Categories Ахбори рӯз

“Шараф” ба гурзандоз

Э. Раҳмон
дар остонаи истиқбол аз 24-умин солгард аз истиқлоли давлатии Тоҷикистон як гурӯҳ
аз кормандони касбу кори гуногунро бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди
низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонид.

Бо
ордени “Дӯстӣ” раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим
Майбалиев қадрдонӣ шуд. Теъдоди зиёди ходимони соҳаҳои гуногуни кишвар бо орденҳои Шараф дараҷаи 1 ва Шараф дараҷаи 2
сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, Озода Раҳмон, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо
ордени “Шараф”, дараҷаи як ва Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик бо ордени
“Шараф” мукофонида шуданд. Ба дигар намояндагони илму фарҳанг, ниҳодҳои низомию
қудратӣ унвону ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаҳои генералию орденҳои
Спитамен тақдим карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола дар осстонаи ҷашни истиқлолияти
Тоҷикистон ходимони давлатӣ, зиёиён бо мукофотҳои давлатӣ тақдим мегарданд.

More From Author

You May Also Like