Categories Ахбори рӯз

РУД: Иддае аз ҷавонони хуҷандӣ худро “негодный” кардаанд

Ҷаноби Назаров, сардори раёсати умури дохилиӣ дар вилояти Суғд гуфтааст: теъдоди ҷавонони даъватшаванда ба хидмати ҳарбӣ дар Хуҷанд хеле каманд, беш аз 40%-и онҳо худро бемор ё “негодный” сабт кардаанд. “Магар дар шароити феълӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рафтану хидмати Модар-Ватанро адо кардан беҳтар нест»?
Ишон ин сӯҳбатҳоро дар ру ба руи раисони кумитаи маҳаллаҳо, шӯрои занон, ходимони дин, раҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ изҳор дошта, аз содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии амалҳои таҳрибкорӣ , ба равияҳо гуногун шомил шудану аз тарбия дур мондани ҷавонон низ ишора кардааст.
Ин ҳарфҳо дар ҳоле садо медиҳандл, ки чанде пеш як манбаи муътамад аз Хуҷанд иттилоъ дод, ки фарзандаш ҳам аз нигоҳи қад ва ҳам вазн барои хидмати низомӣ муносиб нест, вале аз тарзи «облава» нашудан марҳалаи даъватро зери таҳхона будан сипарӣ мекунад.

More From Author

You May Also Like