Шуъбаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ба мақомоти умури дохилии ин шаҳр шикоят бурд.
Тавре Муҳаммадшарифи Набӣ, раиси шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб гуфт, ки “дирӯз, баъди воқеаи тухму помидорандозӣ болои масъулини ҳизб ба намоямондагии РКД-и вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб аризаи шикоятӣ навишта, аз масъулини ин ниҳод талаб кардем, то шахсияти иғвоангезон ошкор ва онҳо ба муҷозот кашида шаванд. Мақомот бояд таҳқиқ кунанд, ки дар воқеъ, ин мардуми иғвоангез кӣ буданд, чаро ба ҳайати ҳизбӣ ва ширкатдорони вохӯрӣ ҳамларо раво диданд.”
Ҳамзамон ба гуфтаи раиси шуъба, имрӯз варақаи муҳрдори дари даромадгоҳи шуъбаи ҳизб канда шудааст, вале маълум нест, ки ин онро кӣ кандааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони мақомоти умури дохилии шаҳри Кӯлоб ба родиои “Озодӣ” гуфтаанд, “мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дар иртибот ба ҳодисаи ҳамлаи дирӯза ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар ин минтақа ду нафарро боздошт карда ва нисбати онҳо парванда боз кардаааст.”
Ба гуфтаи манбаъ, ин афрод, ки яке марду дигаре зан ҳастанд, ба авбошии кӯчак айбдор карда мешаванд. Вале чун ба Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар шаҳри Кӯлоб муроҷеъ шудем, навбатдор гуфт, дар бораи дастгир шудани касе хабар надорад.
Бояд ёдовар шуд, ки дирӯз, 10 июн, баъд аз анҷоми вохӯрии раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб болои раис ва ҳайати ҲНИТ ҳамлаи ногаҳонӣ сурат гирифта, ҷониби ҳайти ҳизбӣ ва нафарони ба вохӯриомада тухми мурғу помидор ва санг партоб намуданд.
Categories
Ахбори рӯз