Тақрибан панҷоҳ сол пеш, дар гӯшае аз Фаронса пирамарди панҷоҳсолаи туркнажоде зиндагӣ мекард, ки Иброҳим ном дошт. ӯ як мағозаи хӯроквориро идора мекард. Ин мағозаи хӯрокворӣ дар минтақае воқеъ буд, ки дар он оилаи яҳудие зиндагонӣ мекарданд. Дар ин оила писари ҳафтсолае бо номи Ҷод зиндагӣ мекард.
Ҷод одат дошт,ки ҳар рӯз барои хридани ашёи рузгор ба мағозаи Иброҳим ояд. Ҳар бор ҳангоми баромадан аз мағоза аз фурсати муносибе истифода мекарду як шоколатеро медуздид.
Як рӯз Ҷод фаромӯш кард, ки чун одат аз мағоза шоколат бардорад. Ин замон Иброҳим ӯро садо зада, ба ӯ ёдовар шуд, ки шоколатеро, ки ӯ ҳаррӯз мебардошт фаромӯш кардааст. Ҷод, ки хело хиҷолат кашида буд, то ба ҳол гумон мекард, ки Иброҳим дар бораи дуздиҳои ӯ чизе намедонад. Бинобар ин аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро бубахшад ва ба ӯ ваъда дод, ки дигар ин корро такрор намекунад.
Иброҳим гуфт: «не, башарте ман туро мебахшам, ки ба ман ваъда бидиҳӣ, ки ҳаргиз дар зиндагиат дуздӣ накунӣ ва дар муқобил метавонӣ ҳаррӯз аз мағозаи ман як шоколат бигирӣ».
Ҷод бо хушҳолӣ ин шартро қабул намуд….. солҳо гузашт ва Иброҳим барои Ҷоди яҳудӣ ба монанди падар, модар ва дӯст буд.
Ҳар гоҳ Ҷод бо мушкилие рӯбарӯ мешуд ва ё аз ҳаводиси рузгор ба тангӣ меомад, ба назди Иброҳим меомад ва мушкилии худро барои ӯ матраҳ мекард. Иброҳим бошад китоберо аз рӯйи мизи мағоза гирифта, ба Ҷод медод ва аз ӯ хоҳиш мекард, ки саҳифае аз китобро бикушояд. Вақте, ки Ҷод китобро боз мекард, Иброҳи ду саҳифаи китобро мехонд ва ба ҳамин тартиб мушкилии Ҷодро ҳал мекард. Ҷод вақте аз мағоза берун мешуд эҳсос мекард, ки нороҳатиаш бартараф шуда, хаёлаш ором ва мушкилиаш ҳал шуда аст.
Солҳо гузашт, ва робитаи Ҷод бо Иброҳим, он пирамарди мусулмони таҳсил накардаи турк идома ёфт.
Баъд аз ҳабдаҳсол Ҷод ба синни бисту чор солагӣ ва Иброҳим бошад ба синни шасту ҳафт солагӣ расид.
Иброҳим аз ин дунё чашм пӯшид ва қабл аз вафоташ сандуқеро барои фарзандонаш дод, ки дар он китобе буд. Ҳамон китобе, ки ҳамеша Ҷод онро дар мағоза медид. ӯ ба фарзандонаш васият кард, ки ин сандуқро ба Ҷод, он ҷавони яҳудӣ ҳадя кунанд.
Вақте фарзандони Иброҳим сандуқро ба Ҷод доданд, аз марги Иброҳим хабардор ва аз шунидани ин бисёр нороҳату ғамгин шуд. Зеро Иброҳим дар ҳалли ҳама мушкилот ёру ёвари ӯ буд.
Рӯзҳо гузашт…
Рӯзе аз рӯзҳо Ҷод бо мушкилие рӯбарӯ шуд ва ба ёди Иброҳим ва сандуқе, ки ба ӯ ҳадя дода буд афтод. Сандуқро пайдо карда, онро боз кард. Ногаҳон дид, ки дар сандуқ ҳамон китобест, ки ҳамеша онро дар мағозаи Иброҳим боз мекард ва Иброҳим онро мехонд. Ҷод саҳифаеро аз китоб боз кард. Аммо китоб ба забони арабӣ буд ва ӯ аз забони арабӣ чизе намедонист. Аз ин рӯ ба назди ҳамкораш, ки аз Тунис буд рафта, аз ӯ хоҳиш кард, ки саҳифаи китобро барояш бихонад. ӯ саҳифаро хонда, пас аз он, ки Ҷод мушкилиашро ба ҳамкори Тунисиаш шарҳ дод, Тунисӣ роҳи ҳалли мушкилаашро пайдо кард. Ҷод хушҳол шуда, аз ӯ пурсид: «ин китоб чист»?
Тунисӣ гуфт: «ин Қуръони карим, китоби мусулмонон аст»!
Ҷод гуфт: «чӣ гуна метавонам мусулмон шавам»?
Тунисӣ гуфт: «кофист шаҳодатайнро бигӯӣ ва аз шариат пайравӣ кунӣ»!
Ҷод гуфт: «Ашҳаду ан ло илаҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулулоҳ».
Ҷодуллоҳи мусулмон
Ҷод мусулмон шуд, ва ба хотири бузургдошти ин китоб номи худро «Ҷодуллоҳи Қуръонӣ» гузошт ва тасмим гирифт, ки боқимондаи ҳаёти худро дар хидмати ин китоби бузург бубахшад… Ҷодуллоҳ Қуръонро аз худ карду онро фаҳмид, ва дар Аврупо шурӯи даъвати дигарон кард, то он ҷойе, ки шумораи зиёди яҳудиён ва масеҳиёнро мусулмон намуд.
Рӯзе аз рӯзҳо, дар ҳоле ки Ҷодуллоҳ авроқи қадимаи худро аз назар мегузаронд Қуръонеро, ки Иброҳим барояш ҳадя карда буд дида, онро боз кард. Ногаҳон дар аввали Қуръон нақшаи ҷаҳонро дид. Дар рӯйи он нақша қитъаи Африқо диққати ӯро ҷалб кард, зеро дар рӯйи он имзои Иброҳим нақш баста, дар зери он ин ояти муборак навишта шуда буд «бо ҳикмат ва андарзи накӯ (дигаронро) ба роҳи парвардигорат даъват кун» (сураи «Наҳл»; ояти 125).
Ҷодуллоҳ пай бурд, ки ин васияти Иброҳим аст. Аз ин рӯ тасмим гирифт, то онро амалӣ намояд…. Барои даъват ба сӯйи дини Худо ба қасди кишварҳои африқоӣ Аврупоро тарк гуфт. Мегӯянд, кори ӯ он қадар муборак ва муваффақиятомез буд, ки аз дасти ӯ милионҳо нафар мусулмон шуданд.
Поёни масир
Ҷодуллоҳи Қуръонӣ, ин мусулмони воқеӣ ва доӣ илҳом ёфта, си соли умри худро пурра барои даъват ба сӯйи Худо дар Африқо сипарӣ карда, милион инсонҳо аз дасти ӯ ба Ислом гаравиданд…
Ҷодуллоҳи Қуръонӣ соли 2003 дар Африқо даъвати ба Ислом ба он аз ин дунё риҳлат кард. ӯ ҳангоми вафот 54 сола буд ва аз ин умри пурбаракат си соли онро дар роҳи даъват ба сӯйи Худо сарф карда буд. Худованд ӯро ғариқи омӯрзиш ва қарини раҳмати худ бигардонад.
Достон ҳанӯз тамом нашуда аст
Модари Ҷодуллоҳи Қуръонӣ, ки устоди Донишгоҳ аст фақат се сол пеш дар соли 2005, яъне ду сол баъд аз вафоти писараш дар синни ҳафтод солагӣ мусулмон шуд.
Модараш мегӯяд: «дар тӯли ин си соле, ки писараш мусулмон шуда буд, доимо бо ӯ барои бозгардониданаш ба дини яҳудият дар ҳоли ҷангу ҷидол будааст. Вале бо вуҷуди таҷриба, иттилооти кофӣ ва қудрату истидлол натавонистааст, ки писарашро аз Ислом бозгардонад, дар ҳоле ки Иброҳим он пирамарди мусулмони таҳсил накарда тавонист, ки қалби писарашро шефтаи дини мубини Ислом кунад.
Чаро Ҷодуллоҳи Қуръонӣ мусулмон шуд?
Ҷодуллоҳи Қуръонӣ мегӯяд: «дар муддати ҳабдаҳ соле, ки бо Иброҳим иртибот доштам, ҳатто як бор ҳам ба ман нагуфт «эй кофир» ё «эй яҳудӣ», ё ҳатто ба ман нагуфт «мусулмон шав»…
Хонандагони азиз шумо як тасаввур кунед, ки чӣ тавр ҳабдаҳ сол Иброҳим «дандон рӯйи ҷигар» гузошта, ба ӯ чизе дар бораи Ислом ва дар бораи Яҳудият нагуфт! Воқеан аҷиб аст, ки чигуна як пирамарди таҳсил накарда, дили як писарбаччаро шефтаи Қуръон мекунад.
Якбор дар яке аз мулоқот аз ӯ суол шуд, ки чӣ эҳсосе дорад вақте мебинад миллионҳо инсон ба дасти ӯ мусулмон шудаанд? Дар ҷавоб гуфт: « ӯ ҳеҷ эҳсоси ифтихоре намекунад, чаро ки ӯ ба гуфтаи худаш бахше аз хубиҳои Иброхимро чуброн мекунад». Доктор Сафват Ҳичозӣ яке аз доиёни машҳури Мисрӣ мегуяд: «дар конфронси дар шаҳри Лондон перомуни масъалаи Дорфур ва роҳоҳои кӯмак ба мусулмонони ниёзманд ва ҳимояти онҳо аз хатари ҷанг, бо яке аз руасои қабоил Доруфур мулоқот кардам. Дар гармогарми сӯҳбат аз ӯ пурсидам: «шумо Доктор Ҷодуллоҳи Қуръониро мешиносед»? Раиси қабила аз ҷо баланд шуду аз ман пурсид: «магар шумо ӯро мешиносед»? Гуфтам: «бале! Замоне, ки дар Шветсия барои муолиҷа омада буд, ман бо ӯ мулоқот кардам». Раиси қабила ба рӯйи дастҳоям хам шуд ва ба гармӣ онро бусид!! Ба ӯ гуфтам: «чи кор мекунӣ? Ман коре накардаам, ки сазовори ин ҳама некӣ бошам! Гуфт ман дасти шуморо намебӯсам, балки дастеро мебӯсам, ки дасти Ҷодуллоҳи Қуръониро гирифтааст»!!
Аз ӯ пурсидам: «магар ту ба дасти Ҷодуллоҳи Қуръонӣ мусулмон шудаӣ»? Раиси қабила гуфт: «не! Ман ба дасти марде мусулмон шудаам, ки ӯ ба дасти Ҷодуллоҳи Қуръонӣ мусулмон шудааст»!!!
Анҷоми достон
Ростӣ, вақте ин достонро хондам он қадар мутаассир шудам ва онқадар ба ҳоли худ таассуф хӯрдам. Дар чашмонам ашк ҳалқа зад.
Таассуф хӯрдам аз он ки мо дар зиндагӣ чӣ фурсатҳои тиллоиеро дар ихтиёр доштем, ки метавонистем бо як бархӯрди ҳакимона як инсони гумроҳ ё як инсони номусулмонро дигаргун карда, дили ӯро шефтаи ин дини бузург кунем. Аммо чунин накардем, балки гоҳо бо рафторҳои ғайри ҳакимона ва ғайри исломии худ боиси танаффури дигарон аз ин дин шудем.
Таассуф хӯрдам аз он ки дар хонаи гарму нарм нишастаем ва интизори пирӯзии Ислому мусулмононро мекашем, дар ҳоле ки Ҷодуллоҳи Қуръонӣ барои хотири дини Худо ҳама инро паси сар карду ба Африқо рафт.
Таассуф хурдам аз он ки……….