Categories ДИДГОҲ

Ҳар амали намоишкорона ширки кӯчак аст

Иҷрои амалҳои нек ҳамчун намоиш, яъне ба хотири он ки одамон амали моро дида, таъриф кунанд, ки чунин хулқи хуб дорем, дар Ислом бо номи риё (ширки кӯчак) ёд мешавад.
Иҷрои амалҳои нек душвор нест, аммо пок доштани он аз риё душвортар аст. Риё тамоми амалҳои некро маҳв мегардонад, пас бояд амалҳои худро аз маҳв шудан эҳтиёт намоем. Аммо чӣ тавр? Барои ин кор пеш аз ҳама чӣ будани риёро донистан лозим ва зарур аст.
Нисбат ба касоне, ки ба хотири намоиш амали солеҳ анҷом медиҳанд, Худованд ғазабнок мешавад ва дар ин хусус каломи Худо ва аҳодиси набавӣ хабар медиҳанд:
«Пас вой бар он намозгузороне, ки дар намози худ саҳлангоранд (дар ғафлатанд), онон, ки риё мекунанд», (сураи «Моъун», 4-6).
«Шуморо фақат барои Худо таъом медиҳем ва аз шумо на музде мехоҳем на шукре», (сураи «Инсон», 9).
«Бигӯ: Ман инсоне ҳастам монанди шумо, ба ман ваҳй мешавад. Албатта, Худои шумо худоест якто. Ҳар кас дидори Парвардигори худро умед мебандад, бояд кирдори шоиста дошта бошад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад», (сураи «Каҳф», 110).
Пайғамбари Худо (с) ҳам мефармояд: Бештар ман аз он метарсам, ки шумо ба ширки асғар пойбанд мешавед.
Саҳобагон пурсиданд, «ширки асғар чист»?
Пайғамбари Худо (с) ҷавоб дод, он риё аст.
Инчунин дар ҳадиси дигар мефармоянд: Ҳар амале, ки дар он ҳатто як зарра ҳам намоишкорӣ ҳаст, мақбули даргоҳи Илоҳӣ намегардад.
Дар ҷои дигар: Дар рӯзи Қиёмат, вақте бандагон барои амалҳои худ аҷр талаб мекунанд, Худованд онҳоро ба назди касоне равона месозад, ки он амалҳо барои онҳо анҷом дода шуда буданд. Оё онҳо аҷре дода метавонанд?
Аз ҳазрати Муоз ибни Ҷабал (р) хоҳиш карданд, ки аз суханони гуҳарбори Расули акрам (с) нақл намоянд. Ҳазрати Муоз нақл карда, ки: Боре Расули Худо (с) ба ман муроҷиъат карда гуфтанд: «Эй Муоз!
Ҷавоб додам, ки гӯш мекунам, эй Расул (с), падару модарам фидоят бод.
Пайғамбар (с) гуфт: Ман ба ту чизеро мегӯям, ки агар дар қалбат нигоҳ дорӣ, ба ту фоида дорад, агар фаромӯш кардӣ, дар рӯзи Қиёмат барои сафед карданат сабаб намешавад.
Эй Муоз, Офаридгор пеш аз офаридани осмонҳо ва замин ҳафт фариштаеро халқ кард, сипас ҳафт осмонро офарид ва ба ҳар яки онҳо як фариштаро муваккил сохт. Ҳоло ҳар амале, ки одамон иҷро мекунанд, аз тарафи «кироман – котибин» (фариштагоне, ки барои навиштани амалҳои банда машғуланд) навишта ва ба даргоҳи Худованд бардошта мешаванд. Вақте фариштаҳо амали бандагонро бардошта ба осмони якум мерасанд, муваккили осмони якум як қисми онҳоро боло баромадан намонда мегӯяд: Ба ман амр шудааст, ки амалҳои ғайбаткунандагонро ба боло нагузорам, инҳоро баред ва ба рӯи иҷрокунандагонашон занед, зеро ғайбат мекунанд.
Он қисми фариштагоне, ки аз осмони якум гузашта буданд, ба боло парвоз мекунанд, то даме, ки ба осмони дуюм мерасанд. Дар ин ҷо ҳам муваккил қисме аз онҳоро боз дошта мегӯяд: Ба ман амр шуда, ки амалҳои касеро, ки ба хотири баланд бардоштани мартаба назди дигарон иҷро мекунанд, ба боло бурдан нагузорам. Инҳоро баред ва ба рӯи иҷрокунандагонашон занед.
Фариштаҳое, ки аз осмони дуюм ҳам мегузаранд, ба сӯи осмони сеюм парвоз мекунанд. Муваккили осмони сеюм боз қисме аз онҳоро нигоҳ медорад: Ман вазифадорам, амалҳои мутакаббиринро ба боло бурдан нагузорам, пас онҳоро баргардонед.
Онҳое, ки аз ин осмон ҳам мегузаранд, ба осмони чорум мерасанд. Дар ин ҷо ҳам муваккил пас аз санҷиш баъзе аз фариштагонро гузаштан намемонад: Ин амалҳоро баред ва ба рӯй ва шикаму пушти иҷрокунандагонашон занед, зеро онҳо бо иҷрои ин амалҳо мағрур шуда, ифтихор кардаанд.
Боқимондаҳо аз осмони чорум ҳам гузашта ба осмони панҷум мерасанд ва дар ин қабати осмон амалҳоро мисли арӯс оро дода, ба муваккил пешниҳод мекунанд. Аммо муваккили осмони панҷум ҳам як қисми онҳоро ҷудо карда мегӯяд: Ин амалҳоро бурда ба рӯи иҷрокунандагонашон занед, зеро онҳо бахил мебошанд ва ба онҳое, ки мисли худашон ё аз онҳо беҳтар амал мекунанд, ҳасад мебаранд.
Фариштагоне, ки аз осмони панҷум мегузаранд, ба осмони шашум мерасанд ва муваккили ин осмон ҳам қисме аз онҳоро пеш рафтан намемонад: Инҳо амалҳои касоне мебошанд, ки раҳм надоранд, агар ба сари касе бадбахтӣ ояд, хурсанд мешаванд, барои ҳамин амалҳояшонро гузаронидан намемонам.
Боқимондаҳо ба осмони ҳафтум мерасанд. Муваккили осмони ҳафтум нисфи онҳоро нигоҳ дошта мегӯяд: Инҳо амалҳоеанд, ки ба хотири ризои Худо анҷом наёфтаанд. Онҳоро баред ва ба рӯи иҷрокунандагонашон занед!.
Он қисми ками фариштагон, ки аз ин монеъаҳо мегузаранд, амалҳои одамонро ба пеши Худо мегузоранд, он гоҳ Худованд мегӯяд: Шумо нигоҳдорандагони амалҳои бандагонед. Ман нигоҳдорандаи ҷону қалбҳояшон. Онҳоеро, ки ният аз иҷрои амалашон ибодати Ман набуд, лаънат мекунам.
Дар он вақт ҳамаи фариштагон ҳам чунин бандагонро лаънат мекунанд.
Ҳадиси дигаре ҳам ҳаст: Шумо аз як водии даҳшатноки дӯзах паноҳ талабед. Он барои касоне омода шудааст, ки Қуръонро барои намоиш мехонанд.
Аз хондани ин ояту ҳадисҳо мефаҳмем, ки риё чӣ зиёну зарарҳои бузурге доштааст. Пас мо бояд аз ин кор худро дур бигирем.
Худоё, амалҳои нависандаи ин матну хонандаи он ва дар умум амали кулли муслиминро бе риё ба даргоҳат мақбул гардон ва қиблаи аввали мо, Байтулмуқаддасро аз истилои яҳудиён озод бисоз, омин!
Бобои Шарофиддин

More From Author

You May Also Like