Categories Uncategorized

Манёврҳои сиёсӣ

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

Таҳаввулоти тазодмонанде дар минтақа арзи вуҷуд кард, он ҳам хориҷ шудани Ӯзбакистон аз СПАД ва дигаре изҳорот барои давлатмардони тоҷик ғайриинтизори мақомдори аршад ва низоми Русия аст. Дар ҳарду маврид ҳам аз тариқи ВАО диду назарҳои зиёде гуфта шуданд, вале як чиз аниқ аст, ин ду таҳавулот мустақим ба Тоҷикистон ва дурнамои он рабт доранд. Фақат аз фаҳму дарки раҳбарияти Тоҷикистон вобаста аст, ки асли мақсадро чӣ гуна ташхис ва онро пайдо менамояд, баъдан, тасмиме мегирад, ки ба суботи ҷомеъа созгор ва барои дурнамои он таъсиргузор бошад.

Мегӯянд, Каримов Путинро ба Тошканд даъват карду бори дигар фиреб дод, аммо як ҳарфи кӯчагие беш нест. Чунки дар ин маврид ба зоҳири масъала набояд таваҷҷӯҳ сурат бигирад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро мавқеъгириҳои раҳбарияти Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро Путин фарқ мегузорад? Оё берун рафтани Ӯзбакистонро аз СПАД, ки ду маротиба таҷриба мешавад ва онро агар хиёнат ба манофеъи Русия арзёбӣ намоем, чаро инро Путин нодида мегирад, вале кадом майли ошкори ҳамкорие бо раҳбарияти Тоҷикистон зоҳир намекунад?

Чаро ҳузури СПАД дар минтақа мухолиф ба манофеъи Ӯзбакистон арзёбӣ мешавад, вале Русия хомӯш аст, оё ин ҷо кадом бозиҳои дигаре ниҳон нестанд? Оё ин гуна тасмимгириҳои Каримов ба интихобот дар соли 2013-и Тоҷикистон ва интихоботи соли 2014-и худ ё намояндааш бастагӣ надорад? Акнун дар мавриди изҳороти генерали рус, ки дар баҳси мувофиқати ҳузури пойгоҳи Русия бо ҷониби Тоҷикистон хатар мебинад ва баъди як сол ноором шудани се кишвари ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ пешгӯӣ мекунад.

Бале, ин гуна сӯҳбатҳо ва назарпароканиҳоро, ҳадди ақал тӯли чаҳор соли ахир зиёд шунидем, вале ҳамаи онҳо матбуъотӣ ва бештарашон аз ҷониби коршиносон ва таҳлилгарон гуфта шуданд. Ҳоло генерал-полковники Русия, шахсияте, ки ниҳоди муҳими низомии ин кишварро дар ин чанд моҳи ахир ба душ дорад, ба ин назар расидааст ва фаҳму дарки хешро дар минбари Думаи давлатӣ эълон медорад. Оё мавқеъи ӯро бояд ба изҳороти бемантиқи Вазорати дифоъ фаҳмида шавад, ки мегӯяд: «Генерали рус имкон дошт, чунин нигаронии худро тавассути созмонҳоиминтақаӣ, аз ҷумла СПАД ироъа намояд. Вале ӯ ин мавзӯъро тавассути суханрониаш дар ҷамъи умум матраҳ кард. Чунин бархӯрд ба ҳалли масоиле ки ӯ матраҳ кардааст, мусоъидат нахоҳад кард».

Дар идомаи изҳороти хеш низомиёни тоҷик навиштаанд, ки «дар робита ба ҳамкориҳои низомии миёни Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла дар мавриди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи Русия бояд изҳор дорем, ки музокирот тибқи барнома идома дорад ва дар сурати бурузи ҳусни ният ва ҳамдигарфаҳмӣ дар замони муқарраршуда анҷом хоҳад ёфт». Бубинед, дар воқеъ аз ин тарзи гуфтори дипломатона кадом ташвише зоҳир намешавад. Вале оё чунин таҷрибаи гуфтори матбуъотиро мо миёни мақомоти Русия ва Тоҷикистон, бахусус раҳбарияти ду кишвари ҳамшарики стротежӣ дар солҳои қабл шоҳид будем? Оё генерали тоҷик метавонист генерали русро ба «бемулоҳизагии сиёсӣ» муттаҳам кунад?

Бале, бо ин тарзи гуфтори ҷонибайн ҳалли мушкилотро пайдо кардан номумкин аст. Масъала ин аст, ки шартгузориҳо дар кадом поя ва хостаҳо қарор доранд, оё ҷонибе ки шарт мегузорад, тавонмандии ҳифзи гуфтаи хешро то ба охир дорад ё хайр? Оё дар ин шартгузориҳо манофеъи миллӣ ва давлатӣ дар миён аст ё чизи дигар? Барои доираи таҳлилӣ ва коршиносӣ маълум аст, ки генералҳои мо ба ҳамкории густурда бо Русия ҳавасманданд ва таҷрибаи дарёфти бознишастагии онҳо аз ҷониби Русия ҳам маълум аст. Оё ин ҳавасмандӣ ва ниёзҳоро ҷониби манфиъатхоҳ зимни талабу дархости ҷониби Тоҷикистон ба инобат намегирад?

Чунин ба назар мерасад, ки дар барқарории суботу амният дар Осиёи Марказӣ ҳамаи қудратҳои ҷаҳонӣ, бахусус Русия манфиъат доранд. Вале боз ҳам бозиҳо ва таъйиноти сиёсатҳои ҷаҳонӣ дар ҷо – ҷое мувозинати манофеъи қудратҳо халалдор мешавад ва ин боис мешавад, ки аз вазъияти дохилии як кишвар истифода карда, бо дасти дигарон амалкардеро пиёда созанд. Бархе аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон ба раҳбарияти кишвар пешниҳод карданд, ки аз имзои санаде ки истиқлолияти кишварро ба хатар мегузорад, худдорӣ намояд. Оё иқдоми ҷониби Русия шикастани ваҳдати назари нерӯи сиёсии Тоҷикистон аст ё ҳушдори хос?

Бо умеди тантанаи ҳақиқат!

More From Author

You May Also Like