистон…»

Ҳарамгули Қодир бо мақолаи «Тоҷирони Кумитаи дин» дар нашрияи «Нигоҳ» масъалаи фурӯши доруҳои Тиян Широ тавассути Кумита ба ҳоҷиҳо бардоштаст. Ҳоҷие, ки аз ноҳияи Файзобод будааст, иқрор мекунад, ки «ҳафтае пеш 4 намуд доруи чиниро, ки гӯё аз растаниҳои кӯҳӣ тайёр шуда, ба саломатӣ фоида доштаанд, ба 800 сомонӣ харидааст. Вай гуфт: «Ду нафар, ки худро намояндаи Кумитаи дин муаррифӣ карданд, ба ҳаҷравандагон таъкид карданд, ки ин доруҳоро харидан зарур аст ва ин талаботи кумита аст…» Аммо «Абдуғаффор Юсуфов, мудири шӯъбаи равобити байналмиллалии Кумита гуфт, ки ин хабар воқеият надорад.»

Вале намояндаҳои ширкати Тиян Ши дар ҷаласаҳои омодагии ҳоҷиён ба ҳаҷ иштирок мекардаанд. Тоҷиддин Лолаев, сарвари шӯъбаи корҳои дини шаҳри Ваҳдат ба «Нигоҳ» иштироки намояндагони Тиян Широ тасдиқ кард.

Кадоме аз ходимони Кумитаи дин дурӯғ мегӯяд; Абдуғаффор Юсуфов ва ё Тоҷиддин Лолаем… Ва ё ташаббус аз роҳбари зинаи поёнтар сар задаст, дертар шояд маълум гардад.

«Миллат» номаи Заррина Тошеваро аз вилояти Суғд бо номи «Шабакаи аввал танҳо аз шаҳрдорӣ не, балки бояд аз тамоми мардуми тоҷик узр пурсад» ба табъ расонидааст. Заррина бо дард менависад, ки маҷбур аст барномаҳои телевизион Узбакистонро тамошо кунад, чунки «дар ин барномаҳо намоишҳои шавқовари фароғатӣ ва омӯзишӣ пешкаш мешаванд. Узр, аммо аз Шабакаи аввал ғашам меояд… Проблемаҳои муҳимми стратегии давлатро як сӯ монда, дар хатогиҳои имлоии шаҳрдорӣ айб меҷӯянд. …Ҷуръат надоранд, ки ба мушкили дар ноҳияи Спитамени Суғд ҷойдошта, ки чанд деҳа (Шаббода, Ҷомӣ) аллакай моли Узбакистон шудаанд, дахл кунанд… Дар бист соли охир муаллим ва духтур хонаи нав нагирифтааст. Шумо кормандони телевизион аз ҳисоби давлат соҳиби хонаҳои нав гардидед. Шумо асосан аз пули мо – андозсупорандаҳо маош мегиред. Ва Шумо бояд аз тамоми ҷумҳурӣ узр пурсед, ки мардумро аз симоҳои хориҷии антенна «тарезка»-ҳо ба телевизиони миллӣ ҷалб карда наметавонед!»

Каюмарси Ато аз «Фараж» кӯшидааст, то мизони диндорӣ ва бехудоиро дар Тоҷикистону ҷаҳон дар асоси пурсишномаи созмони маъруфи назарсанҷии Гэллап муайян кунад, вале танҳо ҳаминро донистааст, ки дар Тоҷикистон шумораи даҳриҳо кам шуда, онҳо дар ҷамъият худро ноҳинҷор эҳсос мекунанд.

More From Author

You May Also Like