Шукрона Ахмедова
nahzat.tj
Бо ташаббуси шуъбаи бонувони ҲНИТ бахшида ба фарорасии моҳи тавваллуди босаодати ҳазрати Муҳаммад (с) дар маркази ҳизб рӯзи 31 январ машварати илмиву маърифатии «Пайёмбаратро бишнос!» баргузор гардид, ки зиёда аз 160 нафар занон ва духтарон иштирок доштанд. Маҳфилро Марями 6 – сола бо тиловати чанд ояи Қуръони карим ҳусни оғоз бахшид.
Баъд аз ин суолу ҷавоб оиди зиндагӣ ва рисолати паёмбар Муҳаммад (с) баргузор гардид, ки дар он 16 – нафар занону духтарон иштирок намуданд.
Сипас Шарофат Ҳусайнӣ маҳфилро идома дода, дар бораи ҳаёти муаллими башарият, хотами анбиё Паёмбар (с), чанд нуктае аз ояҳои Қуръон ки дар васфаш гуфта шудааст, ироа фармуда, гуфт: “Дар ҳақиқат паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) шахсияти беназире мебошад, ки Худованд ӯро бар дигар пайёмбарон бартарӣ ва афзалӣ додааст. Дар сураи Аъроф омадааст: “Эй инсонҳо, ман расули Худо ҳастам барои тамоми башарият” Яъне, агар пайёмбарони гузашта барои қавмҳо ё миллатҳо фиристода мешуданд, пайёмбари мо барои тамоми башарият аст, ки ин яке аз вижагиҳои Муҳаммад (с), мебошад Ва инчунин дар сураи “Анбиё” ояти 108 мефармояд: “Магар нафиристодем туро раҳмате барои оламиён. Магар бо ҳамаи ин сазовор нест, ки аз ӯ итоат ва пайравӣ кунем.”
Шахсе аз ҳазрати Алӣ (р) суол кард: Шумо чӣ қадар Расулаллоҳро дӯст доштед ва мизони муҳаббати шумо бо ишон чӣ қадар будааст? Ҳазрати Алӣ дар ҷавоб арз кард: Ба Худо савганд, мо Расулаллоҳро аз занон, фарзандон, падарон, модарон, амвол ва аз оби хунук дар ҳоли шиддати ташнагӣ бештар дӯст медоштем. Он чи аз забони ҳазрати Алӣ берун омад, рост буд ва воқеият дошт. Чаро чунин набошад. Онон комил-ул-имон буданд ва Худованд мефармояд:
“Ба онон бигӯ: агар падарон, модарон, бародарон, занон, хонавода, моле, ки онро ба даст овардаед ва тиҷорате, ки дар мавриди он метарсед, косид шавад, агар ҳама ва ҳамаи инҳо барои шумо маҳбубтар ҳастанд аз Аллоҳ, расулаш ва ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, он гоҳ мунтазири азоби илоҳӣ бошед. Худованд каҷравон ва дигарандешони роҳи худро ҳидоят намекунад ва ба мақсад намерасонад ”.
Ҳазрати Анас (р) мегӯяд: Расули акрам (с) фармуданд: Ҳеҷ кас муъмини комил ва воқеъӣ намешавад, то замоне, ки маро аз падар, модар ва аз тамоми хонавода, ҳатто аз тамоми мардум бештар дӯст надошта бошад. Ҳамин матлаб аз ҳазрати Абӯҳурайра нақл шудааст.
Ҳазрати Анас (р) мегӯяд: Расули акрам фармуданд: се хислат ва одат агар дар ниҳод ва вуҷуди касе пайдо шавад, ӯ ширинӣ ва лаззати имонро эҳсос мекунад.
1. Яке ин ки муҳаббати Аллоҳ ва расули Аллоҳ дар дили ӯ аз муҳаббати мо ба сӯйи Аллоҳ бештар бошад.
2. Дуввум ин ки муҳаббат ва адоваташ ба хотири Аллоҳ бошад.
3. Саввум ин ки баргаштан ба сӯйи куфр барояш чунон душвор бошад, ки гӯё дар оташ андохта мешавад.”
Инчунин хонум Нурӣ дар бораи дӯстдори Пайёмбар суханронӣ намуда, гуфт, ки бузургтарин аломати муҳаббат ба расули Худо ин аст, ки аз суннат ва равиши зиндагии ӯ табаият кунем. Рафтор, гуфтор ва шеваи зиндагии ӯро барои худ улгу қарор бидиҳем. Аз фаромини ӯ табаият кунем. Амру наҳйи ӯро бо ҷону дил бипазирем. Дар ранҷу роҳат, дар рифоҳу тангдастӣ, дар ҷангу сулҳ ва дар ҳар ҳол аз ишон пайравӣ кунем. Дар Қуръон омадааст: “Эй Муҳаммад, ба онон бигӯед, агар Худоро дӯст доред, аз ман табаъият кунед. Он гоҳ Худованд шуморо дӯст дошта, гуноҳони шуморо мавриди мағфират қарор хоҳад дод. Худованд бахшанда ва меҳрубон аст.”
1. Бояд гуфт, ки уламои исломӣ дар масъалаи зан ва нақши ӯ дар ҳаёти мард, дар оила, ҷомеъа ва дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ назари мухталиф доранд. Гурӯҳе бар онанд, ки рисолати бузурги зан аз маҳдудаи нек итоат кардан ба шавҳар, идораи оила ва омодани фарзандон ба зиндагӣ берун нест. Гурӯҳи дигар бар ин назаранд, ки зан аз ҳуқуқҳое бархӯрдор аст, ки аз марзи ин маҳдуда берун меравад. Ба ин гурӯҳ дуввум модарони мӯминонро метавонем дохил кунем. Далелҳо ва оёти қуръонӣ дар хонаҳои онҳо нозил шудаву маҳз ишон татбиқгари ин таълимот буданд. Ин таълимотро ишон зери назари Паёмбари гиромии ислом ба амал татбиқ карданд. Он ҳазрат онҳоро таълим дод ва ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кард ва ишонро муаллимаҳои занони ҳамон насл ва раҳнамоёни занони наслҳои баъдӣ қарор дод. Пас месазад, ки аз зиндагӣ ва ҳаёти онон бохабар бошем. Аҳодиси Расули акрам тафсири амалии Қуръони кариманд, зеро хулқи Паёмбар (с) Қуръони карим буд.
Ман киям то наъти воло, ай паёмбар, гӯямат,
Эзидат лавлок гуфт, ман чизи дигар гӯямат.
Чун Худо хулқи азиматро сутуда дар набаъ,
Ман аз ин бартар чӣ медонам, ки бартар гӯямат.
Аз чӣ қомусе биёбам ҳарфи мавзуну латиф,
То кунам такрори он ҳҳарфу мукаррар гӯямат.
Дар забон васфи сазоворе намеёбам магар,
Аз дили пуриштиёқу ҷони музтар гӯямат.
Эй вуҷуди беназират ғояти мо филвуҷуд,
Сафҳаи пайғоми ҳақро хатми дафтар гӯямат.
Чун ҳидоятро ба номат зад рақам Парвардигор,
Раҳнамову раҳраву раҳдону раҳбар гӯямат.
Эй ба сайри ломакон бигзашта аз руҳуламин,
Роздону пардари Ҳайи Акбар гӯямат.
Иттибоъат гашта мар ҳубби Худоро восита,
Корвони ишқро солору сарвар гӯямат.
Эй чароғи рушане каз дасти Ҳақ афрӯхта,
Мар шабони тираро моҳи мунаввар гӯямат.
Дар охир аз 16 нафар иштирокчии озмун 2 нафар ҷойи аввал, 2 нафар ҷойи дуввум ва 2 нафар ҷойи саввумро гирифтанд. Ба ғолибони озмун аз тарафи шуъбаи бонувони ҲНИТ туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.