Categories Uncategorized

Ҷинояткории занон бештар шудааст

“Дар муддати шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз сӯи занон 690 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 241 маврид бештар аст.” Ин нуктаро Сумангул Тағоева,раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон имрӯз 26 – июл зимни нишасти матботӣ қайд намуд.

Ҳамзамон, дар соли ҷорӣ 311 маврид худкушӣ ва худсӯзӣ сабт шудааст, ки дар 164 ҳолат занон ба ин аъмоли нангин даст зада, 34 нафари дигар ноболиғон мебошанд.

Хонум Тағоева, мегӯяд, ба ин ниҳод на танҳо занон, балки мардони тоҷик низ муроҷиат мекунанд.
Ӯ мегӯяд, дар шашмоҳаи аввали соли равон ба ин ниҳод 152 нафар хаттӣ ва 199 нафар шифоҳӣ муроҷиат намудаанд, ки аз инҳо 14 нафарашон мардон мебошанд.

More From Author

You May Also Like