Categories Uncategorized

Эй моҳи Рамазон, моҳи раҳмати Худовандӣ!

Ба озмун

Ба номи Худованди бахшоянда ва бениҳоят меҳрубон ва салому дуруди бе поён ба расули ӯ ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва ба хонаводаи ӯ.

Воқеан моҳи шарифи Рамазон яке аз моҳҳои ноёфтанӣ барои ҳар як бандаи муъмин аст. Маҳз бо шарофати ин моҳи Худовандӣ, бандагони Худо (ҷ) худро аз гуноҳҳое, ки тӯли сол содир карданд, пок мекунанд ва аз даргоҳи Худои оламиён талаби мағфират мекунанд.

Моҳи шарифи Рамазон ҳам аз нигоҳи илми исломӣ ва ҳам аз нигоҳи илми тиббӣ исбот шудааст, ки дар муддати 11-моҳ 30 рӯз инсонҳо худро аз ошомидану хӯрдан дар канор бигиранд. На танҳо аз хӯрдану нӯшидан, инчунин аз корҳое, даст бикашанд, ки фарҳангу охлоқи одамиро коста мекунад ва бандаро дар назди Худои хеш шармандаву бе қурб мекунад. Дар ин маврид маълум мешавад, ки ин моҳи бузург чӣ фазилате доштааст, ки тамоми бандагон яку якбора аз ҳамаи бадиҳо роҳ ба сӯи некиҳо ва раҳмати Худованд (ҷ) мегиранд. Дар моҳи шарифи Рамазон дарҳои ҷаннат кушода ва дарҳои ҷаҳаннам баста мешавад. Моҳи мубораки Рамазон бо нузул шуданаш тамоми аҳли башариятро ба суйи хайрхоҳӣ, инсондустӣ, мардумсолорӣ ба тоату ибодат даъват мекунад, ки ҳар як бандаи мусалмон онро бидуни шарҳу тавзеҳот мавриди амалӣ намудани ниятҳои нек машғул мешавад.

Дар моҳи шарифи Рамазон ҳамаи он аъмолҳое, ки аз ҷониби инсонҳо бо чашмони кӯр ба вуқӯъ пайвастааст, аз ҷониби Худои таборак ва таъло бахшида мешавад Иншоолоҳ ин ваъдаи Худованди оламиён аст.

Рӯзе ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар ҷамъи саҳобагонаш машғули маъвиза буданд. Ва дар ҳамин минвол саҳобае ба Расули акрам (с) суол мекунад: Беҳтарин рӯза кадом аст? Он ҳазрат (с) дар ҷавоб гуфтанд: беҳтарин рӯза ҳамон рӯза аст, ки аз ҷониби Худои таъло фарз гардонида шуд. Ва дар идомаи посух гуфтанд: Беҳтарин шахси рӯзадор ҳазрати Сулаймон (а) буданд, ки як рӯз мегирифтанд ва рӯзи дигар мехӯрданд.

Дар Қуръони карим дар сураи Бақара омадааст:  «Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза (-и моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар умматони пеш аз шумо (низ) фарз шуда буд, то  (ба василаи он) тақво намоед. (ояти 183)

Дар ин оят аз фазлу карамоти ин моҳи бузургро Худованд (ҷ) башорат медиҳад, ки ҳар кӣ ба ман имон дорад, бояд рӯзадор бошад. То Худованд (ҷ) ба василаи ҳамин моҳи муборак ҳама гуноҳони моро афв намояд. Аз ояти муборак чунин бар меояд, ки моҳи шарифи Рамазон таъриху тӯлоние дорост, ки аз пешиниёни мо Худованд (ҷ) ёдовар шудааст.

Дар ояти дигар Худованди оламиён мефармояд: «Он чанд рӯзи башуморе мебошад. Пас ҳар касе аз шумо (дар моҳи Рамазон) бемор ва ё дар сафар бошад, рӯзаашро бихӯрад ва пас аз солим ва муқим гаштанаш ба ҳамон андоза аз рӯзҳои дигар (рӯза бидорад). Ва бар касоне, ки онро бо заҳмат ва сахтӣ медоранд, фидя аст (ба андозаи) таоми як мискин ва ҳар касе бо рағбати худ бештар аз он хайре намояд, он барояш беҳтар аст ва рӯза доштан, агар бидонед, бароятон беҳтар аст» 184. Дар ин ояти муборак Худованд (ҷ) ҳамеша хостгори он аст, ки барои ягон банда душворие пеш наояд ва маҳз таъкид шудааст, ки кадоми аз шумо бемор бошад, метавонад рузаашро ифтор кунад ва баъди шифои комил ётанаш, рӯзаи қазоиро бигирад. Инчунин Худованд дар давоми оят мефармояд, ҳар бандае (пире) ё (нотавоне), ки тавони гирифтани рӯза надорад, бояд фидияе (моле) бар як мискин мувофиӣ ба ҳар як рӯзи рӯза таъом бидиҳад ба он баробар хоҳад шуд. Вале бандае агар тавони онро дошта бошад, ки он фидияро ба ду ё се мискин хайр кунад, Иншооллоҳ дар номаву аъмолаш савоби бештареро Худованд (ҷ) сабт хоҳад кард. Аммо агар тавони онро дошта бошад, ки рӯзаро бидорад,  чун ваъдаи Худованд (ҷ) аст, беҳтар хоҳад буд.

Дар идомаи оятҳои сураи Бақара чунин мефармояд Худованд (ҷ): «Моҳи Рамазон он (моҳ)-ест, ки дар он Қуръон (ба унвони барномаи) ҳидояти мардум ва нишонаҳои равшани роҳи рост ва фурқон фиристода шудааст. Пас ҳар касе аз шумо, ки шоҳиди он моҳ гардад, рӯзаи онро бидорад ва ҳар касе аз шумо (дар он вақт) бемор ва ё дар сафар бошад, пас чанд рӯзи дигареро (ба љои он) рӯза бигирад. Худо осониро ба шумо мехоҳад ва душвориро бароятон намехоҳад ва то ҳисоби рӯзҳоро такмил намоед ва Худоро барои ҳидояташ ба бузургӣ ёд намоед ва шояд (ба ҳамин тариқ) шукргузор гардед.» 185. Худованд дар ин оят рӯзаро рӯзҳои ба шуморе зикр намуд. Аммо дар ин оят рӯзҳо дақиқ тасвир шудааст. Барои мо бандагони Худо (ҷ) пӯшида нест, ки Қуръони маҷид дар ҳамин моҳи Рамазон, моҳи раҳмати Худованд (ҷ) ба пайёмбари охирузамон сарвари олам, ҳазрати рисолатпаноҳ Муҳаммад (с) нозил шудааст. Дар оят калимаи Фурқон номи пешини Қуръон маънидод мешавад. Маънии худи каломи Худо (ҷ) (Қуръон) ин аст, ҳақро аз ботил ҷудо кардан, пирӯзии некӣ  бар бадӣ, фурқон фиристода шудааст. Дар ин моҳи муборак Худованди таълло ишора низ ба шаби Қадр кардааст, ки маҳз дар тӯли 23-сол ин китоб аз ҷониби Худованд (ҷ) нозил шудааст. Шаби Қадр яке аз шабҳои наздик ба он Зоти бе мислу зебо унвон шудааст, ки ҳар фарде дар шаб шабзиндадорӣ мекунаду ба тоату ибодат машғул мешавад, Худованд савобу самараи онро ҳазор моҳ ё худ ба 83 солу 4 моҳ рост меояд, навишта гардонад.

Моҳи шарифи Рамазон бо ба  охир расиданаш Иде дорад, ки ба ҳамин ном маъруф аст «Иди моҳи Шарифи Рамазон». Дар ин ид ҳамаи бандагони Худованд (ҷ) аз неъматҳое, ки Худованд (ҷ) арзонӣ доштааст, истифода ва якдигарро табрик мекунанд. Дар ин иди бузурги исломӣ чӣ мард ва чӣ зан ва чӣ хӯрду бузург шомиланд. Дар ин русто бандагон кинаву адоватро аз дилашон бурун мекунанд ва чеҳараи розиёнаи худро ба як дигар нишон медиҳанд.   Иди моҳи Шарифи Рамазон муддати се рӯз паи ҳам давом мекунад. Баъд аз ин ҳар як бандаи муъмин тавони онро дошта бошад, ки ҳамагӣ 6-рӯзи дигар бо рӯза бошад ва ба ҳамин бо ин моҳи Худовандӣ хайру хуш кунад ва аз омадани он хушнуд ва аз рафтани он ғамгин шавад.

Алиакбари Ӽаётзода, донишҷӯи курси 2-юми Донишкаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода.

More From Author

You May Also Like