Categories СИЁСАТ

ҲНИТ амали “Буку ҳаром”-ро маҳкум мекунад

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гаравгонгирии беш аз 200 духтар аз сӯи гурӯҳи “Буку ҳаром”-ро дар кишвари Ниҷерия, ки аз он ба унвони як гурӯҳи “исломӣ” ном бурда мешавад, қотеъона маҳкум намуда, ин амали ғайриахлоқиро дур аз меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ медонад.
Амали ин гуна гурӯҳҳои ба ном исломӣ на танҳо бо дини поки Ислом, ки тарвиҷгари меъёрҳои инсондӯстона аст, ҳеҷ робита ва созгорие надорад, балки василаи дигаре барои бадном кардани чеҳраи Ислом аз ҷониби душманони он мегардад.
Аз сӯйи дигар ин ҷиноят раванди ҳамгароӣ ва гуфтугӯ байни адёнро ба мушкил рӯ ба рӯ карда, сулҳу амнияти ҷаҳонро ба хатар меандозад. Агарчи гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро дар ҳар дину мазҳаб ва миллат ақалият мебошанд, вале бо содир кардани ҷиноятҳои сангин ва овозадор тасаввуроти ғалатро дар бораи ин дину мазҳаб ва миллатҳо ба вуҷуд меоранд. Мутаассифона, фаъолияти як идда аз гурӯҳу шахсиятҳои ифротӣ ва ҷиноятпеша аз номи дини мубини Ислом заҳмату фаъолияти созандаву башардӯстонаи беш аз як миллиард мусалмонро хадшадор месозад. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо масъулияти мусалмонон барои нишон додани чеҳраи воқеии Ислом ва пайравони он бештар мегардад. Рӯ овардан ба арзишҳои асили инсондӯстӣ, ки ҳама динҳои осмонӣ онро тараннум кардаанд, истифода аз фарҳанги муколамаву гуфтугӯ байни ҳама дину қавмҳо ва гурӯҳҳо, тарвиҷи бештари илму фарҳанг ва амалҳои созанда ҷавоби муносиби мусалмонон ба ҷиноятҳои чунин гурӯҳҳои ба ном «исломӣ» мебошад.
Бо пуштибонӣ аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои озод намудани духтарони ниҷерӣ ҲНИТ аз кишварҳо ва созмонҳои исломӣ дархост менамояд, ки дар ин амр саҳми бештаре дошта бошанд. Чунки ин ҷиноят танҳо зидди инсонҳои алоҳида набуда, пеш аз ҳама помолкунии арзишу таълимоти дини мубини Ислом мебошад.
Раҳбарияти ҲНИТ

More From Author

You May Also Like