Бобоҷони Қайюмзод
nahzat.tj
Малайзия яке аз кишварҳои санъатии ҷаҳон аст, ки тамоми даврони рушди худро бо роҳбарии Муҳотир Муҳаммади исломгаро тай кардааст. Ҳизби исломӣ дар ин кишавар аз солҳо пеш фаъолияти худро оғоз кардааст ва имрӯз ҳам дар ҳукумат ва парлумони Малайзия ҳузури қавӣ дорад. Муҳотир Муҳаммади исломгаро дар ҳоле аз қудрат канор рафт, ки мардуми кишвараш аз ӯ розӣ буданду хоҳони раҳбарии чандбораи ӯ дар ин кишвар буданд, аммо бо тамом шудани давраи раҳбариаш, бидуни тағйир додани сарқонуни кишвараш канор рафту номашро дар таърихи кишвараш ба некӣ абадӣ кард.
Ин мавзӯъро аз як – ду соли пеш аллакай ҳалшуда мешуморидам. Махсусан баъд аз оғози баҳори арабӣ ва пирузии исломгароён дар онҳо ва бигӯ-магӯҳои фаровоне, ки барои ба сиёсат ворид шудани бархе гурӯҳҳои исломӣ ва ҳизб сохтанашон ба роҳ афтод. Аммо дар як нишасти дигар агарчӣ дар як гӯшаи дурафтодаи кишвар бошад ҳам, бо гурӯҳе рубару шудам, ки ҳанӯз натавонистаанд байни ислом ва ҳизб робитае пайдо кунанд. Ҳамчунин аз тарафи бархе доираҳои дигар ҳам гоҳе ин сухан садо медиҳад, ки дар ислом ҳизб нест ва ҳизби сиёсӣ аз номи ислом сӯъистифода мекунад. Ба ҳамин хотир дар ин навишта мехоҳам барои гурӯҳи дуввум чанд нуктаи ақлӣ ва амалиро баён кунам, зеро гурӯҳи аввал ҳамеша бо ишораи гурӯҳи дуввум ҳаракат мекунад. Ин ҷо мухотаб домуллоҳо нестанд, зеро ин масъала аз лиҳози шаръӣ аллакай ҳалли худро ёфтааст ва касоне, ки бо он мухолифат мекунанд, дар асл худ ва ҷойгоҳи илмии худро зери суол мебаранд. Аммо касоне, ки мухолифи исломи сиёсӣ ҳастанду аз тариқи эҷоди ин шубҳа мехоҳанд бо исломгароён рақобат кунанд, шояд бад набошад, ки ин чанд нуктаро дар назар дошта бошанд.
Ҳизб аз нигоҳи луғавӣ ва истилоҳӣ маъноҳои мухталифе дорад, ки донишмандон бо дар назар гирифтани тамоми ҷанбаҳои он ҳизбро чунин таъриф кардаанд: «гурӯҳи ҳамдил ва ҳамфикре, ки бо истифода аз ақл ва хиради ҷамъӣ ва истеъдоду тавоноиҳои худ барои расидан ба ҳадафҳои муштарак талош мекунанд». Ин яке аз таърифҳои ҳизб мебошад ва таърифҳои дигаре, низ аз он шудааст, ки ҳама бо ҳам наздиканд. Бо дар назар гирифтани ин мафҳум ҳамаи касоне, ки барои густариши арзишҳои исломӣ дар ҷомеа фаъолият мекунанд, таҳти унвони куллии «ҳизбуллоҳ» ворид мешаванд. Фарқе намекунад, ки он фаъолият дар масҷид бошад ё кумитаи дин, маориф бошад ё вазорати фарҳанг. «Ҳар оина ҳизби Худованд пируз аст». (Сураи муҷодала). Ҳатто бо ин таъриф метавон кормандони соҳаи иқтисод, сиёсат, тиб ва варзишро ҳам дар ин ҳизб саҳим донист. Зеро ҳадафи «ҳизбуллоҳ» саодатмандии башар аст ва ҳамаи ин гурӯҳҳо ҳам дар ин росто саҳм доранд.
Аз ин гуфта натиҷа мегирем, ки ибораи «ҳизб» чуноне, ки бархеҳо гумон мекунанд мухолифи арзишҳо ва омӯзишҳои динӣ нест. Ҳизб бо ин таъриф бо ҳадафҳои дин ҳам мухолифате надорад.
Аз тарафи дигар, биёед, ба таърихчаи ҳизбҳои исломӣ дар ҷаҳони ислом нигоҳ кунем. Агар аз ҳаракати «ихвон ул-муслимин» мисол биёварем, шояд чунин интиқод шавад, ки он дар Миср буд ва аз нигоҳи мазҳабӣ ва ҷуғрофиёӣ бо мо фарқ дошт. Дар ҳоле, ки яке аз вижагиҳои ин ҳаракат эҳтиром ба ҳамаи мазоҳиби исломӣ аст. Аммо дар Покистони ҳамсоя ва ҳанафимазҳаб ҳам ҳизбҳои мухталифе арзи вуҷуд карданду то ҳол фаъолият доранд. Ҳатто ҳизби «муслимлик» бо дидгоҳҳои бисёр дунявӣ ва бо доштани номи «муслим» дар ҷомеаи ҳанафимазҳаб аз солҳо пеш фаъолият мекунад. Дар канори ин ҳизби дунявии муслимлик, исломгароён, ҷамоати исломии Покистонро ташкил намуданд, ки аз дидгоҳҳои исломи муътадил ҳимоят мекунад. Дар Афғонистон ҳам ҳизбҳои исломӣ аз солҳо пеш ба фаъолият оғоз кардаанд. Агарчӣ амалкарди то андозае нодурусти баъзе ҳизбҳо дар Афғонистон бар алайҳи исломгароён истифода мешавад, аммо вуҷуди ин аҳзоб нишон медиҳад, ки аз нигоҳи ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ин масъала ҳал шуда аст.
Фикр мекунам, ки бо мисол овардани Покистону Афғонистон бархеҳо нороҳат шуда, аз мо интиқод мекунанд, ки ин кишварҳои ақибмондаву ҷангзадаро мисол меореду амалкарди ин аҳзоб ва вазъияти мавҷуди ин кишварҳо алайҳи мо шояд истифода шаванд.
Аммо каме онтарафтар ва ба кишварҳои Осиёи шарқӣ нигоҳ мекунем. Малайзия яке аз кишварҳои санъатии ҷаҳон аст, ки тамоми даврони рушди худро бо роҳбарии Муҳотир Муҳаммади исломгаро тай кардааст. Ҳизби исломӣ дар ин кишавар аз солҳо пеш фаъолияти худро оғоз кардааст ва имрӯз ҳам дар ҳукумат ва парлумони Малайзия ҳузури қавӣ дорад. Муҳотир Муҳаммади исломгаро дар ҳоле аз қудрат канор рафт, ки мардуми кишвараш аз ӯ розӣ буданду хоҳони раҳбарии чандбораи ӯ дар ин кишвар буданд, аммо бо тамом шудани давраи раҳбариаш, бидуни тағйир додани сарқонуни кишвараш канор рафту номашро дар таърихи кишвараш ба некӣ абадӣ кард.
Ҳамчунин дар ҳамсоягии Малайзия дар кишвари Индонезия низ ҳизби исломӣ ҳузури густарда дар парлумон ва ҳукумати ин кишвар дорад. Ҳизбе, ки ҳудуди 15 миллион аъзо дораду бисёр муътадилу пешрафта аст. Дар қораи Аврупо ҳам дар кишвари Туркия ҳизби исломгарое, ки маҷбур шуд чандин бор номашро дигар кунад то ҳоло фаъолият дорад. Ҳоло на яке, балки ду ҳизби исломгаро дар ин кишвар вуҷуд дорад. Ҳизби исломгарое, ки бо сари қудрат омаданаш Туркияро аз ҳолати рукуди иқтисодӣ ва диктатураи низомӣ раҳо карду дар минтақа онро ба як кишвари муҳим ва таъсиргузор табдил намуд. Ҳамчунин набояд фаромуш кард, ки мардуми Туркия ҳам мисли мардуми мо ҳанафимазҳаб ҳастанд.
Аммо беҳтар буд дӯстони мо ба ҷои матраҳ кардани масоили беарзишу ҳал шуда, ба осебшиносии ҳизб ва ҳизбгароӣ мепардохтанд. Он чи ки шояд ҳам барои исломгароён муфид бошад ва ҳам барои масъулони марбутаи ин соҳа.
Аз нигоҳи осебшиносӣ ҳизб мисли як шамшери дулаба аст. Метавонад аз он истифодаи нодуруст шаваду дар ин сурат хатарнок аст. Аммо ин хосси ҳизбҳои исломӣ нест. Ҳар ҳизбе, ки барои расидан ба ҳадафҳои номашруъ истифода шавад, хатарнок аст. Ҳар ҳизбе чӣ исломӣ ва чӣ ғайри исломӣ метавонад мавриди сӯъистифода қарор бигирад ва ҳар ҳизбе метавонад барои рушди ҷомеа ва саодати мардуми кишвараш талош намояд.
Фоидаҳои ҳизб
1 – Истифода аз ақлоният ва хиради ҷамъӣ ба ҷои диктаторӣ ва назари як шахс. Дар ҳар ҷое, ки тасмимҳо дастаҷамъӣ ва бо машварати соҳибназарону фарҳехтагон бо нақду баррасии амиқ гирифта шаванд, ҳатман комилтар ва муфидтар хоҳанд буд.
2 – Баҳрагирӣ аз истеъдодҳо ва тавоноиҳои мухталиф. Ба таври табиӣ ҳар инсоне дорои тавонмандиҳо, истеъдодҳои вижа ва мунҳасир ба фард аст ва ҳеҷ кас наметавонад дар ҳамаи заминаҳо мутахассис бошад. Аммо дар ҳизб аз ҳамаи ин тавонмандиҳо дар ҷои худаш истифода мешавад ва метавонад иқтисод, сиёсат ва фарҳанги ҷомеа ба таври дуруст рушд кунад.
3 – Тақвияти арзишҳои ахлоқӣ мисли сабр, хештандорӣ, ийсор, фидокорӣ, гузашт, таҳаммулпазирӣ ва ғайра. Инсон ҳангоми кори ҳизбӣ ба хотири таҳаммули назар ва рафтори ҳамгурӯҳ ва гоҳе тарҷеҳи дӯстон бар худ, заминаи шукуфо шудани сифатҳои инсониро фароҳам меоварад. Вале зиндагии фардӣ инсонро худхоҳ ва бесабр месозад. Бештари мушкилоти иҷтимоии мо аз тафаккури фардгароӣ сарчашма мегирад.
4 – Эҷоди оромиши рӯҳӣ ва равонӣ ва пешгирӣ аз беҳувиятӣ ва пучгароӣ. Инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст ва аз танҳоӣ сахт ранҷ мебарад, махсусан дар буҳронҳо ва сахтиҳои зиндагӣ. Кори гурӯҳӣ инсонро бо ҳамдилӣ ва ҳамфикрии дӯстон аз стресҳо, ноумедӣ, бадбинӣ ва пучӣ раҳоӣ мебахшад ва ба ӯ худбоварӣ ва оромиш медиҳад.
5 -Интиқод ва пешниҳод ба ҳукуматҳо. Маъмулан ҳукуматҳо ва соҳибони қудрат дар тӯли таърих ба самти фасод, фитна ва худкомагӣ ҳаракат мекунанд. Аммо фард ба танҳоӣ наметавонад дар ин замина коре анҷом диҳаду чизеро ислоҳ кунад. Зеро садояш ба ҷое намерасад. Ин ҳизб аст, ки метавонад бо интиқодот ва тазаккур додани ба мавқеъ ва дастаҷамъонаву шуҷоъона иштибоҳот ва инҳирофҳои ҳукумат ва масъулонро матраҳ кунад ва раванди ислоҳро дар ҷомеа ба вуҷуд оварад. Ба ҳамин хотир ҳизб дар ҷомеаи маданӣ ва ҳукумати мардумӣ ҷойгоҳи арзишманд ва болое дорад, албатта ҳукуматҳои ғайри мардумӣ ҳизбҳоро маҳдуд мекунанду ба онҳо фишорҳои зиёд ворид мекунанд.
6 – Нақду баррасии хештан. Ҳамон гунае, ки ҳукумат ва масъулонашро интиқод мекунад, ҳизб сохтори дарун ва тавону андеша ва ҳадафҳои худро низ ковиш мекунаду барои рушди худ ва аъзояш талош мекунад. Махсусан дар ҳизби исломӣ муҳосибаи нафс, покии қалбу рушди имонӣ ва илмӣ сарлавҳаи кори ҳизбӣ аст.
Баъзе аз зарарҳои эҳтимолии ҳизб
1 – Мутлақгароӣ ва инҳисорталабӣ ба ҷои ҳақҷӯӣ. Бузургтарин нақд ба ҳизб ин аст, ки ба тафаккури мутлақгароӣ ва инҳисорталабӣ гирифтор мешавад. Ба ин маъно, ки худро ҳақ медонанду дигаронро ботил мешуморанд. Тамоми корҳои худро муфиду созанда ва ҳамаи фаъолиятҳои дигаронро хатарноку сӯзанда мепиндоранд. Ҳар амали худро ба вуҷуд оварандаи амнияту оромиш таъбир мекунанд ва ҳар мухолифатеро бо андеша ва амали худ ифротгароӣ ва радикализм унвон мекунанд.
2 – Даъват ба ҳизб ба ҷои даъват ба суи Худо. Ин нигоҳ аз нодонӣ ва ноогоҳии бархе аъзоёни ҳизб сарчашма мегирад. Зеро фард мардумро ба суи ҳизбаш даъват кунаду онро мисли бут мавриди парастиш қарор диҳад. Ҳатто агар мусалмонон тамоми арзишҳои исломиро ба ҷо оваранду дорои ахлоқи саҳеҳи исломӣ бошанд, ӯ ҳизбашро меъёри аслии ислом қарор медиҳад ва онҳоро то вориди ҳизб нашаванд беарзиш медонад. Ҳамаи муштаракоти инсонӣ, миллӣ, динӣ ва ҳамсоягӣ барояш маъное надорад, магар муштаракоти ҳизбиаш.
3 – Назорагари амалкарди дигарон ва ғофил аз худ. Баъзе аз ҳизбҳо бо талоши фаровон диққати зиёд айбҳо ва заъфҳои дигаронро баён мекунанд, аммо аз амалкард ва заъфи худашон ғофил мемонанд. Аз чанд ҷиноят ё иштибоҳи як ҳизб кӯҳ месозанду ба намоиш мегузоранд, вале кӯҳи заъфу ҷинояту мушкилотро дар худ намебинанд.
4 – Риёкорӣ ва худнамоӣ. Яке аз офатҳои аслии ҳизб ин аст, ки дар дохили худ ва дар ҷомеа дучори риё ва зоҳирсозӣ шавад. Дар даруни ҳизб ин риёкорӣ ва зоҳирсозиву худнамоӣ ба хотири расидан ба мансаб ё мақоми болотар ва дар беруни ҳизб ҳам ба хотири ҷалби ризояти дигарон, ваъдаҳои бисёру ғайривоқеӣ медиҳанд, ки ин кор тавақуъоти нодуруст ва беҷо эҷод мекунад ва нофаҳмиҳоро дар ҷомеа бештар месозад.
5 – Мақомпарастӣ. Аз он ҷое, ки нафси инсон агар тарбият нашавад, хоҳони бартариҷӯӣ ва раёсатталабӣ аст ва барои ирзо кардани ин ғариза ба ҳизб мепайвандад. Ин афрод дар дохили ҳизб ба хотири расидан ба раёсат ба чоплусӣ ва тамаллуқкорӣ мепардозанд ва дар хориҷ бошад барои расидан ба ҳадафашон аз тамоми василаҳои ғайри шаръӣ ва ғайри қонунӣ истифода мебаранд. Барои мисол рақиби худро таҳқир, тӯҳмат ва ё шантаж мекунанд, то ба раёсат ва мақом бирасанд. Ҳатто ба хотири расидан ба ин ҳадафи худ арзишҳои инсонӣ ва исломиро ҳам нодида мегиранд.
Агарчӣ дар ин замина метавон матолиби зиёди дигаре низ навишт, аммо ба хотири мухтасар кардани мақола дар ин ҷо иктифо мекунем ва дар фурсати дигаре шояд ба ҷузъиёти дигаре дар ин замина ишора намоем. Ончӣ дар боло гузашт марбут ба ягон ҳизби хосс намешавад, балки ҳамаи аҳзобро дар бар мегирад. Умедворем ин навишта мавриди истифодаи ҳамаи дӯстон қарор бигирад.