Categories Ахбори рӯз

Ҳимояи сафорати ИМА аз Тутубалина

Имрӯз сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот мавқеи хешро нисбат ба ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар қиболи хабарнигори «Аsia-Plus» рӯшан кард.
Дар изҳорот гуфта мешавад: сафорати ИМА бовар дорад, ки қарори имрӯза алайҳи нашрияи «Аsai-Plus» ва муҳаррири он Олга Тутубалина ба озодии матбуот дар Тоҷикистон таъсири бад мерасонад. Мо чунин ҳисоб мекунем, ки вақте рӯзноманигорон дар анҷоми вазифаи худ аз озодии баён истифода мебаранд, дараҷаи балантарини ҳимояро сазоворанд. ИМА пайваста озодии сухану васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро ба хотири будин тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ анҷом додани фаъолияташон дастгирӣ менамоянд.

More From Author

You May Also Like