Categories Ахбори рӯз

ҲИУ масъулияти ҳамлаи хунинро ба дӯши худ гирифт

Сомонаи «Озодӣ» иттилоъ дод, ки сабти видеоеро дастрас карда, ки нафаре бо исми Абдуфаттоҳ Аҳмадӣ гӯё ба унвони сухангӯи ҲИУ масъулияти ҳамлаи хунине, ки бар асари он 25 нафар сарбозони артиши миллии кишвар ҳалок шуданд, ба дӯши худ гирифтааст. Дар бораи ин иттилоъ мақомот расман чизе нагуфтаанд. Аммо шоми гузашта, бо пахши як филми ҳуҷҷатӣ дар шабакаи аввал Мирзохӯҷа Аҳмадов ба даст доштан дар нооромиҳои ахир дар дараи Камароб айбдор карда шуд. Ин филми ҳуҷҷатӣ бо нақли қавл аз иттилои мақомоти қудратии икшвар эълон дошт, ки Аҳмадов Мирзохӯҷа гуё ба Мулло Абдулло дар хонааш паногоҳ дода бошад. Дар ҳамин ҳол мақомоти қудратӣ аз кушта шудани 5 нафар тарафдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов хабар додаанд. Дар охирин сӯҳбат бо хабарнигори Азия плюс Мирзохӯҷа Аҳмадов иброз дошта буд, ки ӯ ҳукумати қонуниро эътироф менамояд ва хоҳони оромиш дар ҷомеа мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки пахши навори ҳуҷҷатӣ аз мусодираи силоҳи фаровон аз хонаи ӯ ҳикоят мекард. Ёдовар бояд шуд, ки мақомоти қудратӣ баъд аз зӯҳри дирӯз ба муқобили гурӯҳҳои вижаи Мулло Абудулло ва Аловиддин Давлатов амалиёти густурдаеро оғоз намудаанд. Ин хабарро Маҳмадулло Асадуллоев сухангӯи вазорати дифоъ ба расонаҳои хабарӣ таъйид намуд. Айни ҳол дар бораи ҷузъиёти бештари қазия маълумоте дода намешавад. Гуфта мешавад, ки иртиботи телефонии мобилӣ дар ин минтақа муваққатан қатъ карда шудааст. Ахиран бар асари амалиёти даҳшатафканонаи гурӯҳҳои Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов 25 нафар сабозони вазорати мудофиа ба ҳалокат расиданд, ки дар байни эшон афсарони олирутба низ буданд. Ёдовар бояд шуд, ки ҳамлаи мазкурро Шӯрои сиёсии ҲНИТ маҳкум намуда, мардумро ба ҳушёрӣ ва нигоҳ доштани сулҳу амният ва суботи ҷомеа даъват намуд.

More From Author

You May Also Like