FIFA: Тоҷикистон мақомашро дар зинаи 116 нигоҳ доштааст

Рейтинги наве, ки имрӯз 19 – декабр FIFA нашр намуд, Тоҷикистон бо 286 имтиёз мавқеашро дар мақоми 116-ум нигоҳ доштааст.

Тоҷикистон дар миёни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 15 ва дар байнитимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 11-ум мебошад.

Дастаҳои мунтахаби Украина (18), Русия (22), Арманистон (34), Узбакистон (68), Беларус (82), Озарбойҷон (95), Эстония (96), Молдова (97), Гурҷистон (101) ва Литва (102) пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Дар мақоми аввал мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳон ва Аврупо, дар зинаи дуввум Олмон ва дар зинаи сеюм Аргентина қарор доранд.

Дар рейтинги FIFA Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Рейтинги FIFA аз соли 1993 – ба ин сӯ тартиб дода мешавад.

More From Author

You May Also Like