Categories Мавқеъ

«Ҳафтаи шаҳид»-и Афғонистон дар Тоҷикистон

Дирӯз, 24-уми сентябр дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон маросиме баргузор гардид ба хотири «Ҳафтаи шаҳид» ва меҳмонону мизбонон устоди шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистонро ёд ва гиромӣ доштанд.
Ҳамон маросиме, ки дар кишвар ва миллатии мо низ ниёз ба расмият даровардани чунин як рӯз аст.
Ҷаноби Абдулғаффори Орзу, аз муборизаи ин ду абармарди таърих сифат карда, ҷойгоҳи онҳоро дар фазои илмӣ-сиёсӣ ва ҷиҳодии Афғонистон ивазнашаванда арзёбӣ кард, ки дар воқеъ таҷрибаи чанд соли набудани онҳо дар саҳнаи сиёсии Афғонистон инро ошкор месозад.
Гузорушу сӯҳбатҳои зиёде ҳам дар мавриди шинохти ҷойгоҳи шаҳид дар фарҳанги зиндагии ҷомеъаи мусалмонӣ ва бо чӣ тарзе ба шоҳат расонидани устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд анҷом гирифтанд.
Дар ин маҳфили нур ва зиё шахсиятҳои шинохтаи кишвар ва иддае аз масъулини ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ширкат доштанд, аз ҷумла Мӯъмин Қаноъат, шоъири миллат, Низомиддин Зоҳидӣ, муъовини вазири корҳои хориҷӣ, Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдуқодирзода, райиси Шӯрои уламо, Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шурои олии Тоҷикистон, Рустами Ваҳоб, донишманди тоҷик ва дигарон.
Ҷаноби Орзу бо ишора аз ширкати Низомиддин Зоҳидов, муъовини вазири корҳои хориҷӣ гилаҳое ҳам ҳам дошт дар мавриди бетаваҷҷуҳии мақомоти Тоҷикистон нисбат ба ҳузури намояндагони Афғонистон дар нишасту маҳфилҳои хос дар шаҳри Душанбе ва ба ин мазмун гуфт: гилааш ба ҷои зарурӣ бирасад.
Манзур аз гилаи сафири кишвари дӯст ва ҳамсоя ҳам нишасте буд, ки чанд рӯз қабл дар Китобхонаи миллӣ дар чаҳорчубаи «Рӯзи Рудакӣ» бо ибтикори Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ройзании фарҳангии ҶИИ конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ ва суннатгароӣ дар адабиёти тоҷику форс” баргузор гардид. Таҷлил аз «Рӯзи Рӯдакӣ» аз соли 2002 оғоз шудааст. Вале дар чунин як конфоронс намояндае аз Афғонистон даъват нашуда будааст. Дар ҳоле ки устод Рудакӣ чаҳор соли умрашро дар Ҳирот гузаронда, шеъри маъруфи хеш “Буи ҷӯи мулиён”-ро дар фазои ин шаҳр сурудааст.
Ба ҳар ҳол, як масъала норушан монд, ки гиромидошти «Ҳафтаи шаҳид» ҳам намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои исломӣ ҳузур надоштанд.

More From Author

You May Also Like