Дар изҳороти ВКХ-и ин кишвар омадааст: Қирғизистон нигарониҳои ҷомеъаи ҷаҳониро дар қиболи вазъияти шидатёфтаи Укроин ба хубӣ дарк мекунад ва «тамоми амалҳое, ки ба бесуботии Укроин мебаранд, онҳоро маҳкум менамояд. Аз ин хотир изҳороти рӯзи 11-уми марти Януковичро мантиқӣ намедонем.
Сарчашмаи ягонаи ҳукумат дар ҳар кишвар мардуми он мебошанд. Дар ҳиҷ маврид президенте, ки эътимоди мардумро аз даст дода, масъулияти хешро канор гузошта, аз кишвари худ гурехтааст, президенти машруъ нест. Маҳз ҳамин гуна бемасъулиятӣ ва фасодкории ҳукумати собиқи Укроин ба буҳрони феълӣ ва кушта шудани мардуми бегуноҳ овардааст.
Қирғизистон ҷонибдори ҳарчи тезтари ҳалли вазъияти ба вуҷуд омадаи Укроин бо роҳи мусолиматомез аст, роҳи музокирот ва муколама бо риъояи ҳатмии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал ва ойинномаи СММ, омадааст дар изҳороти ВКХ-и ин кишвар
Categories
Ахбори рӯз