Ҳизби наҳзати исломӣ макони мансабтақсимкунӣ набуду нест…

nahzat.tj

“Ҳар ки моро дар масъалаи хидмат ба Ислом мағлуб кард, мо аввалин касе мебошем, ки онҳоро табрик намуда, кӯмакашон мекунем.”

Рӯзи 3 ноябр дар қароргоҳи ҲНИТ дидори Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо гурӯҳи ҷавонон баргузор шуд.

Ин вохӯрӣ инчунин тариқи интернет ҳамзамон пахш мешуд ва мо якчанд суолу посухи ҷолибро ҳам аз толор ва ҳам аз интернет интихоб кардем ва онро тақдим медорем.

Суол: Шумо дар моҳи май бахшида ба муносибати 15-умин солгарди Ваҳдати миллӣ пешниҳод кардед, ки маҳбусон авф шаванд. Натиҷаи ҳамин иқдом чӣ шуд?

Посух: Бале, чунин хоҳиш карда будем, ки маҳбусон, ба хусус он нафароне, ки аз ҳар ду тараф дар муноқишаи шаҳрвандӣ иштирок намудаанд, озод карда шаванд. Он вақтҳо шояд фурсат нашуд. Умед дорем, дар муносибатҳои дигар ҳатман авф хоҳанд шуд. Зеро дар ояндаи наздик сессияи 16-умро дар кишвар ҷашн мегиранд. Агар воқеан ин авф ба муносибати сессия шавад, як гурӯҳ ба зиёрати фарзандону падару модари хеш бирасанд, шояд, ки аз ҳама муҳимтари таъсири сессияи 16-ум ҳамин бошад. Яъне, савобтарин коре, ки дар ҳамин 20-сол мешавад, шояд ҳамин бошад. Умед аст, ки авф шаванд.

Суол аз Маскав: Имрӯз чи тавре маълум аст, ҳукумати Тоҷикистон ё самти худро ба куллӣ иваз кунад ё ин ки ҳукумат иваз шавад. Бо ин мақсад ба шумо савол дорам, агар ба тағйирот ба қонуни ҳизб агар пазируфта нашавад, шумо барои шафофтар гузаштани интихобот чи гуна чораҷӯйӣ мекунед?

Посух: Албатта, назари шахсии эшон аст, ки барои пешравии Тоҷикистон ҳатман ҳукумат иваз шавад, вале қисмати аввали саволашон ин аст, ки ё ҳукумат самти фаъолияти худро иваз кунад, ба фикри ман муносибтараш ҳамин аст, ки ҳукумат самти фаъолияташро дигар кунад, на ин ки ҳатман худаш иваз шавад. Албатта, иваз шудани ҳукуматҳо ин кори оддӣ аст. Ин кори қонунӣ ва конситутсионӣ аст. Интихобот анҷом мешавад, дар он ҳар ҳизбу ҳаракате, ки раъй бештар гирифт, ҳамон ҳукуматро ташкил мекунад. Барои мисол охирин интихоботе, ки дар кишварҳои пасошуравӣ анҷом шуд, дар Гурҷистон ҳизби президент Саакашвилӣ дар интихобот раъйи бештар ба даст наоварда, мағлуб шуд, оппозитсия ғолиб омад ва президент ҳам пазируфт. Воқеият ҳамин аст, ҳизби мухолифин ғалаба кард. Бигзор ҳукуматро онҳо ташкил кунанд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё президент метавонад бо ҳукумати ташкилкардаи опозитсия ҳамкорӣ кунад ё на? Ин масъалаи дигар аст. Вале воқеият ҳам он аст, ки дар Гурҷистон анҷом шуд. Бинобар ҳамин мардуми Тоҷикистон бар ин бовар бошанд, ки ҳукумат дар натиҷаи интихобот иваз шавад, ин мушкил нест ва набояд аз ин тарсид. Аслан дар кишварҳои пасошӯравӣ як тарс ҷорӣ шудааст, ки гӯиё бо иваз шудани ҳукумат ҳамаи чиз иваз мешавад ё иваз шудани ҳукумат ғайри конститутсионӣ бошад. Байни ҳукумат ва давлат бояд фарқ гузошт. Давлатҳо ва миллатҳо побарҷоянд, ҳукуматҳо иваз мешаванд. Вале назари мо ин аст, ҳукумати феълии мо самти худро тағйир диҳад.

Суол: Агар тағйирот дар Қонуни интихобот аз тарафи ҳизби ҳоким пазируфта нашавад, шумо барои гузаронидани интихоботи шафоф чӣ чораҷӯйӣ мекунед?

Посух: Мо умед дорем, ки тағйироту иловаҳо пазируфта шаванд. Вале барои маълумотатон мо дирӯз расман лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни интихоботи президентро ба парлумон пешниҳод кардем. Чун мо фикр доштем, ки вакилони якчанд ҳизб ҳамроҳ пешниҳод кунем. Дар натиҷаи сӯҳбатҳо ба ин натиҷа расидем, ки вакилони дигар ҳизбҳо бо мо дар ин тарҳи лоиҳа шарик нахоҳанд шуд, вале онҳо метавонанд ҳангоми баррасии он дар парлумон онро ҷонибдорӣ намоянд. Аз ин рӯ, мо бо Сайдумар Ҳусайнӣ, вакили дуюми ҳизбамон, якҷоя ин тарҳро пешниҳод кардем ва умед дорем, ки он аз тарафи парлумон қабул хоҳад шуд. Вале агар Худое накарда он қабул нашавад ва ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, мо талоши худро барои бештар шаффоф гузаштани интихобот дар асоси қонуни амалкунанда харҷ хоҳем кард. Мо талош хоҳем кард, то ин ки комиссияҳои интихоботӣ бештар аз ҳисоби ҳизбҳо бошанд. Асосан худи қонуни амалкунанда ҳам инро манъ накардааст. Дар қонун ҳам ишора нашудааст, ки комиссияи интихоботӣ байни ҳизбҳо баробар тақсим карда шавад ва манъ ҳам накардааст. Ҳатто агар қонун ҳам қабул нашавад ва тағйироти пешниҳод кардаи мо ҳам пазируфта нашавад, ҳамин қонуни амалкунанда ҳам иҷозат медиҳад, ки комиссияи интихоботӣ дар асоси баробарӣ аз ҷониби ҳизбҳо ташкил карда шавад. Агар ҳокимият иродаю хоҳиш дошта бошад ва инчунин мо назоратро бештар хоҳем кард. Мо ният дорем, ҳамон тавре ки дар интихоботи парлумонӣ як гурӯҳи калони нозиронро омода карда будем, дар ин интихобот ҳам нозирон бештар омода шаванд ва онҳое, ки довталабона кор мекунанд, ба забони англисиву русӣ ихтиёриҳо омода карда шаванд, ки худашон омода бошанд, то интихоботро назорат кунанд. Инҳо метавонанд барои шаффофияти бештари интихобот саҳм гузоранд.

Суол: Бархе аз сиёсатмадорони ҳукумат бар ин боваранд, ки ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дер шудааст ва навоварӣ ба қонуни интихобот ба ҷойи фоида зарари бештар оварданаш мумкин, мехостам назари шуморо дар ин бора бифаҳмам?

Посух: Барои кори нек ҳеҷ вақт дер намешавад, агар мо воқеан бинем, ки тағйирот дар даровардан ба қонуни интихобот ба нафъи миллат аст, ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Як сол бештар вақт дорем, аллакай лоиҳаи қонун пешниҳод шуд, вориди маҷлис гашт. Ҳоло дер нашудааст, ҳатто шаш моҳ то интихобот монда бошад ҳам, қонун қабул шавад, дар ин шаш моҳ ҳама омода мешаванд, чун комиссияи интихоботӣ, комиссияи ҳавзаӣ 45 рӯз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд. Комиссияи участкавӣ бошад, 35 рӯз пеш аз интихобот таъсис меёбад ва ба ин ҳама фурсат дорем, мушкилии замонӣ нахоҳем дошт.

Суол: Агар ҲНИТ сари қудрат ояд, барономаи иқтисодии он чи гуна аст?

Посух: Бародарон, агар ман ҳозир ба ин саволи шумо ҷавоб диҳам, ки агар ба сари қудрат оем, барномаи мо ину он аст, пас мегӯянд, ки аллакай ҲНИТ барои ба сари қудрат омадан омодааст. Пас, биёед, дар ин бора камтар суолу ҷавоб кунем. Дуруст аст, ки яке аз ҳадафҳои ҳизби сиёсӣ сари қудрат омадан аст. Яке аз ҳадафҳояш. Вале ҳадафи ҳизби сиёсӣ ин ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон аст. Ба хусус барои ҲНИТ, ки ҳадафи аслиаш қудрат нест. Мутмаин бошед, агар ҳадафи кадоми аз аъзои ҲНИТ қудрат мебуд, бояд узви Ҳизби наҳзат намешуд, бояд мерафт, аъзои ҳизби дигар мешуд. Шумо медонед, ки аз тариқи кадом ҳизбҳо мансаб гирифтан осонтар аст. Вале вақте омад, аъзои Ҳизби наҳзат шуд, медонад, ки барояш на танҳо мансаб намерасад, балки дучори мушкилӣ мешавад. Аслан, формулаи сиёсии мо дар Тоҷикистон ин аст, ки ягон ҳизб ба танҳоӣ дар оянда ҳокимият наронад. Ҳокимияти муштарак ва эътилофӣ, бо иштироки ҳамаи ҳизбҳое, ки мехоҳанд дар ҳукумат шарик бошанд. Агар мо шарик шудем ё ба интихоботи президентӣ номзад пешниҳод кардем, он гоҳ барномаи иқтисодиамонро пешниҳод хоҳем кард ва хоҳем дошт.

Суол: Ҳадафи мулоқот чист?

Посух: Ҳадафи мулоқот ин расонидани паёми ҲНИТ ба ҷомеа, аз он ҷумла, ба ҷавонон ва гирифтани паёми ҷомеа тавассути ин мулоқотҳо. Чун мо ду ҳадаф дорем, яке паёми худро бирасонем, дигаре мулоҳизаи мардумро бигирем. Андешаи ҳизбро дар бораи мардум ва ҷомеа дошта бошем.

Суол: Мехостам назари шуморо дар бораи он ки тӯли чанд сол аст, парлумони Тоҷикистон қавонинеро қабул менамояд, ки онро ҳамчун фишор болои Ислом метавон ном гирифт, ба монанди манъи ҳиҷоб ва ғайра. Агар ҲНИТ номи худро танҳо Ҳизби наҳзати Тоҷикистон мегузошт, на Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шояд ҳукумат болои Ислом дар кишвар ин қадар фишор намеовард.

Посух: Бисёр саволи хуб. Воқеан чунин як назар вуҷуд дорад, ки он ҳама фишорҳое, ки болои дин ва диндорон омада истодааст, ба хотири он нест, ки дар ҳокимияти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ нафароне ҳастанд, ки Исломро қабул надоранд, балки ба хотири он аст, ки рақибашон як ҳизби исломии қавӣ аст ва барои заиф кардани рақиби худ Исломро ҳамчун заминаи идеологии ин ҳизб заиф кунанд. Ин як таҳлил аст. Таҳлили як гурӯҳ андешамандон, коршиносон ва рӯзноманигорон мебошад, ки воқеан таҳлили андак ҳам нест ва сазовори эҳтиром ҳам ҳаст. Вале ман суоли ҷавобӣ дорам: магар вазъияти дигар аҳзоби сиёсии кишвар, аз ҷумла Ҳизби сотсиал-демократ аз мо беҳтар аст? Яъне, агар танҳо бигӯем, ки ин фишорҳо болои Ҳизби наҳзат аст, пас мегуфтем, ки танҳо Ҳизби наҳзатро фишор оварда истодаанд. Умуман вазъият дар ҳамаи ҷо як хел аст. Ҳизби сотсиал-демократ ҳам ҳамин мушкилиҳоро дорост. Албатта, мушкилии онҳо баробари қудрату тавоноиашон мебошад. Агар онҳо ҳам як каме фаъолтар мебуданд, шояд мушкилиашон каме бештар мешуд. Вале ман ба ин андешае, ки шумо гуфтед, як ҷавоб дорам, яъне манзурам ин аст, ки чандон бо ин андеша розӣ нестам. Чун мо агар сабаб мебудем, ҳамчун як рақиби сиёсӣ ва моро заиф кардан мехостанд, бояд ҳукумат талош мекард, ки ин арзиш ва идеологияро аз мо бигирад. Худаш соҳиб шуда, боло барад ва нишон бидиҳад, ки онҳо Исломро бештар аз Ҳизби наҳзат дифоъ хоҳанд кард ва ба Ислом хидмат мекунанд. Ин худаш воқеан, як зарба ба ҳизби мо мешуд. Масалан, агар ҳукумат қонуне қабул мекард, ки монеи рафтан ба масҷид нашавад ва мушкили ҳиҷоб ва даҳҳо санад ҷамъ кардани масоҷид намебуд. Пас мардуми тоҷик мегуфтанд, ки ҳамин коре, ки Наҳзат карда истодааст, яъне дифоъ аз арзишҳои исломӣ ҳамин ҳукумат ҳам карда истодааст. Пас мо чаро бигӯем, ки якеш беҳтар асту дигареш начандон. Ман назарам ин аст, ки он фишорҳое, ки болои Ҳизби наҳзат омада истодаанд, ба хотири исломӣ будани мо нест. Ба хотири он мебошад, ки мо як ҳизби зинда, пуё ва воқеан дар рақобати сиёсӣ нишон додем, ки мо рақобат карда метавонем. Ба ҳамин хотир аст. Вале ростӣ диламон мехоҳад, ки ин арзишҳое, ки мо дорем, ба хусус ин арзишҳои исломӣ дигарон дар рақобат, дар мусобиқа барои дифоъ аз арзишҳои исломӣ бо мо рақобат намоянд ва моро дар ин масъала мағлуб кунанд. Ҳар ки моро дар масъалаи хидмат ба Ислом мағлуб кард, мо аввалин касе мебошем, ки онҳоро табрик намуда, кӯмакашон мекунем.

More From Author

You May Also Like