Categories СИЁСАТ

“Шукрона» ва “сиёсатҳои хирадмандона”-и аҷиб

Дар Олмон кормандони фурудгоҳи шаҳри Франкфорт корпартоӣ кардаанд, ҳайрон шуда, ба фикр фурӯ рафтам, ки он ҷоро дидааму медонам, ки шароити кори онҳо хуб аст. Пас чаро корпартоӣ кардаанд?
Маълум шуд, ки болои дастмузди як соъатаи он, ки 13 евро будааст, 3 еврои дигар илова карда, онро ба 16 евро расонидаанд. Бо фаҳмидани мантиқи ин амал “шукронаҳои фармоишӣ»-и Тоҷикистон ба ёдам расид. Рӯ овардам ба сойтҳои интернетӣ ва гузоришу муқоисаи нархи маҳсулотро дар Аврупо ва Тоҷикистон дидам, ки тафовути нархро танҳо 10 % нишон медод, ҳатто бархе маҳсулот дар Аврупо нисбати мо арзонтар ҳам будааст. Аммо суоле дар зимн пеш омад, ки пас тафовути дастмузд ва фақр, бекорӣ ва муҳоҷират чи қадар бошад?
Агар дастмӯзи як корманди фурудгоҳи Франкфорт, ки 6 соати кор мекунад, дар 22 рӯзи кории якмоҳа 1716 евро буд, ҳоло кори 6-соъатаи ӯ ба 16 евро расида, дар як моҳ 2112 евро ба даст меорад. Вале касе ба онҳо миннат намегузорад, ки шукрона кунед, агар ҳуқуқи хешро талаб кардаанд, касе онро хиёнат ба ватан ё таҳдиди амнияти миллӣ намегӯяд.
Мардуми мо дар ин «биҳишт»-и рӯи замин чӣ қадар маош мегиранд ва оё ақалан дар мавриди зиёд кардани маъоши хеш аз ҷое ё касе дархост карда метавонанд? Сари ин гуна назокатҳо низ бояд фикр кард ва бо «биҳишт»-осо гуфтан мушкилот рафъ намегарданд.
Ҳоло аз гузориши боло маълум мешавад, ки адолати иҷтимоъӣ ҳам дар кишвари Олмон дар сатҳи боло будааст.
Ҳамаи ин гуфтаҳо ва воқеъиятҳоро қиёс карда дарду аламам тоза шу два ғами сиёҳе рӯи диламро фаро гирифт. Телевизионро равшан кардаму суханони нафареро шунидам, ки мегуфт бо “сиёсатҳои хирадмандона…” ва дар идома лаб ба шукрона кушод, он ҳам шукронаи як шахс. Нафари баъди ҳам аз ҳамин гуна сиёсатҳо гуфту шукронаро фаромӯш накард.
Ман бо пайравӣ аз онҳо лаб ба шикоят кушодам, ки:
– Ин кадом «сиёсатҳои хирадмандона» аст, ки барқамон хомӯш мешавад,
– Ҳар шаб ба ёди фарзандону бародари муҳоҷирам ба хоб меравам,
– Ҷасади беҷони ҳамсояамонро чанд рӯз пеш аз Русия оварданд,
– Муаллимони мактабу донишгоҳо аз хонанда танҳо пул мепурсанд, на илму савод,
– Ҳар рӯз аз 1 км поёнтар оби нушокӣ мекашонем,
– Тоҷиронамон андозпулиро на ба будҷа, балки ба кисаи шахсии бархеҳо мерезанд.
– Роҳҳоямон пулакӣ гаштаанд,
– Таносуби боло бурдани маъошу нафақа аз боло рафтани нархи маҳсулот, ки ҳар ҳафта тағйир меёбад, бештару бештар мегардад,
– Тоҷикро донишу фарҳани Синову Беҳзод ва ҳикмати ашъори Фирдавсиву Хайём не, балки белчаи “Равшану Ҷамшуд” муаррифӣ месозанд,
– Беқадру беарзиштарин мардуми пасошӯравӣ тоҷик шинохта мешавад,
– Додани қисмате аз қаламрави хеш пирузии дипломатӣ дониста мешавад,
– Ғурури миллат то ҷое поймол шудааст, ки маҷоли муқобила ба чашми алои ҳар миллати навпайдоро ба сарзаминаш надорад.
– Оё пайдо шудани кордзании ҳамдигарии талабҳоро ба сиёсатҳои хирадмандона рабт додан мумкин аст?
– Оё ошкору густарда шудани ришваву фасод ба сиёсатҳои хирадмандона таъалуқ надорад?
– Оё дар асари шиканҷаи мақомот кушта гардидани гумонбару маҳбусеро ба сиёсатҳои хирадмандона мансуб донистан иштибоҳ аст?
Бале, ба хотири сиёсатҳои … насли ҷавон аз тоҷик будани худ ифтихор, мардум ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ бовар надоранд, ҳатто аз онҳо метарсанд.
Ба хотири сиёсатҳои хирадмандонаи ҷанобон фиребу дурӯғ ва хиёнату туҳмат ба одат, ҳатто фарҳанги бархеҳо табдил шудааст.

Азизи Ҳаким

More From Author

You May Also Like