Categories Uncategorized

Раҷаби Мирзо: “Синаи раҳм”

Номзад шудани Ойниҳол Бобоназароваро чаро бояд ҳукумат ҳам ҷиддӣ бигирад ва ҳам бо хушнудӣ бипазирад? 

Ахиран нерӯҳои мухолифи сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ИНИТ ҷамъ омадаанд, номзади ягонаи худро дар интихоботи президентӣ маълум карданд. Гуфта будем, ки дар сурати номзад шудани Кабирӣ, ё Зойиров дар ин маърака, аз як ҷониб интригаи интихобот тамом мешавад ва аз сӯи дигар идомаи маърака то андозае хашину пурасабонияттар хоҳад гашт, ки барои вазъияти кунунии ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифину дар маҷмӯъ мамлакат мувофиқ нест…

Ба таври ғайримунтазира барои баъзеҳо ва гурӯҳҳои хос ба сифати номзад ҳуқуқшиноси шинохта ва раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Перспектива +” Ойниҳол Бобоназарова ба ин мақом пазируфта шуд. Аллакай аз баҳсҳои оғозшуда дар бораи номзадии ӯ ҳам маълум мешавад, ки ширкати Бобоназарова ба ин маърака рангу тобиши нав хоҳад бахшид. Илова ба ин, номзадии ӯ чанд вижагиҳоеро дар худ дорад, ки қобили андеша ва таҳлиланд.

Аввалан, бори нахуст аст, ки як бону дар Тоҷикистон ба сифати номзад ба президентӣ муаррифӣ мешавад. Дар ҷомеаи суннатии мо ин падидаи нав буда, ҳассосиятҳоеро ҳам дорад. Ба ҳар сурат, мехоҳем ё не, тибқи омори расмӣ беш аз 52 фисади аҳолӣ ва 70 аз сади интихобкунандаи Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Бар илова, теъдоди зиёди муҳоҷирони кориамон дар Русия мардон буда, бори сангини рӯзғор ба ӯҳдаи бонувон афтодааст. Дуруст аст, ки дар интихоботҳои мо, тибқи таҷрибаҳои санҷидашуда, бештари вақт масоили муҳимеро чун сиёсату интихобот мардҳо “ҳаллу фасл мекунанд” ва аз ин рӯ маҳз онҳо ба интихоботҳо рафта, ба ҷои ҳамсару духтару келини худ овоз медиҳанд. Аммо бо пайдоиши як бонуи номзад ба президентӣ, чаро назари бонувон дар тасмимгириҳову ширкат дар маъракаҳои интихобот тағйир наёбад?

Бештар аз ин, маълум аст, ки ҳар як падидаи нав боиси таваҷҷӯҳи бештари мардум мегардад. Бубинед, Барак Обама вақте ба сифати аввалин сиёҳпӯсти амрикоӣ номзад ба президентӣ шуд, чӣ сару садоро ба бор овард. Баъзеҳо аз сари дилсӯзӣ ба ҷонибдории Обама рафта бошанд, бархеи дигар ҳамту аз сари шавқ. Дар натиҷа ӯ ғолиб омад. Бигзор дар ин интихоб стратегияи хоси давлатии ИМА низ нуҳуфта бошад. Хулоса, номзад гардидани Бобоназарова аз ин нуқтаи назар гашти аҷиби мухолифин дониста мешавад.

Дуввум, бори дуввум дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки нерӯҳои мухолиф ва шахсиятҳои ҷудогона дар як эътилоф ҷамъ шуда, номзади ягонаро пешниҳод мекунанд. Бори аввал дар интихоботи соли 1991 нерӯҳои исломӣ – демократӣ тавониста буданд, ки дар атрофи як номзади воҳид – Давлат Худойназаров муттаҳид гашта, ба номзади ҳукумат – Р Набиев рақобати ҷиддӣ намоянд. Аз ин ҷост, ки дар умум ҳудуди 33 фоизи раъйи интихобкунандагонро соҳиб гаштанд. Аввалин тазоҳуроти пас аз интихобот ва норозигии нерӯҳои мухолиф, ки мегуфтанд маърака пуртақаллубу ғайридемократӣ сурат гирифтааст, далолат аз он мекард, ки идораи давлат ба Р Набиев осон даст намедиҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ҳамагӣ пас аз чанд моҳи интихобот гирдиҳамоиҳои давомдору кӯтоҳмуддат ахиран умри ҳукумати Набиевро ҳарчи кӯтоҳтар намуд. Аммо номзади ягонаи нерӯҳои мухолиф дар ин миён коромад шуд. Ба ҳар сурат, вақте асабонияти зиёд аз ҷониби ҳам ҳукумат ва ҳам нерӯҳои мухолиф сар мезад ва онҳо яке аз паи дигар иштибоҳоти навбатиро содир мекарданд, маҳз Д. Худойназаров ба сифати “кабӯтари сулҳ” тавонист дар эътидоли нисбии вазъ мусоидат намояд. Махсусан пас аз гирдиҳамоиҳои давомдори майдони Шаҳидон ва Озодӣ, вақте мардуми Кӯлоб дар моҳи май бо ташаннуҷ ёфтани вазъ майдонро тарк карданд, маҳз Д. Худойназаров онҳоро то минтақаи бехавфтар гусел намуд. Дуруст аст, ки “генерали мардумӣ” Қиёмиддини Ғозӣ баъдан навишт, ки дар ин иқдом саҳми ӯ зиёдтар мебошад, аммо дар сарчашмаҳои таърихӣ аслан номи Давлат Худойназаров дар ин ҳолат сабт шудааст ва аз рӯи мантиқ ҳам номи собиқ номзад ба президентӣ, ки 33% овозҳоро бо худ дошт, бояд коромадтар бошад.

Д Худойназаров ҳамчунин дар лаҳзаҳои ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ тавонист ба минтақаҳои доғ, аз ҷумла Кӯлобу Қӯрғонтеппа сафар кунад ва ҷонибҳоро ба созиш даъват намояд. Тахаллуси “кабӯтари сулҳ” дар номи ӯ маҳз ҳамин овон пайдо гардид. Аммо охирин кӯшиши Д Худойназаров барои ислоҳи вазъ бо пазируфтани мақоми раҳбарии Шӯрои давлатӣ, ки ҳамагӣ чанд рӯз давом кард, ба итмом расид. Бо ин ҳама, номи ӯ мисли дигар раҳбарони мухолифин доғдору хатчадор нашуд. Ин таърих ва ин таҷрибаро ба он хотир бо номзад шудани О Бобоназарова ба ёд овардем, ки тибқи тахмини баъзе таҳлилгарон интригаҳои интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз маълум нашудаанд. Дар сурати пайдоиши мушкили ҷиддӣ ҳам барои сарҷамъсозии нерӯҳои сиёсии мухолиф ва ҳам барои гуфтушунид бо ҷониби дигар як номзади созишкор зарур аст. Ҳаводиси Қирғизистон ва дар курсии муваққати раҳбарӣ нишастани Роза Отунбоева нишон доданд, ки чунин шахсиятро аз байни бонувон интихоб кардан ба манфиати ҳамагон аст. Бо ин ки дар баробари занон таъбири “синаи раҳм” зиёд истифода мешавад, дар лаҳзаҳои душвор онҳо метавонанд тасмимҳои ҷиддиву санҷидашуда бигиранд…

Махсусияти сеюми дурустии интихоби Бобоназарова ба сифати номзад аз он иборат аст, ки потенсиали воқеии нерӯҳои сиёсии дохилии Тоҷикистон як маротиба пас аз солҳои тӯлонӣ маълум хоҳад гашт. Барои маълум шудани ин потенсиал аз як ҷониб, агар фазои номусоиди вазъи умумӣ монеа шуда бошад, аз сӯи дигар амбитсияҳои хоси гурӯҳиву ҳизбии ин нерӯҳо мусоидат кардааст. Аз ин рӯ, номзад шудани Кабирӣ ё Зойиров ин баҳсро тӯлонитар мекард ва ахиран боиси боз ҳам ошкор нашудани зарфиятҳо мегашт, ки дар шароити мо то андозае хатарзо ҳам ҳаст. Ҷои гап нест, ки маълум кардани зарфиятҳои ошкорнашуда бисёр кори мушкил ҳам бошад, барои давлатдорӣ хеле муҳим аст. Мутаассифона фазои сиёсии мамлакат ҳатто пас аз имзои Созишномаи сулҳ ҳам имкон наёфт, ки маълум шавад. Инро ҳукумат мехоҳад ё не, аммо “мушкилоти ҳуқуқии Қувват Султон” дар соли 2004 -2005, ба маҳбас андохтани муовини ӯ Рустам Файзиев, ки ахиран дар зиндон вафот кард, пайдоиши “қазияи М. Искандаров – раиси ҲДТ” ва барои 23 сол ба маҳбас афтодани ӯро дар соли 2005, пеш омадани ҳодисаҳои ахири марбут ба Зайд Саидовро ҳамчун “натиҷаҳои сиёсӣ” маънидод мекунанд. Дар ин сурат, агар Зойиров ё Кабирӣ номзад мешуд ва боз ҳам ба ягон мушкил мувоҷеҳ мегардиданд, дар дохил ва хориҷ сару садои зиёд ба вуҷуд меомад. Ин барои ҳукумат ва имиҷи он зарбаи сахте хоҳад буд. Аммо барои ҳукумат номзадии Бобоназароваи ба ҷомеа начандон шинохта ва он ҳам бону обрӯи наве медиҳад. Дар натиҷа ҳукумат метавонад аз баҳри “номзадҳои кисагӣ” -и худ комилан гузашта, тамоми нерӯи худро барои “номзади арзанда” -и ҳизби ҳоким равона созад. Бо ин зарфиятҳои ҳукумати Тоҷикистон низ маълум шуда, як маъракаи пуршарру шӯрро ба вуҷуд меорад ва аз гуфтугузорҳо дар бораи “оромии интихоботӣ” раҳо мешавад. Воқеан, чанд рӯз пеш мушовири давлатии Президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷ Давлатов дар як нишаст гуфт, ҷаноби Раҳмон интизор надорад, ки дар интихоботи навбатии президентӣ 70 – 80 аз сади овози интихобкунандаҳоро соҳиб шавад. Бубинед, дар интихоботи соли 2006 22 фоизи овозҳои мардумро номзадҳои бамаротиб заъиф аз президент Раҳмон гирифта буданд. Пас, агар ин миқдор ё аз он бештари овозро ин дафъа ба номзади ягонаи мухолифин тақсим кунанд, оё замин ба осмон хоҳад часпид?

Баръакс, ин имиҷи наве ба ҳукумат хоҳад дод ва машрӯияти онро бештар мекунад. Дуруст аст, ки мақомоти ҳукумат эҳтимолан на аз шахсияти Бобоназарова, балки аз атрофиёни ӯ, ё шахсони боэътимодаш дар маъракаи интихоботӣ, яъне Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, М Кабирӣ ва Р Зойиров ва дигарон истиҳола кунанд. Вале мушорикати онҳо низ дар сурати муносибати дурусти ҳукумат на танҳо ба зарар, балки манфиати ҳамагон, аз ҷумла ҳукумат хоҳад буд. Ин нукта шарҳи алоҳида мехоҳад…

Манбаъ: «Фараж»

More From Author

You May Also Like